Директори Маркази исломшиносӣ: «Садоқат ба Ватан аз назари худшиносии динӣ ва ҳам миллӣ калиди саодат ва амнияти имрӯзу фардои миллат аст».

Риояи қатъии талаботи Конститутсия дар масъалаи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва муттаҳидии неруҳои сиёсӣ атрофи арзишҳои конститутсионӣ, садоқат ба миллат, ба Ватан ва сиёсати Пешвои миллат ҳам аз назари худшиносии динӣ ва ҳам миллӣ калиди саодат ва амнияти имрӯзу фардои миллати мо аст. Чунин изҳори назар намудааст Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

Дар зер мазмуни мухтасари мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем: -Таърих гувоҳ аст, ки чӣ дар сиёсати Шарқ ва чӣ дар Ғарб муносибати давлат ва ҷомеа бо ҷаҳонбинии динӣ дар қатори дигар омилҳои марказии таъсиррасон ба вазъи зиндагии мардум дар муайян намудани сифат ва мазмуни низоми идораи ҷамъият, табиати зиндагии халқҳо ва мазмуни таъмин ва ё инкори хуқуқу озодиҳо ҳамеша таъсиргузор будааст. Баъд аз 70 сол дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳматҳои сиёсати созандаю ободкунандаи Пешвои миллат ва бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ислом ҳамчун дин боз дар мамлакат расмӣ гашт. Мазҳаби ҳанафӣ аз равияҳои эътиқоди расмии мардуми Тоҷикистон дар қонунгузорӣ эълон гардид.

Теъдоди масҷиду таълимгоҳҳои динӣ зиёд шуд, вале осебпазирию каҷравиҳои динӣ низ дар фазои озоди давлати демократӣ рӯ ба афзоиш намуда, истифодаи минбар бо мақсадҳои ғаразнок ошкор гашт. Ба назар чунин мерасид, ки иддае аз мардум дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ ба қадри неъмати озодиҳои динӣ нарасида, ба зиёдаравиҳо даст заданд. Аксари онҳо дар ибтидо дуруст дарк нанамуданд, ки ин расминамоии дин на ба хотири баргардонидани дин ба майдони сиёсат ва ҳуқуқ буда, балки эътирофи ҳаққи мардуми диндор дар паҳнои Конститутсия, эҳтироми ҳуқуқу озодии виҷдон дар давлати миллии дунявӣ ва васлшавии ҳуқуқии низоми давлати мустақили миллии дорои тамоюли демократӣ ба ҷомеаи мутамаддин буд. Ин эътирофнамоии озодии ақидатӣ зери сиёсати созандаи Роҳбари хирадмандамон ба хотири таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдонии ҳар мусулмон буд, ки тавонад талаботи ботинии имонӣ ва ақидавии худро дар фазои озоди давлати Тоҷикистони дунявӣ амалӣ намояд. Аммо иддае инро нодуруст қабул намуда, ошкору пинҳонӣ ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ, ҷиҳати соҳиб шудан ба манфиатҳои нопоки хеш боз ҳам барои баргардонидани дин ба майдони сиёсат дар ҷамъият кӯшишҳо намуданд ва то ҳоло ин кӯшишҳо ба мушоҳида расида истодаанд. Онҳо бо андешаи он ки пайванди давлатдории миллии моро баъди беш аз 70 сол аз сари нав ба ҳамон решаҳои қаблиаш гардонанд, воқеияти зиндагӣ ва рушди ҷомеаро тайи солҳои шуравӣ ва табдили воқеии мафкураи мардумро ба инобат нагирифтанд. Онҳо аслан зидди қонунияти таърихӣ ва аслҳои рушди ҷомеа ҳаракат намуда, ҷомеаи назаран ва амалан пешрафтаро ба қолабҳои кӯҳнашудаи таърихӣ кӯшиши васл намудан карданд. Агар то замони соҳибистиқлолӣ ислом дар ҷамъият нуфузи калон доштаву то ҳадде ҳуқуқи амалиро соҳиб буд, баъди пошхӯрии давлати шуравӣ демократияи кишварҳои нав исломро ҳамчун дин ва эътиқод қабул намуда, озодии тоату ибодатро таъмин намуд, вале дар баробари ин нақши онро дар арсаи сиёсат ва ҳукуқ то ҳадди имкон маҳдуд сохт. Ин ҳолати табиии рушди давлатҳо дар замони муосир буд. Зеро давлатҳои миллӣ роҳи худро ба сӯи ҷамъияти демократӣ ва шакли идораи ҷумҳуриявӣ расман эълон намуданд. Аз дастовардҳои нисбии демократияи замони собиқ даст накашида, халқҳои ин минтақа боз ҳам паҳнои васеътарро барои эътиқод масъалагузорӣ намуданд. Аммо онҳое, ки ба эҳёи сиёсии ислом манфиатдор буданд, ин дигаршавиро хуб напазируфта, ҳанӯз ҳам андешаи бозгашт ба режими исломиро дар дил мепарвариданд. Ин андешаи худро онҳо бо ду далели на он қадар устувор ва мантиқӣ масъалагузорӣ менамуданд. Яке ин ки дин дар замони собиқ ба таври назаррас маҳдуд гашт, нисбат ба вай адолат бояд барқарор гардад. Дуюм ин ки баъзе аз кишварҳое, ки аз қафои тамаддуни ғарбӣ ва дастовардҳои Ғарб рафтанд, ногузир ба шикаст рӯ оварданд. Камбудии аслӣ ва марказии онҳо ин буд, ки онҳо воқеиятро ба инобат гирифтан намехостанд.

Онҳо намедиданд ва фаҳмидан намехостанд, ки нақши дин дар ҷомеаҳои нав ва пешрафта дигаргуна буда, вай аз саҳнаи сиёсат одилона берун рафта, дар ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ ҳақиқатнигорона реша давондааст. Дигар ин ки онҳо таърихро дуруст фаҳмидан ва дарк намудан намехостанд. Зеро аслан дар ҷомеаҳои ҳавзаи фиқҳи ҳанафӣ, бахусус дар шохаи мовароуннаҳрии он дин ҳеҷ гоҳ бо сиёсат олуда набуда, вай ҳамеша дар хизмати давлатҳо ва режимҳои монархиявии феодалӣ ва ҳарбӣ буд. Ҳокимони ноуҳдабаро аз дин ва таҳаммулгароии мазҳаби ҳанафӣ танҳо истифода мебурданд ва бо мақсадҳои шахсию гурӯҳияшон онҳо хизмати ходимони диниро эътироф менамуданд, рақибони сиёсиашонро нест менамуданд ва дигар корҳои худро анҷом медоданд.

Масъалаи ҳуқуқ ин ҷо бо ақлгароии ҳанафӣ, бо эътирофи қиёс, принсипҳои истеҳсон ва истидлол дар ҳамоҳангӣ бо урфу одатҳои маҳаллӣ баҳси худро дорад, ки мавзуи суҳбати алоҳида мебошад. Дар муқоисаи дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муборизаи дину давлат дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ дар оғоз бисёр вазнин гузашт. Дар ибтидо мавқеи онҳо ғайриодӣ буд, вале баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ тағйир ёфт. Натиҷаи ин муборизаҳо буд, ки ваҳдат бо тавлиди ҳизби динӣ дар давлати дунявӣ масъалагузорӣ гашт. Исломи сиёсӣ тавассути «Ҳизби сиёсӣ» даъво ба шинохт ва расмият намуд. Вале кӯшишу ғайрати давлати дунявӣ дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ бо роҳи шинохти ин мақом натиҷа надод. Ҳизби ифротии либоси сиёсипӯшида боз даст ба хиёнат зада, фазои амниятиро халалдор сохт ва аз табиати террористӣ доштанаш такроран хабар дод. Таҷриба номумкин будани таъсиси ҳизби сиёсии диниро дар давлати дунявӣ бори дигар собит намуд.

Хулосаи каломи мо он аст, ки дин сиёсат нест, дин ба имон сару кор дораду дар ҳарими ҳарами шахси воқеӣ ҷиҳати такмили олами ботинӣ рушд менамояд. Сиёсат кори давлатдорӣ буда, бештар ҷанбаи ташкилӣ-иҷтимоӣ дорад. Дар ҳар замоне, ки дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ динро ба сиёсат ҳамроҳ сохтанд, таҷриба шаҳодат бар он дорад, ки ҳам давлат зарар дидаасту ҳам дин. Дини мо, эътиқоди мо манбаи покизагию ташаккули руҳ ва равони солими миллати мо аст, ки мо онро таърихан дар ташаккули тафаккури ирсиамон бо нодиркориҳои эътиқодию фарҳангию адабӣ ҳосил намудаем. Ислом дини мо аст, он бояд ҳамчун роҳи ташаккули руҳи миллати мо дар покизагӣ ва рушди асолати инсони ҳақиқӣ – муъмини комил ва намоҳои ҳаёти дастҷамъонаи халқамон – ҷамъияти мо ва давлати мо хизмат намояд. Онҳое, ки исломро ба воситаи муборизаи қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати исломӣ дар сарзамини мардуми хирадманди тоҷик менамоянд, бехабар аз он ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи адолат ҷавҳари кашфи адолат — имон, эътиқод ва виҷдони шахсиро ба ғаризаҳо махлут гардонида, манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.

Мақсади асли дини ислом таърихан сохтани давлати исломӣ набуда, балки ташаккули инсони солеҳ, некурафтор, парҳезгор, ботарбия, боимон ва дар маҷмуъ ҷомеаи одилона аст. Бо ин мақсад ислом адлу инсофро болотар аз ҳар амали эътиқодӣ дониста, бо даҳҳо ояту ҳадисҳо ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одилӣ, некӯкирдорӣ, фурутанӣ, ватандӯстӣ ва сабрро аз сифатҳои асли имондорӣ ва мусулмонӣ муаррифӣ намудааст. Дигар ин ки худи инсон ба нияти нек офарида шудааст ва табиати ӯ ҳамеша барои хеш некӣ мехоҳад. Ва Офаридгорро низ инсони хирадманд берун аз рисолати накӯкирдорӣ ва адлпарастӣ тасаввур карда наметавонад. Вале бо вуҷдуи ин, иддае аз мусулмонон дидаю дониста, зиндагии худро вазнин менамоянд. Арзишҳоро бо ғаризаҳо омехта месозанд. Дар давлате, ки озодии виҷдон комилан танинандоз аст, имону эътиқод озод аст, бе зарурат, исломро ба сиёсат омезиш дода, дар сангари муборизаҳои сиёсӣ қарор додан мехоҳанд. Равшан аст, ки онҳо ғаразҳо ва мақсадҳои муайян доранд. Барои онҳо аслан на исломи асл ва эътиқоди сирф-имон, балки манфиатҳои молию сиёсӣ муҳимтару қиматар аст. Магар зери пардаи ислом ҷойгир намудани манфиат ва ғаразҳои сиёсӣ худ дуршавӣ аз исломи асл, аз имон, эътиқод аз ҳамон амалҳои намунаи инсонӣ нест? Ин ва дигар саволҳо, ки аз роҳи виҷдони инсонӣ хиради ҳар инсони солеҳро азият медиҳад, бояд дар пешорўи ҳар ватандори содиқ ва ҳар мусулмоне, ки дар шароити тинҷу ороми Тоҷикистон зиндагӣ менамояд, ҳамчун қарзи имонӣ ҷилвагар шуда, ҳар ватандорро ҷиҳати фаҳми амиқи саодати зиндагиаш, мақоми эътиқоди комилаш ва қадршиносӣ аз ватани азизаш ҳидоят намояд. Пешвои муаззами миллати мо дар фазои давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон дар самти худшиносии миллӣ ва динӣ ва таносуби сиёсати давлатӣ бо ҷаҳонбинии динӣ саҳифаи комилан наверо бо арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтироми тарафайн, эҳёи арзишҳои мазҳаби ҳанафии ақлгаро ва риояти қатъии навиштаҷоти қонун кушоданд. Моро зарур аст, ки ҳикмати ин кушоиш ва ҳамоиши манфиатҳои миллӣ ва диниро дар партави талаботи Конститутсияи мамлакат дар сарҳади манфиатҳои миллии давлатамон ба хотири ободии зиндагии фарзандонамон дуруст дарк, ҳазм ва рушд диҳем. Беҳтарин ва олитарин нуктаи ҳамоиши худшиносии динию миллии халқ дар заминаи озодиҳои конститутсионӣ, дастовардҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии динии таҳаммулгаро имконпазир аст.

Мазҳаби аҷдодии мо — ҳанафия бо табиати ғайрисиёсиаш, бо хислати ақлгароияш, бо талаботи ахлоқияш намои муваффақи ҷомеасозии дунявӣ дар таърих ва замони муосир аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коркард ва қабули Конститутсияи халқӣ соли 1994 шоҳроҳи таърихии моро ба самти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бебозгашт муайян намуда, бо ҷашнгирии 1310-солагии пири мазҳаби ҳанафӣ-Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит соли 2009 руҳияи давлатсозии дунявии моро ғизои маънавӣ ва эътиқодӣ бахшида, бо туҳфаи китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ миллатро муаррифӣ намуда, бо эълон намудани 20 соли илмҳои дақиқ мафкураи халқро ба самти дастовардҳои илму дониш ҳидоят намуданд. Мо дар замони навсозиҳои азими мафкуравӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ кор ва зиндагӣ дорем.

Рисолати мо дар амалисозии ҳидоятҳо ва дастурҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ ва тақдирсоз аст.

"Ховар"

Таҳиякунанда: А.Қодирӣ

Яндекс.Метрика