Пешвои миллат дар суханронии хеш бахшида ба 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба бемориҳои ирсии фазои сиёсӣ ва мафкуравии миллат дар масири таърих ёдрас шуда, таъкид карданд, ки моро зарур аст, ки ба ин нуктаҳо диққат диҳем. Ба панду андарзҳои сиёсии бузургонамон чун Фирдавсии бузургвор, ки ҳаммосаи безаволи Шоҳномаро барои тарбия ва табобати ин бемориҳои миллӣ пешниҳод кардааст, гўши ҳикмат оварем. Дар воқеъ агар дар он рўзгори фурўпошии ҳукумати Сомониён аҳли дарбор ва мардуми зиёӣ ба суханони пандомўзи Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ гўш карда, аз нашъаи масткунандаи инсонгароии фаромиллӣ наҷот меёфтанд, шояд миллати мо дар он айёми таърихӣ аз давлату қудрат дур намегашт. Вале афсўс, ки чунон нашуд. Маҳз нашунидани садои Фирдавсии бузургвор, ки аз гўшу хаёли ҳокимони маҳаллӣ дур монда буд, дудмони сиёсии Сомониёнро хароб кард. Инак, бо гузашти солҳо, Пешвои миллат аз паси «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров «Шоҳнома»-и безаволи ўро ба хотири поси эҳтироми миллати тоҷик ва давлатдории ў вориди ҳар хонадони миллат карданиянд. Ба ҷуз аз аҳсану офарин магар ҳарфи дигаре мумкин аст. Вале фикр мебояд кард, ки ин андарзҳои сиёсию маърифатӣ, фарҳангию адабӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамчун рукни зебоӣ ва ҳашамати ҷевону тоқҳои китобдорӣ, тарзе ки Пешво ишора доштанд, нагашта, балки китоби рўимизӣ, объекти омӯзишу мубоҳисавии сари дастархони ҳар оилаи тоҷикистонӣ шаванд. Танҳо дар чунин сурат ҳикмат ва рисолати худро ин асарҳои ҷовидонаи тарбиявӣ иҷро хоҳанд кард. Роҳбари давлат аз муҳити тарбиявии академик Бобоҷон Ғафуров ёдрас шуда ба мо ҳақиқатнигорона таълим доданд, ки ҷавҳар ва маҳаки рушди фикрӣ ва маънавии алломаи давру замон модари он кас буд. Бобоҷон Ғафуров рўҳи бузурги меҳанпарварӣ, миллатдўстӣ ва фидокориро дар роҳи ободии ватан аз шири модари мактабдида, донишманд ва шоирааш Розияи Озод гирифтааст. Воқеан ҳикмати он ки «маърифатнокии зан-модар донишмандии миллат аст» асоси воқеӣ дорад. Интиҳои даврони ҳукмронии сулолаи Сомониён на танҳо ба ҳикмати бузурги панди ниёгон дар масъалаи саводнокии зан-модар таваҷҷуҳ накард, инчунин ба садои қалби пўрхароши зан модар – қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безавол, ки бо ҷурми тангназарию фитнаи замон шавҳару писарҳоро дар майдони ҷанги муқобили ҳамдигар аз даст медод, гўш надод. Қурбонгардии қаҳрамонону қурбониёни хаммосаи ин абармарди таърих ва бадбахташвии зан модари тарбиятгари хонадони тоҷик чашми хиради пўшидаи миллатро бедор накард, зеро рўи неруи биноии онро манфиати бегонагону фитнагорон пўшида буд. Ҷаҳонбинии аҳли дарбор ва дигар зиёиёни замона, мисли иддае аз зиёиёни солҳои навади асри гузашта то он дараҷа аз сатҳи одии худшиносӣ ва миллатшиносӣ (ба истиснои Фирдавсӣ барин шахсиятҳои таърихӣ) дур рафта буд, ки дар саргаҳи арзишҳои васеътари умматшиносӣ – «уммат-ул-исломия», одамшиносӣ – «бани одам аъзои якдигаранд» қарор гирифта, ҳама гуна баробарӣ, озодӣ ва адолатро дар ин сарҳадҳои биниши олами моддӣ тарҳрезӣ мекарданд. Ин равиши фаромиллигароӣ, албатта, танҳо дар шароити мусоид ва қабули ҳамгуни он аз тарафи ҳама неруҳои сиёсӣ ва аз нигоҳи таърихи умуми инсоният ва арзишшиносӣ хуб буд. Ин равиш бори фарзандони