ВАТАН МАРЗИ НОМУСИ МИЛЛАТ АСТ!

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар қисми ҳарбии 0306-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳияи Панҷ бо афсарону сарбозон дар мавзуи "Ватан марзи номуси миллат аст" мулоқот баргузор шуд.

Дар мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, генерал-майор - Назарзода Турабек, сухангӯйи Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллоҳи Қодирӣ ва раиси ноҳияи Панҷ - Зарифхуҷа Шоҳиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мулоқот дар Кохи "Ҷасорат" сурат гирифта, дар он афсарони Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Хатлон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0306 ва 0332-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа, инчунин, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Мулоқот бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, генерал-майор - Турабек Назарзода оғоз шуд. Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабинӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иқдоми нек маҳсуб меёбад.

Дар идома, раиси ноҳияи Панҷ - Зарифхуҷа Шоҳиён суханронӣ намуда, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, дар идома аз дастгирӣ ва иқдомҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати афсарону сарбозони сохторҳои ҳарбӣ ёдоварӣ кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам дар оғози суханронии хеш афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ таҳният хонда, зикр кард, ки барои ҳар як ҷавонмард хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи бузург ва қарзу фарзи виҷдониву имонӣ маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки қудрату тавоноии ҳар як давлату миллат аз зӯру тавони артиши он вобаста аст. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, хусусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ чун ворисони асили Рустам, Спитамену Темурмалик ва ҳазорон фарзандони қаҳрамону шуҷоъ бо ҷасорату мардонагӣ дар хатти муқаддами ҳимояи марзу бум хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд. Давлат ва миллат бо доштани чунин фарзандони ҷасуру далер фахр мекунад.

Дар идомаи мулоқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуда, дар навбати худ сарбозону афсаронро бо ҷашнашон табрик гуфт. Қайд гардид, ки: “Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад, дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ба як сохтори муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошт ва дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан, таърихӣ анҷом дод”.

Сухангӯйи Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ" дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш зикр кард, ки сарбози Ватан будан бузургтарин мартаба ва муҳимтарин марҳилаи зиндагии ҳар як ҷавонмард аст. Дар рафти хизмат дар сафи артиш ҷавонмард қарзи хешро дар назди Ватан, миллат ва аҳли оилаи хеш адо мекунад. Ҷавонони мо бояд, таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо нангу номуси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатдорӣ ҳамеша дар пайи рушду пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.

Пас аз суханрониҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як қатор афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бознашр аз сомонаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Яндекс.Метрика