Аубмансури Мотуридӣ дар таърихи афкори исломӣ ба унвони яке аз бузургтарин мутахасисони илми калом (схоластикаи исломӣ) эътироф шудааст. Шӯҳрати ин олим дар замони зиндагии худ дар саросари ҷаҳони ислом паҳн шуд.
Умуман, калом илми сифат ва зоти Худо, асли нубувват, ибтидо ва анҷоми ҳастӣ (эсхатология) аст, ки дар пояи таълимоти исломӣ ба вуҷуд омадааст. Ба маънои васеътар, каломро метавон ҳамчун инъикос дар соҳаи фалсафӣ ва динӣ тавсиф кард. Таълимоти калом бар ривоят (Қуръон ва суннати паёмбари ислом (с)) ва далелҳои ақлӣ асос ёфтааст. Он ҳамчун илм пас аз ошноии мусулмонон бо фалсафаи классикии юнонӣ шакл гирифта, дар тӯли садсолаҳо ҳамчун воситаи боэътимоди ҳимояи принсипҳо ва пояҳои таълимоти исломӣ хидмат мекард.
Албатта, яке аз сабабҳои пайдоиши мактабҳо ва таълимоти зиёди фалсафӣ динӣ, дар асрҳои миёна, ин густариши дини ислом ва ошноии мусалмонон бо фарҳанг, дидгоҳҳои фалсафӣ ва эътиқоди динии мардумони мухталифи тобеи хилофат буд, ки дар натиҷа мактабу ҷараёнҳои хавориҷ, мурҷия, муътазилия, қарматия, дувоздаимома, ботиния ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Дар чунин шароит наќши Мотуридї ва таълимоти ў дар рафъи ихтилофот ва таъмини суботи сиёсиву иљтимоъї дар Хуросон. ва Мовароуннаҳр ахамияти калон дошт. Аз ин рў метавон гуфт, ки омўзиши амиќи каломи Мотуридӣ ва муќоисаи он бо таълимоти љараёнњои дар боло зикршуда ањамияти хоса дошта, имрўз њам барои њалли ихтилофоти мазњабї, ки метавонад боиси бесуботии иљтимої шавад, ањамияти калон дорад.
Дар натиҷаи омӯзиши каломи Мотуридӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки бархилофи таъйиди бархе аз муҳаққиқон, миёни андешаҳои каломии Абунмансури Мотуридӣ ва мутакаллими маъруфи муосири ӯ Абулҳасани Ашъарӣ (873 - 935) ва пайравони ӯ, бо вуҷуди бархе аз монандиҳо, тафовутҳои зиёде низ ба назар мерасад. Бо ин далел метавон Мотуридиро бунёнгузори мактаби каломии Мовароуннаҳр донист. Мотуридӣ низ, мисли Ашъарӣ, тафсири оёти Қуръонро аз тариқи далоили ақлӣ имконпазир медонист. Аммо дар раванди дарки ваҳй (оёти худовандӣ) барои хирад (ақл) нақши бештаре қоил буд.
Ин матлаб, масалан, зимни исботи ҳастии Худованд ба таври ошкор ба назар мерасад. Дар ин маврид ашъариён танҳо бар далоили ваҳёнӣ (нақлӣ) такя мекарданд, вале Мотуриди ва пайравони ӯ дар ин амр истифода аз далоили ақлониро низ ҷоиз медонистанд. Мотуридӣ чунин мешумурд, ки далели ҳастии Худовандро метавон аз тариқи ақл дарк намуд. Аз тарафи дигар, аз диди Мотурдӣ авомири илоҳӣ аз тариқи ақл комилан қобили дарк нестанд, ва бояд танҳо ба унвони ваҳй ба онҳо имон овард. Яъне қазовати ниҳоӣ роҷеъ ба ҳусну қубҳи ашё ва аъмол бояд дар заминаи ваҳй сурат пазирад. Зеро моҳияти авомири илоҳиро роҷеъ ба ҳалолу ҳаром наметавон сирфан аз тариқи ақл ташхис дод.
Ба ҳамин минвол, Мотуридӣ ва пайравонаш дар қиёс бо ашъариҳо ба далоили ақлӣ бештар аҳамият қоил буданд ва аз ин лиҳоз қаробате ба муътазила доштанд. Вале дар айни ҳол онҳо бар хилофи муътазилиён ҳаргиз гирифтори ифроту тафрит нагардида, аз эътидол пайравӣ менамуданд. Аз ин ҷиҳат онҳо бо аҳли ҳадис ва фақеҳон низ, ки ақли инсонро дар ҳалли ин масоил нотавон ва қобили иштибоҳ медонистанд ва танҳо ба ваҳй такя мекарданд, то андозае ихтилофи назар доштанд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки бо вуҷуди эътирофи далелҳои ақлӣ, Мотуридӣ барои Каломи Илоҳӣ авлавият ва аҳамияти бештаре қоил буд. Яке аз вижагиҳои равиши Мотуридӣ иборат аз ин аст, ки вай зимни тафсири он оёти куръонӣ, ки даркашон аз тариқи табйини ақлӣ номумкин буд (муташобиҳот), аз оёте, ки маънии равшантаре доштанд (муҳкамот) истифода менамуд. Яне тафсири Қуръонро ба василаи худи Қуръон бар пояи оёте, ки фаҳмашон холӣ аз ҳар гуна мушкилот буд, ҷоиз медонист.
Дар бораи масъалаи зоту сифоти Худо низ Мотуридӣ назари шабеҳ бо ашъариён дорад ва воқеияти сифот дар зотро эътироф мекунад. Зимнан Мотуридӣ ва пайравонаш, ҳаммонанди ашъариён сифоти илоҳиро айни зоти ақдаси Ӯ намедонанд, тавре ки муътазила ба он ақида доштанд.
Тибқи назари мотуридия тамоми сифоти Худо, ҳам аз сифоти зотия ва ҳам сифоти феълия (ҳаёт, илм, қудрат, ирода, калом, самъ, басар ва таквин), азалӣ мебошанд, бар хилофи ашъариён, ки сифоти феълияро ҳодис медонанд.
Роҷеъ ба масъалаи тадбири илоҳӣ ашъариён чунин мепиндоштанд, ки ин масъала куллан дар ихтиёри Худованд аст ва перомуни он набояд ба чуну чаро пардохт. Муътазилиён, ки муътақид ба ҳақиқати ташхиси моҳияти падидаҳо дар заминаи далоили ақлӣ буданд, назари комилан мухолиф доштанд, ва бар он буданд, ки Худованд ҳама чизро дар чаҳорчӯби қазову қадар меофаринад. Ва чун Худованд одил аст, пас Ӯ аз ду гузинаи имконпазир беҳтаринашонро меофарад.
Ба ин маънӣ, ки Худованд наметавонад ба анҷоми амали баде амр кунад ва аз кори хайре боз дорад. Мотуридӣ дар ин масъала роҳи миёнаро пеш гирифт. Ба ақидаи ӯ (ки ба муътазила қаробат дошт), Худованд ҳама чизро танҳо дар асоси қазову қадар меофарад. Вале бар хилофи муътазила хотирнишон месохт, ки Худованд дар амри офариниш ниёз ба касе ва ё чизе надорад, ва он чӣ мехоҳад, анҷом медиҳад ва иродаи мутлақ бо Ӯст.
Мотуридӣ дар заминаи ихтиёри инсон ва қазои илоҳӣ низ назари бо дигарон мутафовите дошт. Масалан, ашъариён бар ин акида буданд, ки тамоми аъмоли инсонро Худо меофаринад. Ва инсон ин аъмолро танҳо касб мекунад. Ва касб иборат аз маҷмӯи амалҳоест, ки инсон қасди анҷоми онҳоро дорад ва тибқи хости Худованд сурат мегиранд. Инсон хеҷ гуна таъсир ва ё дахолате дар ин касб надорад. Вале Мотуридӣ, чунин мешумурд, ки Худованд он чиро, ки инсон ихтиёр мекунад, меофаринад. Яъне инсон дар интихоби худ озод ва дорои ихтиёр аст. Ин донишманд ақидаи ашъариёнро дар бораи касб эътироф мекард. Вале бар хилофи онон, ки касбро офаридаи Худо медонистанд ва аз ин ҷиҳат ба ҷабриён наздик буданд, чунин мешумурд, ки касб ба воситаи нерӯе ба вуҷуд меояд, ки Худованд дар инсон халқ карда аст. Ва инсон бар асоси амалҳои озодона ва ихтиёрии хеш ризоият ва хушнудии Парвардгорашро касб мекунад. Ба ин тариқ, мавзеъгирии Мотуридӣ дар масъалаи озодии ирода миёни ашъария ва муътазила қарор дошт.
