Санаи 2-юми феврали соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки қисми ҳарбии 54 53 – и Раёсати қушунҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Нахуст, муаррифии меҳмонон аз тарафи командири қисми ҳарбии 5453 - и Раёсати қушунҳои корҳои дохилӣ полковник, Исмоилзода Исроил Бурҳон сурат гирифта, сипас сухан ба сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ дода шуд.
Мавсуф дар бораи оқибатҳои истифодаи нодурусти интернет, раванди ҷаҳонишавӣ, неъматҳои истиқлолият, худшиносӣ ва Ватандустӣ бар асоси формулаи (Х.Х.Х.) ё (Т.Т.Т.) суҳбат намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ Наҷотзода Мутеъулло - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ дар мавзӯи “Зарари ҳамҷинсгароӣ аз назари дини ислом” маърӯза намуд.
Дар фарҷом байни афсарону сарбозон доир ба истифодаи нодурусти интернет, раванди ҷаҳонишавӣ, худшиносӣ ва Ватандустӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