Башардӯстӣ дар таълимоти ислом

Муҳити динии имрӯзаи аксари мамолики исломиро дар умум муҳити хушунатзою таассубангез, ҷаҳолатпешаю хурофотӣ ва авҷ гирифтани раванди тундгароию ифротӣ номидан мумкин аст, ки чунин муҳит ҳеҷ як мусулмони солимфикрро бетараф гузошта наметавонад.Яъне, мутаассифона имрӯз душманони хориҷӣ ва дохилии исломро то андозае муяссар гардидааст, ки дини исломро ба ҷаҳониён чун дини дар моҳияти худ пурихтилоф, моҷароҷӯ, ба фарҳанг ва тамаддуни умумибашарӣ зид ва дар умум як таълимоти зиддибашарие, ки ба он ѓояи пешрафти иҷтимоӣ бегона бошад, муаррифӣ намоянд.(Ин ҷо зери мафҳуми «душманони дохилӣ»-и ислом он пешвоёни дин дар назар дошта мешаванд, ки ба сабаби маҳдудии дониши динӣ ва дунявии хеш ба дини ислом ва таълимоти он чун сарчашмаи пешбурди зиндагӣ муносибат менамоянд, яъне саъюу талоши онҳо баҳри ҳифзи арзишҳои динӣ на холисона, балки баҳри ҳифзи манофеи дунявии эшон сурат мегирад. Аз ин рӯ, эшонро барои дини ислом ҷуз душман чизи дигаре наметавон номид). Яке аз омилҳои қавии рух додани  бесарусомониҳо дар фаҳмиши моҳияти аслии ислом тадриҷан нерӯ гирифтани тамоюли сиёсисозии ислом дар охири асри XXва ибтидои асриXXIаст, ки дар он дин ҳамчун низоми эътиқодӣ моҳияти аслии худро гум намуда, бештар либоси идеологӣ ба худ касб намуда истодааст. Ба таври мисол ин ҷо метавон ҷараёни васеъ паҳнгардидаи  «Салафия»-ро зикр кард, ки агарчанде он дар зоҳир гӯё баҳри «ислоҳ»-и ақоиди динӣ сафарбар шудааст, аммо дар асл дар зери пардаи «ислоҳ» ё «таълимоти салафи солеҳ» ҳадафҳои мушаххаси геополитикии минтақавӣ думболагирӣ карда мешавад. 
Хушбахтона, дар таърихи рушди фарҳанги башарӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣҳамеша шахсиятҳое буданд ва имрӯз низ ҳастанд, ки ба тамоми раванду ҳодисаҳои иҷтимоӣ бо чашми ақл нигаристанро авло мешуморанд. Яке аз чунин ашхосе, ки дини исломро ало раѓми душманони дохилӣ ва хориҷии он тавонист дар арсаи ҷаҳон ҳамчун дини моҳиятан башардӯст ва ифодагари арзишҳои умумиинсонӣ муаррифӣ намояд, исломшиноси маъруфи Россия Тавфиқ Иброҳим мебошад. Қобили зикр аст, ки китоби охирини донишманди мазкур «Коранический гуманизм» бо далоили сершумори ақлию нақлиаш бидуни шак як нигоҳи солим, хушбинона, ва созандае оид ба ислом ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, имкон дорад, ки китоби мазкур ҳамчун як сарчашмаи муътамади ѓоявӣ бар зидди ҳама гуна афкору ақоиди таассубию ифротӣ, аз ҷумла ақоиди салафӣ, ки бо тавтиаи душманони хориҷии ислом  ҳатто мусулмононро ба куфр ҳукм намуда, дар тамоми олам қатли оми эшонро роҳандозӣ намуда истодаанд, истифода бурда шавад. 
