ВОХӮРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ НОҲИЯҲОИ НУРОБОД, РАШТ ВА САНГВОР

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Нуробод санаи 10 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрӣ дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Додарҷон Ҷобирзода -раиси ноҳияи Нуробод, Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич - директори Агентии хизмати давлатӣ, Мавлоназаровов Силмон Султонназарович- профессори пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, Давлатов Зубайдулло-муовини сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиши диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акобирзода Дилшод сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ мубориза бо коррупсияи ҶТ ва прокурори ноҳияи Нуробод Ҷуразода Зоир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Сангвор иштирок доштанд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳайати раёсатро муаррифӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Давлатов Ҷ. М. қайд намуд, ки вохӯрии мазкур дар доираи амали Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, доир гардида истодааст.

Дар рафти вохўрӣ ҳамзамон намояндагони вазорату идораҳо, масъулини тадбиқи Стратегияи мазкур суханронӣ намуда, вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, ҳадафу мақсадҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ободонию созандагии кишвар ибрози андеша намуданд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи бетартибонаи сомонаҳои интернетӣ, бефарқии атрофиён ва амсоли инҳо мебошанд. Дар фарҷоми чорабинӣ, аз аҳли ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар бетараф набошем.

Дар охир Одинаев Қадриддин, Додова Ситора ва Раҳмонов Ҳадятулло, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул шуданашон бо тантана ва бо ҳиси баланди ватандӯстӣ савганд ёд намуданд.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика