ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БАХШИДА БА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси байналмилалӣ бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” бо иштироки олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид .

Нахуст дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёни донишгоҳ-ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Пеш аз ифтитоҳи конференсияи болозикр олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ҳайати устодону донишҷӯён дар саҳни бинои донишгоҳ барномаи бошукуҳи фарҳангии ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги муассисаро бахшида ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонд тамошо намуданд.

Сипас дар қисмати ифтитоҳии конференсияи мазкур, ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳмон Дилшод Сафарбек, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Прокурори ш. Кӯлоб Ғанизода Мансур Қадаммурод, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳақиқон иштирок ва суханрони намудаанд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳмон Дилшод Сафарбек меҳмононро хушомадед гуфта иброз дошт, ки 30 сол муқаддам - 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муассиру сарнавиштсоз гузошт.

Иброз гардид, ки бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андўхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия ва қабул карда шудааст.

Гуфта шуд, ки кори конфронс дар нимаи 2-юми рӯз бо дарназардошти шунида шудани беш аз 60 мақола дар се бахш идома меёбад.

Шукуҳи конференсияи байналмилалӣ бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифодагарӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва хушҳолии ҷамъомадагон буд.

Яндекс.Метрика