Дини маънавию бостонии тоҷикон – Зардуштия

Дин — як шакли ниҳоят густурда ва қадимаи ҷаҳонбинӣ ва рафтори инсон аст. Ин шакли ҷаҳонбинӣ дар натиҷаи боварии инсон ба вуҷуди Худованд ва парастиши қувваҳое, ки ба инсон равон бахшида, муносибату рафтори ӯро бо дигар инсонҳо ва мавҷудот ба танзим ва меъёр медароранд, пайдо шудааст. Дар тамоми давраҳои таърихии инкишофи ҷомеаи башарӣ, чи дар гузашта ва чи дар замони ҷорӣ, теъдоди хеле зиёди дину эътиқодот ва расму оинҳои гуногун вуҷуд доштанд ва доранд, ки ҳар кадоми онҳо бо тарзи мушаххаси фаҳмиши табиати Худо, зоту сифот ва хусусиятҳои Он, вижагиҳои муносибати мутақобилаашон бо олами табиӣ ва инсон, бо меъёрҳое, ки ҳар кадоми ин дину оинҳо барои муносибати инсонҳо бо Худо муқаррар кардаанд, аз рӯи мазмуну мундариҷаи амалияи динӣ, тарзи татбиқи он ва дигар тарзу ҳолатҳои мушаххас аз якдигар фарқ мекунанд.
 
Пайдоиши динро илму дин ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Ривоятҳо ва манбаъҳои динӣ динро зуҳуроти осмонӣ, азалӣ, бо халқи инсон баробар дониста, диндории инсонро азалӣ мешуморанд. Аксар олимон, аз ҷумла муаррихон, археологҳо, файласуфону равоншиносон бар он ақидаанд, ки дин чун зуҳуроти ҷамъиятӣ дар марҳилаи муайяни инкишофи таърихии инсоният ба вуҷуд омадааст.
 
Омӯхтани таърихи афкори маънавии мардуми ориёиҳо нишон медиҳад, ки таълифи китобҳои ахлоқӣ ва андарз аз қадим дар Эрон маъмул буда, ориёиҳо пайваста ба ин навъ китобҳо майл ва рағбати зиёд доштаанд. Қадимтарин асаре, ки доир ба панду андарзҳо ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоиву фарҳангиву сиёсӣ таълиф шудааст, қисми муҳими он то ба имрӯз омада расидааст, китоби муқаддаси оини зардуштия “Авесто” мебошад, ки ба давраи ҳазорсолаи пеш аз мелод мансуб аст.
 
Халқи тоҷик мардуми бостонӣ ба ҳисоб рафта, таъриху фарҳанги бою ғанӣ дорад. То зуҳур ёфтани дини ислом, дар кишвари мо таълимотҳо, инчунин динҳои дигар низ амал мекарданд, ки хусусияти фарҳангиву маънавии тоҷикон ба ҳисоб мерафтанд. Яке аз онҳо ин дини Зардуштия ба ҳисоб меравад, ки дини некандешу соҳибтамаддуну бафарҳангӣ халқи тоҷик ба шумор мерафт. Зуҳур ёфтани дини зардуштия дар нимаи аввали ҳазораи пеш аз мелод рост меояд, ки дар он давра дар ҳаёти мардуми ориёинажод тағйироте ба вуҷуд омад, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо таъсири зиёде бахшидаанд. Аз ҷумлаи ин тағйирот гузариш аз ҳаёти бадавӣ ба шаҳрӣ, аз кӯчманчию чорводорӣ ба ҳаёти муқимию кишоварзӣ, пайдоиши давлатҳои бузурги салтанатӣ (шоҳигарӣ), рушди бесобиқаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иқтидори сиёсӣ ва ғайра мебошанд. Дар ин давра дини Зардуштия аз машҳуртарин дини бостонии халқи тоҷику эронӣ мебошад. Ин дин бо номи асосгузораш Зардушт номгузорӣ шудааст. Дини Зардуштӣ аз лиҳози пайдоиш ва доманаи густариш ба гурӯҳи динҳои миллию давлатии ҳавзаи тамаддуни ориёӣ тааллуқ дошта, аз лиҳози даъват ба худо ва илоҳиёт ба дини тавҳидии ҷаҳонӣ тааллуқ дорад, чунки аз назари эътиқод ба Худо Зардуштия дар ибтидо яктопарастӣ буда ва худованди вай худои ҳамаи оламиён ба шумор мерафт.
 