Тавфиқ Иброҳим аллакай дар «Муқаддима»-и китоби хеш дар хусуси ѓояи «Фарогири ҳама будани раҳмати Худо» сухан ронда, таъкид намудааст,ки  ѓояи мазкур дар тамоми давраҳои таърихи ислом вуҷуд дошт. Моҳияти ин ѓоя дар он ифода меёбад, ки аз раҳмати Худо натанҳо мусулмонон, балки мушрикону кофирон низ баҳраманд мегарданд. Аз ин рӯ, имрӯз, вақте, ки муборизаҳои эътиқодӣ дар ҷаҳони ислом шакли хунинро гирифтааст, ин ѓоя аз аҳамияти бузурги амалӣ бархӯрдор буда, ҳама гуна афкору ақоиди тундгароёнаю ифротиро моҳиятан хунсо месозад, ва таҳаммулгароию ҳамзистии осоиштаи тамоми инсониятро новобаста аз мансубияти динию эътиқодӣ зери ҳидояти Худованди меҳрубону раҳим шакли ягона ва зарурии мавҷудияти онҳо арзёбӣ менамояд.Зеро вақте ки Худованд худ тамоми бандагонро шомили раҳмати хеш сохтааст, муборизаи иддае аз бандагони ҷоҳили ӯ байни ҳамдигарба хотири  масоили эътиқодӣ бемаънӣ ва зиддидинӣ, яъне мухолифи таълимоти Худо баҳогузорӣ мешавад. 
Дар давраи нав, тибқи ақидаи Тавфиқ Иброҳим, маҳз мусулмонони Русия мубрамияти ин мавзӯъро бештару беҳтар дарк намуданд. Дар ибтидои қарни XX М.Бигиев ҳамчун муборизи фаъоли ин таълимот баромад кард, ки он аз тарафи як қатор олимон, аз ҷумла муфтӣР.Фахриддинов, ки шомили аҳамияти тақдирсоз будани таълимоти мазкурро махсус қайд намудааст, дастгирӣ ёфт. 
Тавфиқ Иброҳим барои асоснок намудани ѓояи «Фарогири ҳама будани раҳмати Худо»  ояту аҳодиси зерро зикр намудааст: «Ва мо туро нафиристодем магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён» (21:107);
«Бигӯ: (Яъне:Эй Муҳаммад, аз тарафи ман бигӯ) «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед.Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ, ки ӯҳамоно омурзгори меҳрубон аст» (39:53). 
«Ба дурустӣ, ки ман на ҳамчун лаънаткунанда, балки чун раҳмат фиристода шудаам» –«Саҳеҳ»-и Муслим, №2599; «Адиб»-и Бухорӣ, №321;
«Эй, мардум, ҳар оина ман раҳмати аз сӯи Худо фиристодашудаям», «Сунан»-и Даримӣ, №15
Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки дар оятҳою аҳодиси баёнгардида Худованд бо паёмбари хеш ба таври умум  ба тамоми башарият муроҷиат намудааст, яъне Ӯ маҳз мусулмононро ҳамчун фарогири раҳмат махсус таъкид накарда, балки бо мафҳумҳои «оламиён», «бандагони ман», «эй мардум» тамоми  мушрикону кофирон ва ҳатто атеистонро низ шомили раҳмати худ сохтааст.
