ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

      Санаи 18 - уми апрели соли равон дар Кафедраи тибби ҳарбӣ машварат-вохӯрии судманд бо иштироки сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломишиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Азимова М.М., донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, факултети тиббӣ-профилактикӣ, факултети стоматологӣ, афсарон-омӯзгорони кафедраи тибби ҳарбӣ ва омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ гузаронида шуд.

  Дар доираи баромади худ Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон, миллату давлат сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат кардан ва дар якҷоягӣ аз як гиребон сар бароварда, баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар бурдан суханронӣ намуда, иброз дошт, ки омӯхтани таърих яке аз омилҳои муфиди заминавӣ дар тарбияӣ ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон мебошад.

     Зикр гардид, ки тафаккури миллӣ асос ва зербинои таркибии тафаккури давлатӣ буда, дар байни аҳолӣ ба вижа қишри ҷавонони кишвар бояд тарғибу ташвиқ карда шавад. Тафаккури миллӣ тафаккурест, ки ба рушди шахсияти ҷавонон, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими субботу оромӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Тафаккури созанда дар байни ҷавонон имкон фароҳам меоварад ва ба самти созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Меҳнатдӯстӣ чун унсури асоси ин тарзи тафаккур дар роҳи бунёди зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷавон, саҳм доштан дар ободии ҷомеа, пешравии кишвар, ҳифзи субботу оромӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат замина мусоид мегузорад.

        Тафаккури миллӣ бояд дар панҷ самти ҳувиятсоз рушду инкишоф дода шавад:

      1. Ҳувияти сиёсӣ — ифтихор аз Истиқлоли кишвар, аз давлати миллии муосир ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси поягузори давлати миллии тоҷикон. Ҳамчунин, ифтихор аз Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, сулҳу оромиш ва омодагӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар.

       2. Ҳувияти нажодӣ — ифтихор аз нажоди худ доштан. Зеро тамоми қавму миллатҳои гуногун дар курраи замин ба ин ё он нажод тааллуқ доранд ва аз асли нажодии хеш ифтихор мекунанд. Миллати мо ба нажоди ориёӣ тааллуқ дорад ва ҳар як фарди худ огоҳи тоҷик асли ориёии худро бояд бишносад ва аз он ифтихор намояд. Маҳз ба ҳамин хотир, соли 2006 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида буд, ки ба раванди худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

      3. Ҳувияти таърихӣ — шинохти таърихи давлату миллати тоҷик аз замонҳои қадим то давраи ҳозира басо муҳим ва зарурист. Хотираи таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, омӯзиши амиқи таърихи миллат, ифтихор аз шахсиятҳои мондагори он, мисли Исмоили Сомонӣ, Темурмалик ва дигарон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ буда, дар маҷмӯъ баёнгари ифтихор аз таърихи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

        4. Ҳувияти фарҳангӣ — ифтихор аз фарҳангу тамаддуни моддиву маънавии миллӣ, забон, адабиёт, адибону олимони бузурги классик ва муосир, мисли Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ғайра... Ҳифзи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, асолати забони модарӣ, таҳкиму тақвияти амал карди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии кишвар, инчунин ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Шашмақом, Фалак ва ғайра.

        5. Ҳувияти динӣ — мазҳабӣ — шинохти исломи суннатӣ тибқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам ва ифтихор аз ҳанафи мазҳаб будан. Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки абарқудратҳо барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геополитики худ бо истифода аз падидаи ба ном "исломи сиёсӣ" бо дасти худи мусулмонон ба таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои ғайри суннатии ифротӣ ноил гардидаанд ва тавассути онҳо дар кишварҳои гуногун низоъҳои сиёсӣ - диниро бароҳ мондаанд. Чунонеки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, бештар вақт ҷавонон бо сабабҳои паст будани маърифати динӣ, фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ, мушкилотҳои иҷтимоӣ фирефтаи идеологияи бегонаи ифротии динӣ гашта, вориди созмону ҳаракатҳои ифротгароёнаи динӣ мегарданд ва дар ин роҳ ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар умум онҳо на танҳо барои худ, балки барои падару модар, ҷомеаи тоҷик, миллати тоҷик, дини ислом ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ мегарданд. Аз рӯи оморҳои мавҷуда, аксарияти онҳое, ки ба созмони бо ном «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шуданд, аксарият ҷавонон буда, бо роҳҳо ва мақсадҳои гуногун вориди хоки давлати Ироқ гардиданд.

        Ҳамчунин қайд кард, ки дар чунин шароит яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон саҳм доштан дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ буда, маҳз бо фаъолияти густурда, пеша намудани касбу кори гуногун, пайваста ба меҳнат машғул шудан ва бо доштани тафаккури созандаву ободкорона метавон ин рисолати таърихиро иҷро намуд.

         Абдуллоҳи Қодирӣ 

Яндекс.Метрика