Тағйири луғавӣ дар сиёсати Ғарб

Солҳои охир дар луғати сиёсии Ғарб, ки бештар пуштибони ҳаракатҳои ифротгароии динӣ мебошад, таҳаввул (тағйирот)-и луғавӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба истилоҳи «ифротгароӣ», ки маънои хушунатро низ фаро мегирад, истилоҳи «хушунатомез»-ро низ илова намуда, бо ҳамин гӯё «ифротгароӣ»-ро аз «ифротгароии хушунатомез» ҷудо кардаанд, ки ба андешаи мо ҳадафи муайяни сиёсӣ дорад. Ба назари мо, моҳияти ин ҳадафи сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки бо ин роҳ ашхоси ба тарғиботи ифротгароӣ машғулбуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод бошанд, то замоне ки ин ашхос ба амалиётҳои террористӣ амалан даст зананд. Дар ин маврид давлатҳои объекти манофеи геосиёсӣ ќарордоштаи ќудратҳои ҷаҳониро ба «поймолсозии ҳуќуќу озодиҳои инсон» ва «маҳдудсозии эътиќоди динӣ» гунаҳкор кардан хеле осон мегардад ва барои тарғиби ифротгароӣ заминаҳои ҳуќуќӣ ба вуҷуд меоянд. Хулоса, истилоҳи «ифротгароии хушунатомез» тарғибгарони аќидаҳои ифротгароиро, ки бевосита дар амалиётҳои террористӣ ширкат накардаанд, аз ҷавобгарӣ озод менамояд, ки ба манфиати ќудратҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин тағйироти луғавӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки бо усули мағзшӯӣ кардани ҷавонон андешаҳои ифротгароиро дар зершуури онҳо ҷойгир созанд. Вале барои ин амал касе ҷавобгар нест. Чуноне ки гурӯҳҳои ифротии «Толибон»-ро дар Афғонистон ва «Давлати исломӣ»-ро дар Сурияю Ироќ ташкил карда, баъди ҳадафҳои геосиёсии худро амалӣ сохтан ин гурӯҳҳоро ба ифротгароии хушунатомез гунаҳкор карда, зоҳиран ба онҳо мубориза эълон намуданд, аммо таъсисдиҳандагони ин гурӯҳҳои террористӣ бошанд дар паси парда «бе гуноҳ» боќӣ монданд ва то кунун ба тарғиби ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ машғуланд. Айни ҳамин тарзи арзёбӣ гардидани истилоҳи «ифротгароии хушунатомез»-ро аз ҷониби ќудратҳои ҷаҳониву минтаќавӣ дар пуштибонӣ кардани сарварони ТЭТ ҲНИ метавон мушоҳида кард. Ҳарчанд ТЭТ ҲНИ аз ҷониби баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф гардидааст, вале аз ҷониби ќудратҳои Ғарбу Эрон пуштибонӣ ёфта истодааст. Сарварони дар кофтукоби ҷиноятӣ ќарордоштаи ТЭТ ҲНИ то имрӯз ба дастгирии хоҷагони хориҷии худ бар муќобили Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиботи зиддидавлатӣ мебаранд ва аз нияти интиќол додани «инќилоби исломӣ» ба Тоҷикистон ва таъсиси «Давлати исломӣ» даст накашидаанд.
Ҳамин тариќ, дар луғати сиёсии Ғарб ба ҷои истилоҳи «ифротгароӣ» ворид гардидини истилоҳи «ифротгароии хушунатомез», ки имрӯз онро доираҳои илмӣ истифода мебаранд, як усули ҳимоя кардани ифротгароён дар кишварҳои мусулмонӣ мебошанд. Ин тағйироти луғавӣ ба созмонҳои ба ном «ҳуќуќи башар» имкон медиҳад, ки аз ҳизбу ҳаркатҳои дар кишварҳои мусулмонӣ фаъолияти сиёсӣ-динии ифротӣ мебаранд ва гумоштагони ќудратҳои ҷаҳонию минтаќавианд, ҳимоят намоянд. Бинобарон, ваќте ки фаъолияти экстремистӣ-террористии ягон ташкилоти сиёсӣ-динӣ дар кишваре аз ҷониби давлат манъ карда шавад, аз ҷониби ин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳатто ҳукуматҳои ќудратҳои ҷаҳонию минтаќавӣ маъракаи «сафедкунӣ»-и ин ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва «бадномсозӣ»-и давлатҳои манъкунандаи фаъолияти ингуна ташкилотҳои ифротгароӣ оғоз меёбад. Масалан, ваќте ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ-террористии ТЭТ ҲНИ-ро манъ намуд, баъзе ташкилотҳои байналмилалии номбурда ва Ҳукуматҳои ќудратҳои ҷаҳонию минтаќавие, ки дар Тоҷикистон манфиатҳои геосиёсӣ доранд, Ҳукумати Тоҷикистон бо «маҳдудсозии озодиҳои динӣ»-и диндоронро айбдор намуда, ҳизби мазкурро ҳимоя ва роҳбарони фирории он паноҳгоҳи сиёсӣ доранд. Айни ҳамин ҳолат нисбати созмонҳои экстремистӣ-террористӣ низ ҷой доранд. Дар ин маъракаи «сафедкунӣ» наќши рӯзноманигорон низ кам нест.
Зиёда аз ин, бояд таъкид сохт, ваќте ки ифротгароӣ худ табиатан падидаи хушунатомез аст, онро ба «ифротгароии хушунатомез» ва «хушунатноомез» таќсим кардан мувофиќи мантиќ нест. Агар ин ё он ҳаракат ё ташкилот «хушунатноомез» бошад, пас вай ифротгаро низ нест. Манфиатҳои миллии мо таќозо менамоянд, ки нозукии ин масъала ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти тарғиботии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгарои сиёсӣ-динӣ бояд ба инобат гирифта шавад.
Ҳамзамон, ба андешаи мо, нисбати ҳизбу ҳаракат ё ташкилотҳои хусусияти ифротгароии динидошта на истифодаи истилоҳи «динӣ-сиёсӣ» (масалан, ҳизби динӣ-сиёсии наҳзати исломӣ), балки истифодаи истилоҳи «сиёсӣ-динӣ» (масалан, ташкилоти сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ) бештар мувофиќ аст. Зеро дар фаъолияти ингуна ҳизбу ташкилотҳои ифротгарои динӣ ҳадафҳои сиёсӣ нисбат ба ҳадафҳои динӣ аввалият ва афзалият дошта, ҳадафҳои динӣ тобеъи ҳадафҳои сиёсианд ва дин танҳо василаи пиёдасозии маќсадҳои сиёсӣ мебошад. Дар фаъолияти ингуна ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динӣ баръакс дин вазифаҳои ахлоќии худро гум мекунад ва ба як падидаи зиддибашарӣ табдил меёбад.
Хулоса, дар робита ба тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ва таносуби ќувваҳои сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ луғати сиёсӣ ва истифодаи он дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва баҳодиҳӣ ба падидаҳои иҷтимоию сиёсӣ низ тағйир меёбад. Бинобарон ҳар миллату давлат бо назардошти манфиатҳои миллӣ-давлатии худ бояд аз он истифода барад, на ин ки таќлидкорӣ намояд.
Нурулҳақ Қамар

Яндекс.Метрика