Ватандӯстӣ омили таҳкимбахши амнияти миллӣ ва рушди ҷомеа

Осори гаронбаҳои ниёгонамон дар таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ нақши босазо дорад, зеро ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоки накӯ буданд. Аҳамияти омӯзиши осори тарбиявии гузаштагонамон аз он иборат аст, ки осори онҳо аз қабили “Пандномаи Бузургмеҳр”, “Дарахти ассурик”, «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ёри дониш»-и Абулфазл Ибни Муборак, «Синдбоднома», «Тутинома», «Носеҳ», «Туҳфат-ул-мулук», «Рисолаи воридот», «Анис-ул-муридин», «Манозир-ус-соирин»-и Абдуллоҳи Ансорӣ, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо асарҳои ахлоқии дигар дар тули асрҳо миллионҳо одамонро чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар Ғapб дар руҳияи адлу инсоф, некию инсондустӣ ва ватандустӣ тарбия кардаанд.
 
Қаҳрамонони «Шоҳнома» омодаанд, ки тамоми буду набуди худ, хешу пайвандонро, ҷонҳои ширинро қурбон кунанд, вале озодиву истиқлоли меҳанро ҳифз намоянд.
             Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
             Зану кӯдаку хурду пайванди хеш,
             Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
             В-аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
 
Аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва аз хазинаи бойи ахлоқию маънавии он бояд дар ҷараёни таълиму тарбия ба таври васеъ истифода бурд, ватанпарастӣ, савияи донишомӯзӣ, хунару зебоишиносӣ, сирати некию некухоҳӣ, худшиносӣ, худогохӣ, адлу адолат ва покию ростиро омӯхт. 
 
Омӯзишу пажӯҳиши зиндагинома ва мероси пурғановати Абуҳанифа имконият медиҳад, ки роҳу усулҳои раванди тарбияи насли наврасро тақвият бахшем ва онҳоро дар рӯҳияи баланди хештаншиносию ватанпарастӣ тарбия намоем.
Вақте, ки Расули Акрам (с) аз шаҳри Макка ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат мекарданд, гуфтанд: “Эй Ватан меҳри туро дар дил бо худ мебарам” .
 
Дар гузашта мардум ҳар ҷойе мерафтанд як каф хоки Ватанро бо худ мебурданд, агар дар ғарибиҳо ҷон медоданд, он хоки Ватанро дар болои гӯри ӯ мепошиданд то буйи Ватан ӯро тарк накунад. Ҳазрати Юсуф дар мулки Миср подшоҳӣ мекард, валекин мегуфт кош гадои Канъон-Ватанам мебудам.
 
Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохилипазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли маърифат бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро бар он зам менамояд.
 
Инсони некбахт на танҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан миҷа таҳ накарда, хидмат менамояд».
 
Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад. Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем. Чун гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ аз дини Ислом сӯиистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд.  
 
Ватандорӣ дар шахс ҳамон вақт дарк мегардад, ки ба қадри ҳар як ҷузъи ватан расад!
Дар асл ҳам иғвоангезон ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ созанд, аммо бадхоҳу душман ҳаргиз ба мақсад нарасидаасту оқибат бадном гардидааст.
 
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин руҳия  тарбия намоем. Садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем.Саъдии бузургвор мефармояд:
    Саъдиё ҳубби ватан гарчи ҳадисест заъиф,
    Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман инҷо зодаам.
 
Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем мо садди роҳи воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу ифротгаро шавем. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо падидаҳои номатлуби замони муосир ба монанди ифротгароӣ ва терроризм ба сулҳу субот ва амнияти тамоми кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон хатарзо мебошад. Ифротгароиву терроризм танҳо ба як намуд маҳдуд нест. Рушди технологияи муосири коммуникатсионӣ, аз як тараф, дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хоса соҳаи хизматрасонӣ имконияти мусоиди рушд фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, он боиси сӯистифода шудани ин восита аз тарафи созмонҳои ифротгарову террористӣ гардидааст. Мо худ шоҳид ҳастем, ки бо роҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури ҷавонон тағйир дода мешавад. Садҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гирифтор гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд.
 
Аз нигоҳи Пешвои миллат “яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеаи башар бештар намудааст. Сар задании ҳодисаҳои инфиҷорӣ на танҳо сабаби ҳалокати одамон, ҳамчунин боварии аҳолиро нисбати мақомоти давлатӣ ва амниятӣ коста гардонида, иштироки сиёсӣ ва фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба дараҷае суст мегардонад.
 
Барои ноил шудан ба натиҷаи хуби рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти халқу давлатиро ҳифз намоем. Дар шароити имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ ба қадри сулҳу амният расидан ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқ, махсусан мо ҷавонон мебошад.
Шамъи каҷ охир бисӯзад шишаи фонусро,
Қавми беғайрат чи донад қиммати номусро.
 
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика