Рустам Азизӣ: «Вазифаи аввалиндараҷаи мо нигоҳ доштани ҷавонон аз хатари густариши ақидаҳои тундрав аст»

«Ислом ва миллатгароӣ»- чунин ном дорад маърӯзаи Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, номзади илмҳои фалсафа, ки имрӯз дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом», ки ҳоло  дар Маркази тадқиқоти стратегии кишвар идома дорад, шунида шуд. 

Коршиноси тоҷик Рустам Азизӣ  иброз намуд, ки: «Муайян намудани ҷойгоҳи дин, алалхусус ислом дар фарҳанги миллии кишварҳои гуногун, бахусус Тоҷикистон дар муайян намудани манфиатҳо ва унсурҳои миллӣ низ барои пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб барои ҳалли баъзе низоъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ бениҳоят муҳим аст.  

Яке аз мушкилиҳои аслӣ дар сиёсӣ гаштани ислом ва мухолифати   манфиатҳои динӣ, давлатӣ ва миллӣ дар он аст, ки тақрибан аз аввали асри XX зимни муборизаҳои озодихоҳӣ дар кишварҳои исломӣ бар зидди кишварҳои истеъмории ғарбӣ аз ислом ҳамчун як неруи сиёсӣ истифода бурданд, ки албатта як қатор натиҷаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дошт. Яке аз пайомадҳои манфии сиёсӣ гаштани ислом ин буд, ки андешаи исломгароён манфиатҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва таърихи баъзе кишварҳоро аслан сарфи назар карда, даъвои сохтани як ҷомеа, як сохтори фаромиллӣ, фарофарҳангие, ки шомили тамоми кишварҳои исломӣ аст, ба назар гирифта буданд. Масалан яке аз назарияпардозони исломгароён Абул-Ало Маудудӣ, ки падари  маънавии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ҳисоб меравад ё ин ки назарияпардозони исломумуслимин онҳо дар баёнияҳо ва хитобҳои худ сохтори давлати миллиро зери танқид қарор дода, умуман қабул надоштанд. Аз рӯи натиҷаи баъзе таҳлилҳо мо медонем, ки дар солҳои 80-и асри гузашта баъзе аз рӯҳониёни тоҷик дар баробари китобҳои дарсии худ аз китобҳои намояндагони исломи сиёсӣ истифода ва онҳоро мутолиа мекарданд. Натиҷа ва пайомадҳои шуму хунрези онҳоро мутаассифона, миллати мо дар солҳои 90 дид. Бубинед дар шароити гузаштан ба марҳалаи нави инкишофи таърихӣ дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд омадани шакли нави миллатҳо, умуман ташаккул ёфтани миллатҳои шаҳрвандӣ ба ҷойи миллатҳои қавмӣ ва дигар, албатта, як ниёз ба бозбинии ҷойгоҳи дин, арзишҳои динӣ дар фарҳанги миллӣ дар истифода аз унсурҳои динӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ дорад. 

Мо наметавонем бигӯем, ки ин низоъҳои ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ аслан низое нест, ки ба ягон кишвари дунё таҳдид накунад. Ҳодисаҳои охире, ки дар кишвари Фаронса рух доданд, нишон доданд, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат, ки дорои неруҳои ҳам қудратӣ ва ҳам амниятии бисёр қавӣ ҳастанд, онҳо низ аз таъсири манфии  хатарҳои ин гуна ҷараёнҳо эмин нестанд. Тоҷикистон дар як минтақаи ҳассос қарор дорад. Дар ҳамсоягии мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки дар он ҷо вазъи ноустувори сиёсию динӣ мавҷуд аст. Дар ин кишвар намояндагони тамоми фирқаҳои динӣ, тундрав ва ифротгаро вуҷуд доранд, ки албатта, ҳамсоягӣ бо чунин давлат  наметавонад боиси хатар набошад. Имрӯз тамоми ниҳодҳои расмӣ, давлатӣ, қудратӣ ва амниятӣ дар баробари ниҳодҳои фикрию таҳлилии кишвар барои пешгирӣ  намудани ин хатарҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд. 

Ин хатар хатари ҷаҳонӣ аст ва онро наметавон дар танҳоӣ пешгирӣ кард. Мо бояд аввал ҳамкории минтақавию ҷаҳониро бо неруҳои созанда, зиддитеррористӣ ва сулҳҷӯ, ки барои таблиғи ақидаҳои инсондӯстӣ ва дунявият  таҳаммулпазирӣ доранд, қавӣ кунем. Дуюм,  зиракиву ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳем, то дар баробари хатарҳои мавҷуда ҳушёр бошем  ва фирефтаи хабарҳои дурӯғе, ки ба манфиати неруҳои харобкунандаи  дохилӣ ва хориҷианд, нашавем. 

Дар тамоми вақту замон ҷавонон як неруи фаъол ҳастанд. Аз сабабе, ки дар зиндагӣ таҷрибаи кам доранд, ҳамаи қудратҳои динию сиёсии дохилию хориҷӣ кӯшиш менамоянд, ки ба зеҳн, андеша. тафаккури  ҷавонон соҳибӣ кунанд.  Ҳатто дар замони зиндагонии пайғамбар Муҳаммад (с) неруи асосие, ки дини исломро дастгирӣ кард, ҷавонон буданд. Имрӯз  аксарияти ҷавонон ба таври куллӣ ҷонибдори равандҳои созанда, демократикунонии ҷомеа, ҳифзи арзишҳои динӣ, фарҳангӣ ва миллӣ ҳастанд. Танҳо як гурӯҳи хурди ҷавонон бинобар сабаби таъсири манфии муҳити атроф, беэътиноии хонавода ва ҷомеа фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро мешаванд. Яке аз омилҳое, ки хатарзо будани ҷомеаи моро муаррифӣ мекунад, ин аст, ки мо дар як давраи гузариш ташаккули ҳувият ва худшиносии миллӣ қарор дорем. 24 сол фурсати  кам аст, то тамоми унсурҳои ҳувияти миллӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа решаи қавӣ давонанд.   

Мо бояд нисбат ба ин хатар бетараф набошем ва пайваста кӯшиш намоем, ки тамоми ҷомеаи кишвар, ба вижа ҷавононро аз хатари густариши ақидаҳои тундрав ҳама вақт нигоҳ дорем. Ин аст вазифаи аввалиндараҷаи мо»,-таъкид кард Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ. 

Яндекс.Метрика