фарзонаи Одамро берун аз сарҳади миллат ва халқ мекашид. Онҳо гўё аз воқеият хеле пеш рафта буданд. Бо вуҷуди он, забони онҳо, муоширати илмии онҳо, сайру гашти хаёлоти илмии онҳо ва баъзан таъкидоти ватанпарастонаи онҳо забону халқияти маҳрум аз давлатро аз нестӣ то ҳадде нигоҳ дошт. Вале ин амал бо чунин равшанфикрони оламшумул, ки бедавлатону чодарнишинонро давлатдорӣ омўхта, саҳронишинонро савод дода, тамаддуни исломиро аз бўҳрони вазнини сиёсӣ ва динӣ раҳоӣ бахшид, дар муносибат бо падидаи сиёсии давлати халқӣ ва баъдан миллӣ хеле ночиз буд. Ҳамчунин, омили муҳими бурдбории миллат ва халқ аз он вобаста аст, ки дар чунин даврони тақдирсоз аҳли хиради даврон ба ҳамин даъватҳои бузурги таърихӣ, ки бо таърихи ояндаи миллат ва давлат сару кор дорад, чӣ тавр ҷавоб медиҳад. Албатта, барои ҳамон рўзгор ҳамин интихоби роҳ ва арзиш барои воқеият аҳамияти муҳимро дорост, вале барои он ки миллатро ба тарзи дурусти интихоби роҳ омода намоем, ба мо зарур аст, ки аз паси пардаҳои ғафси таърихӣ ҳамон рўзгорҳои пурталотуму тақдирсозро бидуни ҳама гуна субъективият ва манфиатҳои ҷудогона таҳлил намуда, баҳогузорӣ намоем. Академик Акбар Турсон ҳангоми муқоисаи ҳодисаи ибтидои даврони истиқлол бо ҳодисаи интиҳои ҳазораи аввал навишта буд: «Диндорони воломақому кўҳансолони элитаи Бухоро, ки дар интиҳои ҳазораи гузашта мардуми беяроқи шаҳрро аз муқобилат бо гурўҳҳои яроқбадасти сахт мусаллаҳи аҷнабӣ боздоштанд, то ҳол ба хиёнати манфиатҳои «миллӣ» гунаҳгор мебошанд. Аммо дар масъалаи нақши аз он ҳам вазнинтару манфитари «нимчамуллоҳои» замони мо, ки мардумро бо ҷанги хунини бародарон раҳсипор намуданд, чӣ гуфтан мумкин аст?!». Масъалагузории А. Турсон воқеан ҳам баҳои ҳақиқиро талаб менамояд. Бояд дар ҳолатҳои зарурӣ баҳои дуруст ва ҳақиқиро нисбат ба воқеият дода тавонем. Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳар ду ҳолат ба сари миллати мо бадбахтиҳои вазнин овард. Танҳо дар чунин сурат ба даъватҳо ва муаммоҳои вазнини сиёсӣ ҷавоби раднопазир додан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатии худ истодагарӣ кардан мумкин аст. Имрўз иддае бештар ба ифтихори таърихӣ такя намуда, аз сабақомўзию меросияти он оҷиз мемонанд. Миллате, ки ояндаро дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта, меросияти таърихиро зинда нигоҳ дорад. Ва дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ манфиати миллат, давлат ва наслҳои ояндаро дар мадди назар гирад. Таҳлили ин ва дигар нукоти раванди сиёсӣ ва инкишофи афкору интихоби арзишҳои ҳуқуқӣ равшан менамояд, ки дар масири таърих ва фазои ҳуқуқии олам гарчанде арзиши ватандӯстӣ, миллатгароӣ ва хештаншиносӣ, табиатан дар муқобили одамгароӣ, инсондӯстӣ, баробарию озодӣ маҳдуд ҳам бошад, нақши он дар бунёду асолати давлати соҳибихтиёр, ояндаи фарзандони миллат ва дурнамои халқ аз ҳар ҷиҳат қиматтар ва бузургтар аст. Бинобар он, халқ ва миллате, ки соҳибихтиёрии худро эълон намудааст, қабл аз ҳама бояд сари усулҳои ҳуқуқии дифои манфиати миллӣ ва худшиносии миллӣ андеша намуда, решаҳои бедории миллӣ ва худшиносии миллатро дар қалби мардумонаш кишт намояд.
Холиқзода А.Ғ. д.и.ҳ., проф директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шосаидзода Ш.Ш. н.и.ҳ. сардори шуъбаи пажӯҳиши танзими анъана ва диншиносии муқоисавӣ