Вохӯрии судманд дар шаҳри Турсунзода

Санаи 15-уми майи соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвадӣ ва ходимони дини кишвар баён доштанд, инчунин, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мулоқоти навбатии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим бо раисони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шӯрои кор бо занону ҷавонон, собиқадорон, раисони маҳаллаҳо, ходимони дини шаҳри Турсунзода баргузор гардид. 
 
Дар мулоқот директори Маркази исломшиносӣ А. Холиқзода, муовини Раиси ноҳия С. Остоназода, кормандони Марказ Ҳ. Шокиров, М. Наботов, М. Наҷотзода ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарифзода иштирок ва дар мавзуъҳои зерин: моҳияти қонунҳои миллӣ, нишон додани роҳи дурусти диёнату маърифат, робита надоштани хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом, як раванди сунъӣ будани сиёсикунонии дин, ҳифзи арзишҳои созандаи дини ислом, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, қарори Суди Олӣ дар бораи манъи фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ, гирифтани пеши роҳи шуҳратталабиву намоишкорӣ, ҳаҷ набудани умра, хурофот, ҷаҳолат буда, хатарест ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, хайру садақоти ҷория, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, тафриқаи мазҳабӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ифротшавии ҷавонон, тарҳҳои зебову гуногунии либоси миллӣ,  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуданд. 
 
Ҳ. Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
 
Маҳмадm Наботов - сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи исломӣ 
 
Яндекс.Метрика