НИҚОБҲОИ КАБИРӢ

Қисми I.
Ибтидоан мехоҳам як ҳодисаро нақл кунам. Банда боре дар як беморхона шоҳиди суҳбати ду нафар шудам. Либосҳояшон дарак медоданд, ки яке табиб ва дигаре мулло буд. Суҳбаташон таваҷҷӯҳи маро ҷалб намуд. Ман низ тааҷҷуб зоҳир намудам. Пешфарзан дар гуфтугӯи онҳо ҳикмат дидам. Суҳбат воқеан пандомез шуд. Табиб, ки муллоро гусел мекард, аз мулло илтимоси дуо намуд. Мулло дастонашро ба дуо бурда гуфт: «Бигзор Худованд саффи беморони Шуморо кам ва ҳамагии табибонро, ба мисли Шумо, ҳозиқу ғамхор бигардонад». Табиб, шояд аз рӯи дуруст дарк накардан бошад, аз мулло шӯхиомез пурсид: «Домулло, ризқи мо охир аз беморон вобаста аст. Онҳо кам бошанд, ризқу рӯзии мо низ кам мешавад. Мулло ба фикр зад ва баъд аз чанде гуфт: «Ман муллои оддиям, зӯр нестам ва шояд домуллоҳои калон аз ман хубтар фаҳманд». Як ҳадиси Паёмбар (с) ба ёдам омад, гуфт мулло. Шумо, ба ман муроҷиат карда, аз чеҳраатон мисле, ки китобҳои диниро мехонед, бинед китобҳои аҳодиси набавиро. Паёмбар мегӯяд «Шахсе, ки шабро дар масканаш бо тинҷӣ ва бо бадани солим рӯз мекунад ва қути рӯзонаро дорад, ҳамон гуна аст, ки тамоми дунёро доро мебошад». Бинобар ин ризқи ҳамаамон аз Худованд вобаста аст ва Худованд ба қадри саъямон ва ғайратамон дар ризқ моро бенасиб намегузорад. Вале, табиби меҳрубон, саломатии миллат, гуфт мулло, аз Шумо низ вобаста аст. Муҳим ҳамин, ки кишвар тинҷ бошад, миллат солим ва давлат дар амн, ризқ фаровон мегардад».
Мулло боз илова намуд: «Умуман тамоми мардуми кишварро мебояд дар ҳаққи Роҳбари давлат дуои нек кунанд ва барои ҳатто як дуои бад ва ҳарфи носазо нисбат ба Ӯ шитобзада набошанд. Шитобзадагӣ феъли шайтон аст». Табиб муллоро раҳмат гуфт ва афзуд: «Домулло, пас биёед дуо кунем, ки саффи муллоҳои хирадманд ва некбин зиёд шаванд ва моро аз фитнаи муллоҳои мутаассиб Худованд наҷот диҳад ва дини поки ислом вазифаву рисолати инсонии худро пурра иҷро намояд, таассуб ва ифротгароиро ҳамчун зодаи ҷаҳолат ва васвасаҳои шайтон аз реша нест кунад». Ин дафъа табиб хеле ҷиддӣ буд. Хуллас, барои ба намоз, кору дуои нек шитобидан ҳам равост ва ҳам савоб. Вале дуои бад намудан, ягон сухани носанҷида, хосатан дар ҳаққи Роҳбари давлат гуфтан хоси шайтони лаъин аст. Воқеан, чаро дар ҳаққи миллат, Сарвари мардумсолору динпарвари он дуои нек накунем? Чи халал мерасонад? Дар ҳақиқат, агар боварии кӯркӯрона ба дин, таассуб набошад, азамати Пешвои миллат дурусттар шинохта мешавад. Дар ҳақиқат Роҳбари давлатамон сазовори тамоми дуоҳои нек ҳастанд. Мо бояд ӯро дар баробари муқаддасоти миллӣ, ҳурматашро бидонем ва ба ҷо биёрем. Банда низ мазмуни суҳбатро тасдиқ кардам ва аз мулло изҳори миннатдорӣ намудам.
Муродулло Давлатзода – директори муассисиаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Яндекс.Метрика