Вохӯрӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар шаҳри Панҷакент

Санаи 28 - уми ноябри соли 2023 вохӯрии кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президен¬ти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои бандҳои 2,3,4 ва 5 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2023 № АП-350  баргузор гардид. 
 
Дар вохӯрӣ котиби илмии Маркази исломшиносӣ Маҳрамбеков Маҳарамбек, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
 
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки истиқлолияти миллию давлатӣ  дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ аз ҷумла, дар Тоҷикистон  барои ба даст овардани ба болоравии худшиносии миллӣ ва динӣ мусоидат карда бошад, дар айни замон барои мардуми ин кишварҳо мушкилотҳои наве эҷод намуд, ки ҳалли онҳо вақти муайян  ва таҷрибаи сиёсӣ дар соҳаи  давлатдорӣ тақозо дорад. Азбаски эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ  маҳсуб меёбад, ҷомеа ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ таваҷҷўи бештар зоҳир намуд. Вале муносибат ба таърих, ба  фарҳанги миллӣ ва динӣ дар ин давра ба мавзўи баҳси тўлонии миёни ҳизбу ҳаракатҳо табдил ёфта, ба ин дам як назарияи ягона доир ба масъалаи нақши арзишҳои миллию мазҳабӣ дар рушду такмили давлати миллӣ ба як  андешаи комилан ҷавобгў ба ҳама ба миён наомад. Зеро имрӯз  ислом на танҳо чун дин  арзиши фарҳангӣ- маънавӣ ҳамчунин  яке  аз омилҳои амнияти мантақа   нақши хоси сиёсӣ низ  касб кардааст. Азбаски ислом ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ дар қабати арзишҳои миллӣ дар давлати миллӣ нақши  мутаҳидкунанда дорад, метавонад бозад, он аз ҷониби  гурўҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ низ метавонанд ҳамчун омили сиёсӣ барои расидан ба қудрат истифода гардад.
 
Маълум аст, ки сохти сиёсии пешгирифтаи ҳамаи кишварҳои ин мантақа дунявият аст, ва ҳеҷ кадом динро ба сифати  идеологияи  давлатӣ напазируфтааст. Маҳз дунявият бисёрмафкуравӣ, заминаи ақидатии давлатҳои миллиро ташаккул медиҳад.Аз ин раванд дин низ дар канора набуда, балки  метавонад омили созанда ва ё сўзанда бошад. Таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ дар ҷомеа ҷиҳати тезу тунд кардани муносибатҳои миёни мардум аз рўи муносибатҳояшон ба дин ба назар мерасанд.
 
Ҷавонон аз пастии маърифати динӣ ва сиёсӣ чунин падидаҳои номатлуби ҷараёнҳои ифротгароро пайравӣ намуда эътиқод доранд, ки ин ягона роҳи расидан ба мартабҳаи ормонҳои динӣ ва бо ҳамин роҳ динро аз ҳаргуна хатарҳо ҳифз мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳақиқат чизи дигар аст. 
 
Дар ин марҳала  дин  ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии мардуми мусулмони кишвар низ метавонад мақом ва нақши муайян дошта бошад. Зеро давлати миллӣ динро аз нав  эътироф  ва эҳё гардонд. Эҳё гардидани дин баъди карахтии чандинсола  ҳодисаи фавқулода набуда, балки як падидаи табиист, зеро ин арзиши маънавӣ мардуми мусулмони кишвар буд ва ҳаст ва мардум ба он ҳамеша эҳтиёҷ дошт. 
 
Мусаллам аст, ки новобаста аз сохтори сиёсии давлатҳои миллие, ки аксари аҳолии онҳоро мардуми мусулмон ташкил медиҳанд,  дини ислом  мавриди эҳтироми ҳамагон  қарор дорад ва дар рушди масъалаҳои иҷтимоӣ хусусан ахлоқӣ – маънавии ҷомеа мақоми худро дорад.
 
Воқеан давраи гузариш аз як сохти ҷамъиятию давлатдорӣ ба сохтори дигар мушкилоти зиёд пеш меорад ва ин гузариш барои ҷомеаҳои анъанавие, ки ҳанӯз барои қабул ва бунёди ҷомеаи навин ва давлати дунявӣ омода нестанд, боз ҳам душвортар хоҳад буд. 
 
Дар натиҷаи табадуллотҳо ва тағйиротҳои солҳои охир воқеан тамоми ҷанбаҳои иҷтимоӣ - сиёсӣ ҷомеа ба дигаргунии куллӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ва ин пеш аз ҳама ба чанд омили асосӣ: ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун омили ташкилкунандаи давлати ҳуқуқбунёд, озодии эътиқод, эътироф гардидани дин ҳамчун қисмати таркибии фарҳанги миллӣ вобаста мебошанд. 
 
Барои бунёди давлати миллӣ андешаи миллӣ заминаи  асосӣ хоҳад шуд. Мафҳуми андешаи миллӣ бошад робитаи бевосита бо миллат дошта, ҳамчун маҷмӯи ақидаҳои назариявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангист, ки дар шуури одамон иъикос ёфта, таъмини ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, рушди фарҳанг ва забон, расму оини динӣ ва миллӣ мақсади асосии он мебошад ва баъдан ормонҳои миллиро дар пояи арзишҳои умумибашарӣ иъикос мекунад.
 
Маҳрамбеков Маҳрамбек
 
 
 
Яндекс.Метрика