Вохӯрӣ дар ҷамоатҳои Зарҳалол ва Сабристони шаҳри Истравшан

     Санаи 14 – уми майи солии равон дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли 2024, инчунин дар асоси Нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ, мулокотхо таҳти сарпарастии мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизуло Мирзозода, Абдуллозода Азимҷон Неъмат корманди Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исоев Насимҷон сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ ва корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каландаров Бурхониддин дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Сабристони шаҳри Истравшан бо намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеъ баргузор гардид.
 
   Зимни мулоқот гурӯҳи корӣ дар мавзуоти зерин: роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуби хурофотпарастӣ, тақлидкорӣ, зоҳирпарастӣ, зиёрати умраи такрорӣ, хатарҳои сиёсисозии дин, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, риояи қонунҳои миллӣ, хатарҳои гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ суҳбат оростанд.
 
   Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо маьлум гардид, ки эродҳои Пешвои миллат дар ҷараёни мулоқот бо намоядагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9 –уми марти соли равон) самара ба бор оварда, теъдоди умракунандагон ба маротиб кам гардидааст.
 
   Дар ҷамоати деҳоти Сабристон теьдоди хочиҳо тайи даҳ соли охир 200 нафарро ташкил медихад. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои худ дар сохтмони бинои мактаби ҷамоати худ сахмгузор бошанд. 
 
  Дар тамоми чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  иштирок доштанд.
 
Мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизуло Мирзозода.
Яндекс.Метрика