Рукнҳои асосии таълимоти Зардуштия аз се асли асосӣ - гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ташкил ёфтааст. Инсон гӯё маҳз ба воситаи ҳамин се сифати ахлоқии Зардуштия ба осоиши абадӣ мерасад.  Зардушт мазҳаби худро ойини ростӣ номидааст. Ҳамин ростию ҳақиқатпарастии нажоди тоҷикон тақрибан аз даврони Ҳахоманишиниён cap шудааст. Зардуштия бо низоми давлатдории Ҳахоманишиҳо дар асоси ҷаҳонбинии фалсафӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабии он ташкил ёфта, шоҳони он тибқи дастуроти ахлоқию ҳуқуқии ин дин амал мекардаанд. Худои зардуштия Аҳуромаздо, монанди худоёни дигар қаҳҳору ҷаббор набуда, балки ҳамчун нури мутлақ оқилу доно ва меҳрубон буда, аз ҳамаи халқу миллатҳо ҳимоя ва пуштибонӣ мекунад. Куруши Кабир яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷаҳон эъломияи ҳуқуқи башарро эълон намуда, баробарии ҳамаи адёнро эътироф намуда буд.
 
Зардуштия дар заминаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии халқ қомат афрохта, на танҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти онҳо, балки рафтору кирдори муқаррарии аъзоёни онро аз тариқи расму одат, қоидаву маросимҳо инъикос кардааст. Дар зардуштия масъалаи покӣ аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, онро бояд ҳар як аъзои ҷомеа аз рӯзи таваллуд то дами марг бояд риоя менамуд. 
Дар таълимоти зардуштия рӯҳ абадӣ ва ҷисм миранда мебошад. Муборизаи некӣ ва бадӣ дар дунёи ҷисмонӣ шурӯъ мешавад.  Зардушт бори аввал қоидаҳо ва қонуни одобро эълон намуд. Инсон бояд дар байни неку бад аз ин ду якеро интихоб намояд. Интихоби хешро бояд новобаста аз мушкилоти зиндагӣ риоя намояд: зиндагӣ бояд бошуурона ва мақсаднок бошад. Ҳаёти инсон бояд ба усули ахлоқии кирдори нек, рафтори нек ва пиндори нек ҳатман мувофиқ бошад. Одами  пок бояд меҳнати ҳалол карда, парвариши ҳайвоноти хонагиро ба роҳ монад. Зардуштия инсонро даъват менамояд, ки эҷодкор ва ободкор бошад, яъне ҳамқадами давру замон бошад. Дар зардуштия ростӣ (аша) қонуни пешрафт ва такомул мебошад. Ҳеродот навиштааст, ки ориёиҳо аз панљсолагӣ то бистсолагӣ се чизро ба фарзандон меомӯзонанд: тирандозӣ, аспсаворӣ ва ростгӯиро. Онҳо алфози ношоямро ҳаргиз ба забон намеоранд. Танбалӣ пайравии Аҳриман эътироф шудааст, зеро бекорӣ, харобӣ, вайронӣ, бесару сомонӣ, гуруснагӣ  ва гадоӣ меоварад. Дар “Минуи хирад” гуфта шудааст: “Одами коҳил пасттарин инсон аст”. Покии тани солим кафили ақлу кори солим аст. Одами бад ҳамеша дар фикри кори бад буда, хеле хавфнок ва зараровар мебошад.
 
 Моҳияти таълимоти ӯ аз ду қисми асосии бо ҳам муқобил – олами хайр (нур) ва олами шар (зулмот) иборат мебошад.  Ин ду нерӯ дар симои – Аҳуромаздо ва Аҳриман таҷассум гардидаанд. Дар байни онҳо муборизаи оштинопазир барқарор аст: инсон бояд мавқеи худро аз ин ду нерӯ интихоб намояд. Зардушт одамонро ба мубориза ба муқобили шар даъват менамояд.  Барои ин одамон бояд хайрхоҳ, дар андешаҳо ва шавқу рағбатҳо муътадил буда, дар сулҳу якдигарфаҳмӣ, осоиш ва бо якдигар дӯстона зиндагӣ намоянд. Зардушт ростӣ ва вафодор буданро тавсиф намуда, амалҳои бадро танқид мекунад. Ҳамин тариқ, даъватҳои Зардушт дорои самти ахлоқӣ-иҷтимоӣ мебошанд.
 
Таълимоти ахлоқии Зардушт аз назари таърих хеле аҷиб аст ва сабабҳои он чунинанд: таълимоти ҷазо ва подош дар он дунё аз рафтори ахлоқии инсон вобаста аст. Агар инсон ба кори хайр даст занад, пас аз марг ба олами хайр – биҳишт, вале агар корҳои бад карда бошад, ба олами шар – дӯзах меафтад. Мувофиқи таълимоти дини Зардуштӣ зиндагӣ дар олами моддӣ аз хубу бад иборат аст. Инсон бояд аз  бадӣ худдорӣ карда, ба  некию накӯкорӣ пардозад. Таълимоти ахлоқии зардуштия дар ҳамин замина ба вудуд омадааст.
 
Айни ҳол пайравони дини Зардуштия дар кишварҳои гуногун зиндагӣ намуда, пайравии дини ниёконашонро идома медиҳанд ва оташро ҳамчун олиҳаи муқаддас парастиш мекунанд.
 
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.
Яндекс.Метрика