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки Тавфиқ Иброҳим ба андешаи як иддаи донишмандон , ки бо такя ба ҳукми ояҳои 48 аз сураи «Нисо» «Ба дурустӣ Худо онро, ки барои ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ѓайри он ҳар киро хоҳад, меомурзад. Ва ҳар ки барои Худо шарик муқаррар кунад, ҳамоно ба гуноҳи бузург ифтиро кардааст»  ва ҳукми ояти 34 аз сураи «Муҳаммад» «Ба ростӣ, онон ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, сипас  кофир бимурданд,Худо ҳаргиз онҳоро нахоҳад омурзид»(47:34)доираи ашхоси маѓфиратшавандаро маҳдуд месозанд, ақидаи мутафаккирони таҳаммулгароро муқобил гузошта, таъкид месозад, ки чунин оёте ба ҷумлаи оёти «педагогӣ», хусусияти тарбиявӣ-тарсонандадошта дохил мешаванд(саҳ.119). Барои тақвияти ѓояи «фарогири ҳама будани раҳмати Худо» Тавфиқ Иброҳим аз «Саҳеҳ»-и Бухорӣҳадиси рақамҳои 6000 ва 6469-ро истифода мебарад: «Худо сад раҳмат офарид. Як раҳматро ба мардум барои ба ҳам раҳм намудан ва 99 раҳматро назди худ гузошт. Агар кофирон аз он миқдори раҳмати Худо огоҳ мешуданд, аз ҷаннат ноумед намешуданд»(саҳ.119). Ҳамин тавр, Тавфиқ Иброҳим андешаи хешро ҷамъбаст намуда, таъкид месозад, ки агар ҳатто ояҳои 4:48 ва 47:34 таҳтуллафзӣ фаҳмида шаванд ҳам, ин маънои онро надорад, ки ҷазо абадист(саҳ.120).
Қобили зикр аст, ки Тавфиқ Иброҳим инчунин андешаи Ибни Таймияро, ки худи мафҳуми «Раҳмат» ҷазои абадиро истисно менамояд, ва андешаи Газзолиро, ки «ҷазои абадӣ  бо мафҳуми «Арҳамарроҳимин» ҳамҷур нест»-ро баҳри тақвияти андешаи хеш истифода бурдааст. ӯ бо муқобилони ѓоявии хеш баҳсро идома дода, ҳадиси «Дар воқеъ раҳмати Ман аз ѓазаби Ман афзунтар аст», ки ҳам дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва ҳам Муслим зикр шудааст, инчунин ҳадиси «Ман ҳамонам, ки бандаи Ман доир ба Ман гумон дорад. Пас, бигзор чӣ тавре, ки хоҳад, гумон намояд» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ,№7405,7505; «Саҳеҳ»-и Муслим №2675;»Муснад»-и Даримӣ №2731; «Муснад»-и Ибн Ҳанбал №15586,16531) истифода бурда такид месозад, ки ба ин раҳмати саховатмандонаи Худованд ҳар як шахс бидуни истисно ҳақ дорад, ки умед бандад. Ин умед ба ақидаи донишманд бо он асоснок мегардад, ки Худованд дар Қуръон чун карим тавсиф меёбад «Ва ҳар кӣ носипосӣ кунад, пас, Парвардигори ман бениёзи Карамкунанда аст»(27:40);(82:6).
Ин ҷо махсус бояд таъкид намуд, ки вақте оид ба мавзӯи башардӯстӣ дар ислом сухан меронем, масъалаи муносибат бо куффору мушрикин бояд мавқеи меҳвариро ишѓол намояд. Аз нигоҳи мо маҳз масъалаи мазкур моҳияти башардӯстӣ доштан ё надоштани таълимоти ислом, барҷаста ё заъиф будани онро равшан ифода месозад. Дар китоби зикршудаи Тавфиқ Иброҳим ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. ӯ бисёр ба маврид аз Қуръони карим оятҳои зеринро ёдовар мешавад: «Ва бо аҳли китобҷуз ба он сурате, ки некӯ бошад, муҷодала макунед, магар бо касоне аз онҳо [муҷодала кунед], ки ситам карданд ва бигӯед: «Ба он чи ба сӯи мо фуруд оварда шуд, имон овардем ва Худои мо ва Худои шумо Яке аст ва мо ба ӯ фармонбардорем» (29:46); «Ва бар он чи мегӯянд, сабр кун ва онҳоро – ба тарк кардани некӯ- тарк кун» (73:10).Ва ҳатто вақте паёмбар нороҳат мешавад аз он ки қавми Макка якравӣ намуда, имон намеоранд, Худованд амр медиҳад: Онҳоро ба ҳоли худ гузор ва бигӯ «салом».
Андарзҳои таҳаммулпазирӣ натанҳо дар Макка, балки дар Мадина низ равшан ба мушоҳида мерасанд. Хусусан, баъд аз шикаст дар ҷанги Уҳуд паёмбар мегӯяд, ки магар шахсе, ки рӯи паёмбари худро хунолуд месозад, дар ҳолате ки вай онҳоро ба сӯи Худо мехонад, наҷот меёбад? Ҳадиси мазкур дар «Саҳеҳ»- Бухорӣ зери рақамҳои 4073-4075 ва дар «Саҳеҳ»-и Муслим зери рақами 1979 зикр шудааст. Ва ба паёмбар ваҳй нозил мешавад, ки дар салоҳияти ту нест.Ҷазо медиҳад ё афв менамояд, аз Худо вобаста аст(3:128).
Тавфиқ Иброҳим инчунин  ояти 186-ро аз сураи «Оли Имрон» бисёр ба маврид овардааст: «Албатта, шумо дар амволатон ва ҷонатон озмоиш карда хоҳед шуд; ва аз онон, ки пеш аз шумо Китоб дода шудаанд ва аз мушрикон сарзаниши бисёр хоҳед шунид. Ва агар  сабр кунед ва парҳезгорӣ намоед, ба дурустӣ ки ин (хислат) аз корҳои мақсуд аст». 
Дар рӯҳияи чунин аҳкоми баланди башардӯстона, андеша меронад Тавфиқ Иброҳим, чунин пиндоштан,  ки Худои Қуръон зулм ё ҷангро василаи рӯоварии мардум ба дин истифода мебурда бошад, бисёр душвор аст. Баръакс, дар оятҳои зиёд маҳз аз Худо вобаста будани рӯоварии мардум ба дин махсус зикр мегардад:
«Агар Худо мехост, онҳо шарик муқаррар намекарданд ва туро бар онҳо нигоҳбон нагардонидем ва ту бар онҳо корсоз нестӣ»(6:107).
«Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи онон,ки дар заминанд, якҷо имон меоварданд. Оё ту мардумонро маҷбур карда метавонӣ, то муъмин шаванд?(10-99).
«Ба дурустӣ, ки ту(мухотаб Муҳаммад (с.)аст)ҳар киро дӯст медорӣ, роҳ наменамоӣ; валекин Худо ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд; ва Ӯ ба роҳёфтагон Донотар аст(28:56).
Ба андешаи Тавфиқ Иброҳим сабаби дурравиизиёд ва ҷиддӣ аз аҳкоми қуръонии якдилию қаробат ва ҳамзистии тамоми башариятро таблиғнамоянда маҳзафкору аъмоли фақеҳони асримиёнагӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз онҳо шарҳи ҷангҷӯёнаи муборизаи мусаллаҳона-ҷиҳодро коркард намуда пешниҳод карданд, ки ба онифротиёни имрӯза низ такя менамоянд. Таълимоти сиёсӣ-ҳуқуқии баъд аз ду-се асри пайдоиши ислом аз тарафи онҳо коркардшуда, менависад ӯ, ба хотири густариши дину паҳн намудани ҳокимияти ислом ҷанги ҳуҷумӣ-ҷиҳодро таълим медиҳад. Вобаста ба ин мавқеъ фақеҳони асримиёнагӣ тамоми оламро ба ду қисм-дорулислом ва дорулҳарб тақсим намуданд.(Дар яке аз саҳифаҳои баъдии китоби хеш Тавфиқ Иброҳим қайд намудааст, ки эъломияи «Изҳороти ал-Азҳар» аз соли 1984 тақсимоти оламро ба дорулислом ва дорулҳарб ҳамчун бидъати инсонӣ арзёбӣ намудааст).  