Геополитика: манфиат ва амният

Муҳимтарин вазифаи илм тавассути инфрасохтори махсус - назария, таҳлили таҷриба, озмоиш, бозсанҷиҳо ва истифодаи дурусти истилоҳот, расидан ба дарки моҳияти масъала мебошад. Дигар роҳи гирифтани маълумоти дорои аҳаммияти иҷтимоӣ аз имкон берун аст.

Категорияҳои фалсафие, ки дар ин ҷода - шинохти асли масъала, махсусан, дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба кор меояд, "моҳият ва зуҳурот" аст. Он на танҳо барои мутахассисони соҳаи илм, кормандони самтҳои идеологӣ, таълиму тарбия, балки барои ҳар нафаре мехоҳад фаҳмад, ки ҳама гуна шиорҳо, даъватҳо, гуфторҳо, рафторҳо, тафсири ин ё он масъала, сарфи назар аз "намуди зоҳирӣ", "рангу бор", ҷолиб будан, чӣ маъно дорад, манфиати кадом гурӯҳро ҳимоя мекунад, ниҳоят муҳим аст. Ҳатто барои нафароне, ки дар муқобили Ватани ачдодӣ ва манфиатҳои миллии хеш, худро дар ҳар қолаб ба намоиш гузоштанианд.

Тафсири пурраи категорияҳои номбурда вазифаи ин мақола нест. Фақат ёдовар шуданӣ ҳастем, ки моҳиятро дарк кардан - расидан ба умқи масъала, ба асл, ба ҷавҳар, ба решаи масъала аст. "Аммо то вақте ки инсон ба ақидаи шахшудамондааш эътиқод дорад, дар ниҳодаш бо ҳамон афкори фарсуда мемонад. Ислоҳнопазирии эшон моҳиятан ногузир хоҳад буд" (Л. Фейербах. История философии. т. 3. - М., 1967, с. 81).

Вазъи имрӯзаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, сулҳу суботи Тоҷикистон - воқеият аст. Барои имрӯз. Барои таърих. Онро инкор кардан мумкин нест. "Имрӯза (ҳоло, ҳозир, айни замон - С.Я.) "моҳият" - ҷавҳари ҳақиқат аст" (Л. Фейербах. История философии. т. 3. - М., 1967, с. 146). Ин воқеият, сарфи назар аз баъзе норасоиҳои объективӣ, дар вазъи ниҳоят мушкил ва ҳассоси таърихӣ, геополитикӣ, боиси ифтихор аст. Моҳият ҳамин аст.

Инъикос ва тафсири чунин воқеият дар майнаи инсон вобаста ба дараҷаи фаҳм, идрок, донишҳо, таҷриба, масъулият, инсоф ва албатта, сифати шахсияти ӯст. Дар ҳар шакл вокунишҳо бевосита нисбат ба моҳият (воқеият), зуҳурот ном дорад. Масъала ниҳоят доманадор аст. Лекин барои ҳарчи кӯтоҳ кардани сухан дар доираи дарки пурраи "моҳият ва зуҳурот" ин нуктаро хотирнишон бояд сохт: истилоҳоти "ҷиҳод", "мубориза ба хотири исломи ноб", "сохтани давлати исломӣ", "шаҳид гаштан дар роҳи ислом", "мубориза бо куффор", "пуштибонӣ аз ислом дар рӯи олам" ва монанди инҳо, ки имрӯз аз номи бозигарони геополитикии сатҳҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пуштибонони онҳо садо медиҳанд, ба дини ислом муносибати аслӣ надоранд. Зеро "дар доираи дин, ислом муъҷизаи осмонӣ, фавқуттабиӣ аст. Диёнат аст. Имон аст. Боварӣ ва ихлоси маънавию рӯҳонӣ аст.

Дар доираи сиёсат - ислом олот, васила, роҳу усул ва воситаи сиёсат аст" (М. Давлатов). Аз ин ваҷҳ, ислом ба манфиати на уммати мусулмон, балки барои гурӯҳе, ҳизбе, ки ба ҷавҳари он бегона аст, хизмат мекунад.

Дар чаҳорчӯби нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Барои ҳар кишвар аз дохили мардумони он кишвар. Аз ҳамин лиҳоз, гоҳо бояд ба инобат гирифт, ки "Рафтори ғулом на ҳама вақт рафтори худи ғулом аст" (Г. Лихтенберг). Маҷаллаи "Шпигел"-и Олмон дар як таҳлили воқеъбинона вобаста ба ҷавонони мусулмон менависад: "Аҷаб қавмеанд монанд ба соат. Онҳоро пур мекунанд. Рафтан мегиранд. Ва намедонанд: барои чӣ?". Аз лиҳози илмӣ ин чӣ падида аст?Ин зуҳурот ба назари мо чизи одӣ аст. Ба шарте сабр ва аз ҳама муҳим, майл ва тавони фаҳмидани он бошад.