Дар мавриди имкони дидори (руъяти) Худованд, ӯ чунин мешуморад, ки некӯкорон ва растгорон дар ҷаннат ба дидори Худованд мушарраф мешаванд, вале чигунагии ин дидорро тавзеҳ намедиҳад, зеро ақли инсонӣ дар тасвири он оҷиз аст.
Қуръон ба унвони каломи илоҳӣ аз дидгоҳи Мотуридӣ ноофарида ва ғайримахлуқ аст. Аммо ранге, ки бо он Қуръон дар коғаз навишта мешавад ва худи ин коғаз махлуқанд. Ва ашъариён низ Қуръонро қадим, яъне ноофарида медонанд. Дар маҷмуъ мавзеъгирии мотуридиён нисбат ба ин масъала иборат аз он аст, ки қироат, китобат ва талаффузи калимоту ҳуруфи он махлуқ аст, вале маъонии Қуръон ғайримахлуқ ва қадим мебошад. Яъне Қуръон ба унвони сифате, ки дар зоти Худованд вуҷуд дорад (каломи илоҳӣ), монанди соири сифоти Ӯ, қадим аст.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Мотуридӣ қарор дошта аст, қазияи омурзиши гуноҳон ва ин ки муъмин дар дузах ҷовидон намемонад, маҳсуб мешавад. Нигоҳи мотуридӣ дар бораи ин масъала бо нигариши уламои исломӣ (иҷмоъ) мутобиқат дорад. Муътазилиён дар ин масъла назари дигаре доранд, ки тибқи он байни куфру имон як фосилае вуҷуд дорад (ал-манзилату байн ал-манзилатайн) ва мусулмони гунаҳкор на муъмин аст ва на кофир.
Бинобар ин агар мусулмони гунаҳкор тавба накунад, ба таври ҷовидон дар дузах боқӣ хоҳад монд. Аммо мавзеъи хавори он аст, ки ҳар мусулмоне, ки даст ба анҷоми гуноҳон мезанад, кофир аст. Тавре ки мушоҳида мешавад, ҳам хавориҷ ва ҳам муътазила бар он ақидаанд, ки аъмоли инсон пайванди ногусастанӣ бо имони ӯ дорад. Вале аз дидгоҳи мотуридия амали инсон ҷузъе аз имони ӯ нест ва ҳатто муртакиби гуноҳи кабира аз имон хориҷ намешавад.
Дар ҳақиқат, илми калом дар Мовароуннаҳр қабл аз даврони Мотуридӣ ба унвони мактаби дорои назарияи устувору пайрезишуда вуҷуд надошт. Ва маҳз Мотуридӣ буд, ки барои фаҳми дурусти насс (манобеи бунёдини динӣ- Қуръон ва суннат) ва дифоъ аз масоили ақидатӣ бо баҳра ҷустан аз нақл (омӯзаҳои динӣ) ва нерӯи ақл бар зидди пайравони мазоҳибу фирқаҳои гуногун ба муҷодалаи илмӣ пардохт ва мактаби каломии устувору тавоное ба вуҷуд овард.
Аз ин тариқ ӯ хидмати азиму арзишмандеро дар ростои ривоҷу равнақи илоҳиётшиносӣ, дифоъ аз мазҳаби Имоми Аъзам ва густариши бештари ин мазҳаб анҷом дод. Мотуридӣ бо нерӯи хирад дарёфта буд, ки чигуна асҳоби ҳадис (донандагони ҳадис) дар он даврон ба зоҳири нас пардохта, ба рӯҳу хақиқати он ба таври лозим таваҷҷуҳ намекарданд, ки ин равиш динро ба рукуд рӯ ба рӯ месохт. Ба ӯ муяссар гардид, ки миёни равиши асҳоби раъй (хирадгароён) ва асҳоби насс роҳе барои мусулмонон мақбул ва миёнаро пайдо намояд, ки ин амал муҷиби наҷоти ислом аз ифроту тафрит ва инҳирофоту рукуд дар Мовароуннахр гардид.
Албатта, зуҳури абармарде мисли Абумансури Мотуридӣ дар илм як фазои созгори маънавию фарҳангиеро тақозо менамуд. Ва чунин фазое бо баракати саъю эхтимоми амирони Сомонӣ ва низоми давлатдории онон арзи вуҷуд намуд.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар – мутахассиси пешбари шуъбаи фиқҳи исломӣ