Ба сокинони қисмати дуввум, яъне дорулҳарб то он вақте ки ба ислом рӯ наоранд ё ба ҳокимияти мусулмонҳо тобеъ нашаванд, ки ифодаи он пардохти ҷизья ҳисоб мешавад, ҷанги доимӣ эълон карда мешавад. Ин таълимот, андеша меронад Тавфиқ Иброҳим, бо воқеиятҳои замони пешин мувофиқат мекард, чун ҳуқуқи зӯр роҳандозӣ мешуду ҷанг дар муносибатҳои байналмилалӣ афзалият дошт ва давлатҳо доимо бо ҳам ҷанг мекарданд, зеро онҳо дар ҳолати интихоб қарор доштанд: ё забт кунанд ё забт карда шаванд. Бояд гуфт, ки бо  андешаи баёнгардидаи Тавфиқ Иброҳим розӣ шудан душвор аст. Ӯ аз як тараф, сиёсати ҷангҷӯёнаро ба таълимоти Худо бегона ҳисобида, онро ҳамчун маҳсули коркарди фақеҳони асримиёнагӣ арзёбӣ менамояд, аз тарафи дигар, коркард шудани таълимоти мазкурро бо зарурати шароити иҷтимоӣ-сиёсӣ асоснок менамояд. Беасосии ин нуқтаи назари Тавфиқ Иброҳим дар он ифода меёбад, ки зарурати иҷтимоӣ-сиёсӣ ва таърихӣ дар шакле, ки ӯ баён намудааст, ҳамеша-ҳам дар асрҳои миёна, ҳам дар замони хулафои рошидин, ҳам дар давраи зиндагии паёмбар ва ҳам пеш аз он вуҷуд дошт. Вақте Қуръон нозил гардида чунин аҳкоми башардӯстонаро интишор намуд, фақеҳон ҳақ надоштанд, ки вобаста ба зарурати иҷтимоӣ чунин таълимоти зиддибашариро коркард намоянд, зеро дар Қуръон омадааст: Нест ҳеҷ табдилдиҳандае барои каломи Ӯ.
Тавфиқ Иброҳим барои тақвияти ақоиди хеш  дар нисбати хусусияти  башардӯстонаи таълимоти ислом ба андешаи дигар донишмандон низ рӯ овардааст. Аз ҷумла, вай андешаи зерини исломшиноси машҳури Аврупои асри XIX, олими ҳоландӣ Райнҳард Дозиро иқтибос овардааст: «Агар ба раванди фикр дар Қуръон бо диққат таваҷҷуҳ намоем, вай шомили ягон амре нест, ки ҷангро бар зидди тамоми кофирон ҳукм карда бошад…Ҷанги муқаддас танҳо дар чунин ҳолати ягона фарз ҳисобида мешавад,  ки агар душманони ислом ҳуҷум карда истода бошанд: агар ягон нафар навиштаи Қуръонро дигар хел фаҳмад, пас шарҳи худсаронаи  фақеҳонро бояд гунаҳгор ҳисобид»(саҳ.225). Яке аз муқобилони ашаддии ислом А.И.Агрономов дар китобаш «Таълимоти муҳаммадӣ дар бораи ҷанг бо кофирон»(соли нашр 1874) ихтилофи фақеҳони исломро дар нисбати хусусияти «ҳуҷумӣ»-и «ҷанги муқаддас» зикр намуда, навиштааст: Баъзеҳо дар асоси якчанд ҳукми Қуръон иброз медоранд, ки пайравони Муҳаммад на бояд аввалин шуда ҳуҷум намоянд. Дигарон дар асоси аҳодису ривоятҳои бисёр оғоз намудани ҷангро аз тарафи  пайравони Муҳаммад бар зидди кофирон муайян намудаанд». Ин ҷо Тавфиқ Иброҳим эътирофи муаллифро, агарчанде бевосита набошад ҳам, дар хусуси он ки дар худи Қуръон  ягон хел амр барои аввалин шуда оғоз намудани ҷанг вуҷуд надорад, муҳим шуморидааст. Албатта, менависад Тавфиқ Иброҳим ҳастанд оятҳое, ки ба онҳо маънои ҷангҷӯёна, ҳуҷумкуниро додан мумкин аст, аммо ин ҳамон таҳрифе хоҳад буд, ки гуноҳи он,чуноне ки Р.Дозӣ одилона таъкид намуда буд, бар гардани фақеҳони исломӣ қарор бояд гирад. Қироати ҷангҷӯёнаи Китоби муқаддас маънои ҳақиқии аҳкоми қуръониро таҳриф менамояд- навиштааст ӯ. Барои асоснок намудани андешаи мазкур ӯ ояти 190 аз сураи «Бақара»-ро ёдрас менамояд: «Дар роҳи Худо бо онҳое биҷангед, ки бо шумо меҷанганд, вале аз ҳад магзаред. Ба дурустӣ, ки Худованд аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад». 
Ба мавзӯи «Ҷиҳод» дахл намуда, Тавфиқ Иброҳим онро нисбатан муфассал шарҳ додааст. Аз ҷиҳати этимологӣ вай маънои «кӯшишу талош»-ро дорад. Агарчанде баъдтар вай маънои «мубориза»-ро бар худ касб намуд, аммо вай ҳеҷ гоҳ маънои муборизаи мусаллаҳонаро надорад. Бисёр донишмандони асримиёнагӣ бо такя ба аҳодис ҷангро ҳамчун ҷиҳоди хурд ва мубориза бо сифатҳои манфӣ, яъне талош баҳри камолоти маънавиро ҳамчун ҷиҳоди бузург маънидод намудаанд. Ин ҷо ҳадиси паёмбар ёдрас карда мешавад, ки вай зимни бозгашт аз яке аз ҷангҳо мегӯяд: Аз ҷиҳоди хурд ба ҷиҳоди бузург баргаштем. Тавфиқ Иброҳим ин ҷо инчунинаҳодиси зерро қайд менамояд: 
«Муҷоҳид шахсест, ки бо нафси хеш ҷиҳод менамояд», «Сунан»-и Тирмизӣ,№1621.
«Беҳтарин ҷиҳод гуфтани сухани адл аст назди султони золим», «Сунан»-и Абу Доуд,№4343; «Сунан»-и Ибни Моҷа,№4011-4012; «Сунан»-и Насаӣ,№4209; «Сунан»-и Тирмизӣ,№2174.
Тавфиқ Иброҳим бо такя ба ҳукми Қуръон таъкид месозад,  ки ҷиҳод бо сухан аз ҷиҳод бо шамшер авлотар ба ҳисоб меравад: «Пас, кофиронро фармон мабар; ва бо онҳо ба ҳукми Худо ба ҷиҳоди бузург ҷиҳод кун» (25:52).
Яке аз мавзӯъҳои муҳиме,  ки боз ҳам аз хусусияти башардӯстонаи дини ислом дарак медиҳаду онро Тавфиқ Иброҳим мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор додааст, мавзӯи адлу накӯӣ дар рӯи замин аст. Муҳаққиқ ояти зерро бисёр ба маврид зикр намудааст: «Ҳар оина фиристодем  расулони худро  бо нишонаҳои равшан ва китобу мизон, то мардум одилона рафтор кунанд»(57:25).  Андешаи мазкурро ояти зер низ тақвият мебахшад: «Ва Парвардигори ту ҳаргиз (чунон) нест, ки деҳаҳоро дар ҳоле ки аҳли онҳо некӯкор бошанд, ба ситам ҳалок кунад»(11:117).Ба хотири таъкид намудани  мақом ва мартабаи адл дар ҳаёти башарӣ  аз нигоҳи ислом Тавфиқ Иброҳим ҳадису гуфтаҳои зерини донишмандони машҳури исломиро ёдрас менамояд: 
«Адли султон дар як рӯз аз ибодати ҳафтодсола назди Худо маҳбубтар аст», ҳадис.
«Мулк бо куфр боқӣ мемонад, вале бо зулм боқӣ намемонад», Газолӣ, Насиҳатулмулук, саҳ.15;
«Ба дурустӣ, ки Худованд давлати одилро, агарчанде кофир бошад ҳам кӯмак менамояд, вале давлати золимро, агарчанде исломӣ бошад ҳам,  кӯмак наменамояд», Ибн Таймийя, Хисба, саҳ.146;
«Дунё бо адл ва куфр вуҷуд хоҳад дошт, вале бо зулму ислом вуҷуд нахоҳад дошт», Ибн Таймийя, китоби «Амр», саҳ.146.
Махсус бояд таъкид намуд, ки зимни тааммулу тааққули ҷиддӣ дар болои ҳадиси «Адли султон дар як рӯз…» ва ақоиди баёнгардидаи донишмандони шинохтаи олами ислом авлавияти умури дунявӣ бар умури динӣ, таъиноти дунявӣ доштани баъзе аҳкоми динӣ ва дар умум моҳияти амиқи башардӯстона доштани таълимоти ислом бисёр барҷаста ба назар мерасад. Ба қавли дигар, дар ин аҳкоми шаклан динӣ ифодаи манфиатҳои заминии одамон либоси динӣ касб намудааст. Ин матлабро соддатар баён намуда, метавонем қайд намоем, ки манфиатҳои дунявии одамонро ҳимоя намудан амале маҳсуб мегардад, ки назди Худо маҳбуб арзёбӣ мегардад. Аҳдофи баёнгардида, хосатан ҷудо намудани умури динӣ аз дунявӣ ва дар зиндагӣ ба роҳбарӣ гирифтани мавқеъ ва андешаи коршиносони умури дунявӣ дар оят ва аҳодиси зерин бисёр равшан ва ҷолиб эҳсос мегардад:
«Пас, ба сабаби меҳрубонӣ аз Худо  барои онҳо нарм шудӣ; ва агар дуруштхӯи сахтдил мешудӣ, аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас, аз онҳо даргузар ва барои онҳо омурзиш бихоҳ ва дар ин кор бо онҳо машварат кун»(3:159). Дар ояти мазкур бидуни шак ҳам сатҳи баланди таҳаммулгароиро пеша намудан ва ҳам бо аҳли ѓайримусулмон  машварат намудан аз тарафи Худо ҳукм карда шудааст.
«Агар чизе аз кори дунё пеш омад, иҷрои он бар души шумост, ва агар он мутааллиқи дин бошад, пас иҷрои он бар души ман аст». «Сунан»-и Ибни Моҷа, №2471; «Муснад»-и Ибн Ҳанбал,№24399.
«Дар корҳои дунё шумо донотаред». «Саҳеҳ»-и Муслим, №2363.
Дар шарҳи ду ҳадиси охир иловатан қайд карданӣ ҳастем, ки замоне, ки улуми ҷомеашиносӣ ва табиӣ рушд накарда буданд, паёмбари Худо масоили дунявиро ба зиммаи коршиносони соҳа гузошта буд. Имрӯз, ки улуми табиӣ ва ҷомеашиносӣ хеле пеш рафтаасту аксари пешвоёни дини мо аз онҳо фарсахҳо дуранд, агар онҳо, яъне пешвоёни дин зимни ҳалли масоили заминӣ тибқи ҳукми аҳодиси бисёр хуб ва барои ҷомеа муфиди  мазкур амал намуда, бидуни заруратдар ҳалли масоили дунявӣ шарик нашуда, худро дар канор мегирифтанд, рафтори мазкури эшон манфиати ҷомеаро бештар ифода менамуд.
