Паёмадҳои манфии сиёсигардонии дин дар олами муосир

Инкишофи давлатҳо дар шакли давлати дунявӣ ва ифодаёбии ҳокимият дар шакли низоми демократӣ омӯзиши масъалаҳо ва равандҳои ба онҳо таҳдидоварро муҳим гардонидааст. Дар ҷомеа ва давлатҳои муосир, ки либералӣ ва демократӣ таъриф мешаванд, ҳама гуна равандҳои сиёсии монеъшавандаи рушди онҳо бояд аз ҷиҳати илмӣ дақиқ баррасӣ карда шаванд. 
 
Масъалаи сиёсишавии дин баҳси рӯзмарраест, ки аз дер боз диққати олимон, таҳлилгарони соҳаҳои гуногуни донишҳоро ба худ ҷалб намудааст. 

НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ МУВОФИҚИ САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ

Наврӯз, ки чанд сол аст тибқи муқарароти СММ дар тамоми дунё 21-уми март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию озодӣ аз муқаддасоти муҳим ва арзишманди таърихии фарҳангу тамаддуни тоҷики маҳсуб ёфта, барои масъулияти ҳамзистию ҳамгироии миллату халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар душ дорад.

БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВИИ МАСЪАЛАИ ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ДАР РАФЪИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНУ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН Қисми 2.

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАРРИФИГАРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИСТ

Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми форсизабонони ҷаҳон ҷашнвораи миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ҷашн мегиранд.
 

НАҚШИ ВАО ДАР ТАЪСИРПАЗИРИИ ҶОМЕА

Яке аз институтҳои муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеаи муосир ВАО ба шумор меравад. Он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият, махсусан, ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар бештари мавридҳо онро ҳар як давлат барои паҳн кардани ғояву арзишҳои миллии хеш истифода мебарад. Васоити ахбори оммаро метавон ҳам барои пахши иттилооти объективӣ ва ҳам барои маърифатнокию тарбияи одамон истифода бурд. Мутафаккири ҷаҳони ғарб Г. Лассуэлл ҳануз дар замони худ чор вазифаи муҳими васоити ахбори оммаро номабар карда буд.

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад...

Он кас, ки бидонаду бидонад , ки бидонад ,
Асби шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад .

Он кас, ки бидонаду надонад , ки бидонад ,
Бо кузаи об аст, вале ташна бимонад .

Он кас, ки надонад ва бидонад , ки надонад ,
Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад .

Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад ,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад .

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад ,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад .

Таҳиякунадаи мавод:
А.Қодирӣ

ХУДО ГАР ПАРДА БАРДОРАД ЗИ РӮИ КОРИ ОДАМҲО ...

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо,
Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.
Шабе дар кунҷи танҳоӣ миёни гиря хобам бурд,

Страницы

Яндекс.Метрика