Бояд донист, ки кураи замин аз давлатҳои хурд ва бузург иборат аст. Назарияи антропоморфизм вуҷуд дорад. Тибқи он давлат ҳамчун организми зинда тасаввур карда мешавад. Ҳамчун мавҷудоти биологӣ. Ҳамчун инсон. Давлат "шахси соҳиби шуур" дар рӯи замин мебошад, рафторҳое аз худ ба намоиш мегузорад, ки дар ин асос тарҳрезӣ ва роҳандозӣ карда мешавад (Аристотел). Вобаста ба вазн, қувва, иқтидор, тавоноии интеллектуалӣ ва физикӣ амал мекунад. "Ба одам деҳ ҳама он чизеро, ки ӯ мехоҳад. Ҳамон дақиқа ӯ ҳис мекунад, ки ин ҳама чиз, ҳанӯз на ҳама чиз аст" (И. Кант). Яъне иҷроиши як талабот, ҳамзамон, талаботи дигарро тавлид мекунад. Ин ҷараён охир надорад. Ва чунин аст талаботи инсон. Чунин аст талаботи давлат.

Дар доираи манфиатҳои геополитикӣ (муносибати сиёсӣ ба сиёсати хориҷӣ, ки рафторҳои сиёсӣ ва имконоти ҳарбиро дар муҳити физикӣ пешгӯӣ мекунад ва тафсир менамояд" (J.C. Plano, R. Olton. The International Dictionary. - California, 1982. - Р. 98), тавре таъкид гардид, ин амал сифати абадиро касб кардааст. Қувваҳои бузурги истеҳсолкунанда, ки тавоноии моддӣ ва молии ҷаҳон мансуби онҳост (дар назар аст қудратҳои ҷаҳонӣ ва бо ном минтақавӣ), ҳамзамон тарроҳ, муаллиф ва таҳиякунандаи системаи муайяни идеологии (ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ, шинохти олам бо айнаки онон сохташуда) дунё мебошанд. Онҳо ин "ҳақ"-ро доранд. Додани ҳуқуқ ҳам моли онҳост. Чунки сохтани идеологияи идора кардани равандҳои геполитикӣ ва амалӣ кардани он - дар майнаи мардуми олам ҷой карда тавонистани ақл, донишҳои илмӣ (на дигар), касбият, технологияи электронӣ, ҳарбӣ ва ғайраро тақозо мекунад.

Кишварҳои мусулмоннишин, мутаассифона, ин қудратро надоранд. Баъзе аз онон кӯшиши даступоҷунбонӣ ҳам, ки кунанд, дараҷаи муайянкунандагиро касб накардаанд. Аз ҳамин лиҳоз, "Лашкари Тайиба", "Ҷайши Муҳаммад", "Ҷундуллоҳ", "Ал-Қоида", "ҲИӮ", "ДОИШ", "Ансоруллоҳ", "ҲНИТ", "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ", "Ҳизб-ут-Таҳрир", "Қодирия", "Акрамия", "Салафия", "Ваҳҳобия" ва ба ин монанд ҳизбу ҳаракатҳои террористиро тавлид кунонидаанд.

Фаъолони ин ҳизбу ҳаракатҳо, ки хеле омиёна, содалавҳона аз даричаи интернет намуди манфури инсониро ба оламиён ба намоиш гузоштаанд, баъзеи онҳо ким-чӣ гуфтанӣ ва ким-чӣ навиштанӣ ҳам мешаванд, танҳо нафратро не, балки афсӯс, надомат, эҳсоси ҳақирӣ, нотавонии ақлӣ, касодии маънавӣ, донишу тасаввуроти одиву омӣ нисбати дарки маънии ҳастӣ - ватандорӣ, давлатсозӣ ва давлатдориро аз худ асар мегузоранд. Аз ҳамин лиҳоз аст: "ҳар он ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад" (Ҳофиз). Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъмини амнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешаванд. Ашхосе, ки дар роҳи хиёнат ба манфиатҳои миллии хеш ворид мегарданд, аз системаи таъмини амнияти миллии Ватани худ берун гашта, дар системаи таъмини амнияти миллии давлати бегона ворид мегарданд ва фаъолият мекунанд.

Гумон намеравад, ки ин тезис зиёд нофаҳмо бошад. Зеро "ҳақиқати абстрактӣ вуҷуд надорад. Ҳақиқат ҳама вақт мушаххас аст" (Г.Ф. Гегел). Барои илм раванд, падида ва структураи ин қабил шахсиятҳо объекти истеҳзо буда наметавонад. Онҳо ниёз ба таҳқиқ, омӯзиш, сабабмуайянкунӣ ва тасмимгирӣ ба манфиати ояндабинию солимгардонии ҷомеаро доранд. Илм: адабиёт ва амният Илмро бо адабиёт як донистан мумкин нест. Аммо муқобил гузоштани ин ду шакли ҷаҳонбинӣ ҳам ба ҳақиқат дуруст намеояд. Агар илм тавассути истилоҳот, мафҳумҳо воқеиятро инъикос кунад, адабиёт онро тавассути образҳо таҷассум менамояд.

Ҳодисаҳое, ки дар шароити кунунӣ вобаста ба вазъияти таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат рух медиҳанд, бо метод ва методологияи илмӣ ба пуррагӣ мавриди тадқиқ метавонанд қарор гиранд. Аммо илм фазоеро, ки хулосаи чунин маълумот ба мақсадҳои амалии худ ба таври басанда кор кунад ва натиҷаи мавриди назарро ба бор орад, таъмин карда наметавонад. Фаҳми истилоҳот, мафҳум ва назарияҳои илмӣ ба субъект - объектҳои фаъоле, ки ҳамчун воситаи нигаронӣ дар таъмини амнияти миллӣ ҳастанд, дар аксари вақт, ниҳоят душвор ва номумкин мебошад. Аз тарафи дигар, натиҷаи тадқиқоти илмӣ дар шакли назария ба ин ашхос нигаронида ҳам нашудааст. Илм хосияти системаофаринӣ дорад.

Аз натиҷаҳои дақиқи тадқиқоти илмӣ ҳар як ҷузъи системаи ягонаи таъмини амнияти миллӣ, дар вобастагӣ ба салоҳият, функсия ва вазифаҳояш истифода мекунад. Адабиёт муҳимтарин ҷузъи ин система мебошад. Трансформатсияи (табдили) тадқиқоти илмӣ, ошкор кардани сабаб ва оқибат, моҳият ва зуҳуроте, ки таъмини амнияти миллиро зери хатар мебарад, зарур аст, тавассути инфрасохтори бадеӣ - одӣ, фаҳмо бо образҳо, ҷузъиёти марбути эмотсионалӣ ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ фаҳмонида шавад.

Дар ин раванд қудрати каломи бадеӣ дар офаридани ҳар гуна асари одӣ (нақшавӣ, барои ҳисоботдиҳӣ) нест. Он бояд равиши ниҳоят мушкили давлатофаринӣ ва миллатсозии замони навинро давра ба давра таҷассум карда тавонад. Образҳои қаҳрамонон - хирадмандӣ, корнамоӣ, ҷавонмардӣ, хислатҳои олии инсонпарварона, миллатдӯстӣ ва ватанпарастии онон дараҷаи ғоявию эстетикии асарҳои бадеиро ташкил кунад. Ҳамзамон барои ҳаматарафа нишон додани қаҳрамонони мусбат, тарафҳои манфӣ - сабаб ва натиҷаҳои аъмоли ашхосеро, ки роҳи созандаи ҳаёти имрӯзаро сарфи назар мекунанд, муваффақиятҳои бузурги давлати миллии моро дар кӯтоҳтарин давраи таърихӣ нодида мегиранд, ба ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм рӯ овардаанд, ба номи давлат ва миллат иснод меоранд, ошкор созанд. Бузургии тафаккури бадеӣ дар тавони дидани воқеоти реалӣ, ҳодисаҳо, равандҳои ҷомеа дар маҷмӯъ, ягонагӣ дар алоқамандӣ бо ҳамдигар мебошад. Он чизеро, ки дар ифода карданаш илм мувоҷеҳ бо мушкилот мегардад, сухани бадеӣ хеле сода, одӣ, ба таври оммафаҳм, заминӣ ифода мекунад. Яъне, барои таъмини мақсадҳои амнияти миллӣ аз беҳтарин воситаҳост. Аммо ин кори осон нест. Барои офаридани асаре, ки мардум онро қабул мекунад, хотирмон аст, хонанда (бинанда ва шунаванда)-ро ба фикр кардан ҳидоят менамояд, ба мақсади гузоштаи нависанда (иштирокчии фаъоли системаи таъмини амнияти миллат) наздик мешавад, зарур аст, ӯ масъаларо ҷиддан, аз нуқтаи назари илмӣ дарк кунад, худ ба он идея муътақид бошад. Асари ӯ аз таҷрибаи дар тарозуи эҳсоси масъулият ва воқеият санҷидашуда сарчашма бигирад.

Маълум аст, ки мубориза барои расидан ба истиқлолият ками дар кам таърихи сеҳазорсола дорад. Бузургтарин Шахсияти даҳ асри ахири Миллати Тоҷик ин ормонро бо қаҳрамонӣ, шуҷоатмандии бемисл, азхудгузаштанҳо, хирадмандӣ, солорӣ тавонист амалӣ созад. Миллатро сарҷамъ намояд. Давлатро бунёд ва Тоҷиконро бо сари баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Эҷодиёти бадеӣ дар як амалиёти фикрӣ метавонад хеле осон сайри таърихӣ анҷом диҳад. Воқеияти имрӯзро тасвир созад. Ояндаро пешгӯӣ кунад. Ҳидоят намояд. Ҳушдор диҳад. Ба назар мерасад, ки адабиётшиносӣ имкон дорад, мисли замони гузашта аз ганҷинаи адабиёти классикии тоҷик барои таҳкими давлатдории миллӣ ва амнияти миллӣ тахассусмандона, бо масъулияти бузурги рукнҳои конститутсионӣ истифода кунад. Аҷдодони бузурги миллати тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абӯалӣ Сино, Носири Хисрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва бисёри дигар адибон ва донишмандон дар фаҳми илмии воқеият, тарғиби хирад, дониш, таҷрибаи инсонӣ, мубориза ба муқобили хурофотпарастӣ хизмати бебаҳо кардаанд. Онҳо равшангароии миллатро аз асосҳои муҳимтарини ҳаёти худ донистаанд. Дар ин бобат зарур аст, таҷрибаи пешини ба мо маълум (се принсипи реализм) дар мувофиқ кунонидан ба манфиатҳои миллӣ истифода гардад. Осори классикони адабиёти тоҷик ба бисёре аз дардҳои рӯзмарра марҳам шуда метавонанд. Дараҷаи таъмини амнияти миллӣ бо тамоми роҳу восита наздик гаштан ба илм, маориф, фаҳми воқеии равандҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бе адабиёт расидан ба ин мақсад номумкин аст.

Хулоса Система, структура ва функсияҳои таъмини амнияти давлатӣ ҳамон вақт метавонад вазифаҳои худро дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда муваффақона таъмин созад, ки ба илм, маърифат тавассути қатъиян ба инобат гирифтани қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккури инсонӣ муносибат намояд. Агар дар тамоми соҳа (сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф ва ғайра) доштани маълумот муҳимтарин ҷузъи фаъолият бошад, барои таъмини амнияти давлат, шахс ва ҷомеа ин қисмат ҳаётан муҳим маҳсуб мегардад. Гирифтани маълумоти касбии аҳаммияти иҷтимоидошта ҳаваскорӣ (тавре ки хотиррасон гардид, гимнастикаи забону гӯш ва баръакс) нест. Масъулияти қонунӣ, меъёрӣ - ҳуқуқӣ, касбӣ ва махсусан ахлоқиву маънавӣ аст. Агар илмӣ ҳам набошад, дар ҳамин асос бояд ташкил, роҳандозӣ ва баҳогузорӣ карда шавад. Ҳамчунон, субъект, раванд ва фактҳое, ки тибқи салоҳдид мадди назар гирифта мешаванд, ба таҷзия, таҳлил, муқоиса, бозсанҷӣ ва арзёбии ҷиддӣ ниёз доранд.Муайян кардани генезис, этиология, омил ва сабабҳои воқеот ба хотири бартараф ва пешгирӣ намудани онон аз шартҳои асосии фаъолият мебошанд.

Ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи мусобиқаи интеллектуалӣ байни сохторҳои ин муассиса бо террористҳо, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, объектҳои таҳти назар муайянкардаи қонун нест. Роҳ, метод, усул ва шаклҳои мубориза бо онҳо маълуманд. Аммо ба истифодаи истилоҳи "мусобиқа" бо сохтор арзиш надоранд. Аммо ба истифодаи истилоҳи "мусобиқа" бо сохтор арзиш надоранд. Ин мусобиқа, қувваозмоӣ байни органҳои таъмини амнияти миллӣ ва бозигарони пуштипардагии онон дар ҳар сатҳе, ки бошад ва иштироки фаъолонаро дар ҷараёни аз байн бурдани омилҳое, ки зуҳуроти терроризм, экстремизм, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро моҳиятан тавлид, ташкил ва роҳандозӣ мекунанд, дар назар дорад.

С. ЯТИМОВ Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” , 30.05.2017 №: 107

 

Таҳиякунандаи мавод: А.Қодирӣ

Яндекс.Метрика