Чуноне ки аллакай зикр гардид, яке аз самтҳои асосию муайянкунанда ва моҳиятии таълимоти ислом тарѓибу ташвиқи аъмоли ҳасана маҳсуб мегардад ва тавассути ҳамин самт ҷанбаи башардӯстии таълимоти ислом хубтару возеҳтар ҷилвагар мегардад. Ба қавли Тавфиқ Иброҳим ду принсипи бунёдии ислом-имон ба Худои ягона ва некӣ пеша намудан нисбат ба офаридаҳои ӯ аксари оятҳои қуръониро фаро мегиранд.ӯ ба тариқи мисол ояти 36 аз сураи 4-ро зикр намудааст:
« Худоро ибодат намоед ва ба ӯ чизеро шарик маёред ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дур ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молики ӯ шуд, (Яъне, ѓуломон ва канизон) накӯкорӣ кунед. (4:36).  Ояти мазкурро шарҳ дода истода, ӯ ақидаи Табарӣ ва Қуртубиро овардааст, ки онҳо зери мафҳуми  ҳамсояи наздик мусулмонҳо ва ҳамсояи дур на танҳо яҳуду масеҳӣ, балки бутпарастонро низ фаҳмидаанд. Худи Тавфиқ Иброҳим зимни шарҳи ояти мазкур навиштааст, ки «муҳаббат ба одамон, накӯӣ ба онҳо на танҳо бо муҳаббат ба Худо, ибодати он дар як қатор гузошта мешавад, балки шакли аввалини ифодаи он ба ҳисоб меравад. Хизмат ба Худо маънои хизмат ба офаридаи ӯ, ба онҳо нафъ расониданро ифода  менамояд.Ин амри бунёдии исломро паёмбар дар ҳадиси зерин, ки дар моддаи якуми Эъломияи исломии ҳуқуқи инсон аз нав ифода ёфтааст, иброз намудааст:
«Тамоми халк фарзандони аз тарафи Худо парасторишаванда мебошанд ва маҳбубтарин халқи вай ҳамоне ба ҳисоб меравад, ки ба фарзандони вай бештар нафъ мебахшад». 
Шакли дигари ҳадиси мазкур ба таври зер садо медиҳад:
«Беҳтарини мардумон манфиатбахштарини онҳо ба ҳисоб меравад».
Агарчанде маънии ҳадисҳои мазкур равшан аст, мо аз тарафи худ илова карданием, ки дар ҳадисҳо мафҳуми «халқ» исми «кулл» аст, яъне вай тамоми аҳли башарро новобаста аз мансубияти қавмию нажодӣ ва мазҳабию эътиқодӣ дарбар мегирад. Аз ин рӯ, тибқи ҳукми ин ҳадис як шахси аврупоӣ ва ё чинӣ ва ё атеист, ки бо кашфиётҳои илмии хеш зиндагии мардумро сабук намуда, ба онҳо бештар нафъ расонидаанд, имкон дорад, ки нисбат ба мусулмони бесаводи хурофотию тундгаро ва ифротӣ назди Худованд маҳбубтар бошад.
Дар хулоса, андешаҳои хешро ҷамъбаст намуда қайд сохтанием, ки доираи далоили ақлию нақлии Тавфиқ Иброҳим, ки моҳияти башардӯстии таълимоти исломро  хеле равшан ифшо менамояд, хеле васеъ ва доманадор мебошад ва онро дар доираи як мақола ба хонанда пешкаш намудан аз имкон берун аст.  Ин ҷо мо махсус таъкид кардан мехоҳем, ки бо дар назардошти вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии олами ислом, ки дар муқоиса бо вазъияти аҳли насорою  яҳуд аз вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии ҷамоаи ибтидоии мусулмонон то ҳиҷрат кам фарқ менамояд, месазад, ки тамоми оятҳою аҳодиси баёнгардида носиху тамоми оятҳою аҳодиси аз ҷиҳати маъно ба онҳо зид мансух ҳисобида шаванд. 
Сардори шӯъбаи иттилоот ва ташхиси
диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаев К.А
Яндекс.Метрика