Даргириҳои мазҳабӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои миёна

Бояд қайд намуд, ки мавзӯи мазкур на он қадар мавриди назар ва таҳқиқи таърихнависон баррасӣ шудааст. Аксари ихтилофҳо дар давоми таърихи ислом аслан миёни аҳли суннат ва  шиа рӯй додааст ва иттилооти мо ҳам бештар атрофи ин гуна муноқишаҳост. Таҷриба нишон медиҳад, ки низоъҳои мазҳабӣ ҳамеша хунину бераҳмона буда, дар онҳо тарафҳои диргир мехоҳанд дуруст будани роҳи худро собит созанд. Омӯзишу таҳқиқи ин мавзӯъ барои ҳамеша лозими буда, зеро қисмате аз таърихи мо ба шумор меравад. Дар оғози асри даҳуми мелодӣ ҷуғрофияи ҷаҳони ислом аз Испания то Ҳиндустону Хуталон тӯл мекашид. Ин асрест, ки донишмандони ғарбӣ онро асри эҳё ё реннесанси мусалмонӣ медонанд. Густариши илму дониш ва озодандешию имкони мубоҳисаҳои илмӣ ба равнақу шукуфонии тамаддуни исломӣ таъсиргузор шуд. Аммо ин ҳолат дер давом накард. Мо аз миёнаи асри X шоҳиди даргириҳои пайваста дар ҷаҳони ислом мешавем.
 
Агар мо бештари ихтилофу низоъҳои мазҳабии таърихи исломро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, дар тамоми он ба як воқеият рӯ ба рӯ мегардем, ки он фаъолияти гурӯҳҳои мутаасиб аз ҳарду ҷониби даргир мебошад. Аз ҷониби дигар бояд гуфт, ки дахолати силсилаҳои ҳукуматгар ҳам бар ихтилофу низоъҳои мазҳабӣ афзудааст. Намунаи чунин нооромиҳо рақобату зиддият дар байни пайравони мактабҳои фиқҳии шофеӣ ва ҳанафӣ дар шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сар задани чунин низоъҳо решаи мазҳабӣ надоранд, балки аз омилҳои сиёсӣ ва ангезаҳои иқтисодию иҷтимоӣ маншаъ мегиранд.
 
Дар асри X ҷонибдорону пайравони мазҳаби аҳли ташайюъ бо қудрати бештар ёфтан дар баъзе шаҳрҳо сабаби нигаронии пешвоёни аҳли суннат гардиданд. Фотимиён дар Тунису Миср ва Бувайҳиён дар қисмати ғарби Эрону Бағдод муддате ҳукумат ронда, бо Аббосиён ба рақобат бархостанд.
 
Нофаҳмию бадбини ва ихтилофҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр дар зери таъсири вазъи шаҳрҳои марказии хилофат, аз ҷумла Бағдод ҳамчун пойтахти ҷаҳони ислом сурат мегирифтанд. Ихтилофи ҷиддӣ дар ин замина “миёни шиаҳову ҳанбалиён, ки аз миёни фирқаҳои аҳли суннат таассуби бештар доранд, ба амал меомад”. Ҳанбалиёну шиаҳо дар маҳаллаҳои мухталифи Бағдод ба сар мебурданд, ки гувоҳи ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ таалуқ доштани онҳо буд.
 
Халифаҳои аббосӣ, ки беш аз панҷсад сол раҳбарии маънавии ҷаҳони исломро бар уҳда доштанд, самти ягонаву устувори сиёсиву мазҳабӣ надоштанд, ки ин ҳам дар навбати худ мӯҷиби шиддат ёфтани ихтилофҳои мазҳабӣ мегашт. Барои мисол халифа Мутаваккил (847-861) нисбат ба шиаҳо сахтгирӣ карда, дастур дод мазори Ҳусайн ибни Алӣ хароб карда шавад, вале халифаи дигар Муътазид(892-902), ки ҳамасри Исмоили сомонист, “соли 897 дастур дод бар минбар халифа Муовияро лаънат кунанд, вале вазираш ӯро аз авҷ гирифтани ҷангу ҷидол ва таасубҳо, ҳамзамон бештар гаштани иддаову забондарозии Алавиён бим доду аз ин кор ӯро манъ кард”.
 
 Дар замони ҳаёти муаррих ва муфассири маъруф Имом табарӣ баҳсҳои гуногуни фиқҳӣ асосан миёни ҳанбалиҳову шиаҳо ва инчунин байни пайравони мактабҳи фиқҳии аҳли суннат, аз ҷумла шофеиёну ҳанафиён ва салафиҳову муътазилиҳо ҷараён дошт. Ин баҳсу хусумату нофаҳмоиҳо то ба он дараҷа расид, ки “салафиҳои рӯзгор нагузоштанд мардум ба назди Табарӣ оянду зери минбари дарси ӯ бинишинанд”. Зеро ин донишманди тавоно дар мубоҳисаҳои илмӣ бо салафиҳо пирӯз гашта, мавқеи илмии онҳоро заиф кард.
 
Ӯ ҳатто Аҳмади Ҳанбалро ҳамчун фақеҳ неву чун муҳаддис эътироф мекард, ки ин ҳам боиси нороҳатии ҳанбалиён мегашт. Дар охири асри IX ва чоряки аввали асри X ҳанбалиён пурнуфузтарин ҷараёни Бағдод маҳсуб гашта, ҳатто халифаҳои аббосӣ аз таассуби онҳо метарсиданд. Ёқути Ҳамавӣ дар “Мӯъҷаму-л-удабо” овардааст, ки ҳанбалиён ба масҷиди одина омада аз Табарӣ дар бораи Аҳмади Ҳанбал ва ҳадиси нишастани Худованд бар арш пурсиданд. Табарӣ шеъре хонд, ки маънояш ин буд: “Муназзаҳ аст, худое ки анис надорад ва дар арш ҳамнишин надорад”. Ҳанбалиён бар ӯ ҳуҷум бурда вайро зеро мушту лагад гирифтанд. Муаррихи ҳанбалӣ Ибни Касири Димашқӣ чунин менависад, ки аз таасуби ҳанбалиҳо, ки Табариро рофизӣ мехонданд, “вайро дар хонааш дафн карданд ва мардум дар ҳамон ҷо бар ӯ намоз гузориданд”.
 
Матни китобҳои маъруфу машҳури таърих ва ҳам тафсири Табарӣ дар ҳаққи ӯ чунин гумон ва ҳар гуна иттиҳоми рофизӣ буданро аз ӯ дур месозад. Дар сарчашмаҳои маноқибию таърихӣ ёд шудааст, ки Табарӣ ки ба Бағдод омада буд, то аз маҳзари Аҳмади Ҳанбал дарс омӯзад, вале замоне ба шаҳр расид, Аҳмади Ҳанбал даргузашта буд. Бояд қайд намуд, ки донишмандони машҳуру маъруф нисбати Табарии муфассир ва муаррих фармудаанд: “Касе монанди Ибни Ҷарир дар илм, дониш ва тафсир барнахостааст”.
 
Ибни Надим Табариро фақеҳи барҷаста номида, ӯро дар қатори Имом Молик ва Имом Шофеӣ мегузорад. 
 
Давом дорад...
 
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ                                    Исоев Н. 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика