ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАҲКИМ ВА ГУСТАРИШИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазири ҳуқуқӣ мебошад, ки соли 2009 қабул шудааст. Принсипи конститутсионӣ-ҳуқуқии озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дарҷ ва инъикос ёфтааст, шарти асосии ташаккул ва танзими соҳаи маънавии ҳаёти ҷомеа, эҳё ва рушди арзишҳо ва анъанаҳои ахлоқию фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, татбиқи принсипи таҳаммулпазирӣ дар муносибати байни пайравони дину мазҳабҳо ва мафкураҳои гуногун мебошад.
Қонуни мазкур – қонуни соҳавии констутсионӣ мебошад, ки муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи дин эътирофшударо дар амал татбиқ мекунад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [2] инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, гуногунрангии мафкуравӣ яке аз асосҳои сохти конститутсионӣ эътироф шудааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад» (моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Тибқи моддаи 26-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро дар мутобиқат бо муқаррароти зикршудаи конститутсионӣ ташкил ва танзим намуда, барои шаҳрвандони диндор ҷиҳати озодона дар доираи қонун анҷом додани ибодат ва корҳои дигари динӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Қонун меъёрҳо ва шаклҳои ҳуқуқии муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои диниро, ки дар фаъолияти мақомоти ваколатдор амалӣ мешаванд, муқаррар мекунад. Дар муқоиса ба 19 соли амалкарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» (1990-2009), дар зарфи 14 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» нақши мусбӣ ва созандаи дин ва иттиҳодияҳои динӣ, таъсири онҳо ба ҳаёти маънавии ҷомеа дар Тоҷикистон хеле афзуда, ҳамкории давлат ва дин дар тарбияи ахлоқию маънавии аҳли ҷомеа, пешгирии ифротгароии динӣ, терроризм, сиёсисозии дин ва падидаҳои дигари номатлубу хатарноки дорои ангезаи динӣ хеле вусъат ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ дар муқобили даъвоҳои беасоси исломгароёни наҳзатӣ дастгирии худро аз принсипи дунявият ва таҳаммулпазирӣ эълон намуд. Ва ин асл (принсип) дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» [2, С. 4]. Принсипҳои бунёдии дар ин модда баёншуда дар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин пайгирона риоя мегардад.
Дар пешгуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад» [3]. Дар пешгуфтори ин санади меъёрии ҳуқуқӣ якчанд принсипҳо баён гардидаанд, ки шарҳи онҳо ҷиҳати дарки моҳият ва мазмуни таҳаммулмеҳварии дунявии сиёсати давлатии Тоҷикистион дар соҳаи дин хеле муҳим ва муфид аст. Дар поён он принсипҳоро мухтасар шарҳ медиҳем.
Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Ин принсип воқеан ҳам танҳо дар шароити давлати демократӣ ва дунявии ҳуқуқбунёд, яъне танҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ дар амал татбиқ шуда метавонад. Ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар ва интишори густурдаи ифротгароию таассуби динӣ-мазҳабӣ, низоъҳои байниқавмию байниқабилавӣ дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намудаанд ва ҳизбҳое, ки ба худ сифати исломӣ, мисли ТТЭ ҲНИ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дунявият мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоиву судӣ имконпазир гардад. Чӣ тавре бисёр олимони файласуф ва диншинос таъкид кардаанд, дар давлатҳои гузаштаву муосири теократӣ (масеҳӣ, мусулмонӣ ва ғ.), меъёрҳои воқеии таъмини адолат ва шароити баробар барои пайравони ҳамаи дину мазҳабҳо вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субъекти комили муносибатҳои ҳуқуқӣ нестанд.
Сеюм, принсипи «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Барои дар амал ҷорӣ кардани ин принсип сиёсати давлатӣ бояд мазмуни дунявӣ дошта бошад. Мазмуни дунявӣ ё дунёмеҳварии сиёсати давлатӣ имкон медиҳад, ки намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.
Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли (принсипи) дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Услуб ва оҳанги ифодаи ин матлаб, ҳамчунин далолат аз он мекунад, ки таълимоти равияҳои дигари дини ислом, ба хусус исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар осори фалсафӣ-ахлоқӣ ва махсусан дар адабиёти классикии тоҷик, нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад [1, С. 15-16].
Ҳамин тариқ, таҳлил ва шарҳи назариявии мафҳумҳои «озодии виҷдон», «озодии эътиқод» дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро анҷом дода, чунин хулосаи мантиқиро ҳосил мекунем, ки дар ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳои мазкур ба таври якхела шарҳу тавзеҳ дода шудаанд ва мақсади асосии қабули онҳо ба ҳайси принсипи ҳуқуқӣ – пешгирии таҳаммулнопазирӣ, таассуб ва ифротгароии динӣ ва татбиқи принсипи таҳаммулпазирӣ дар муносибати байни намояндагони халқу миллатҳои гуногун, пайравони дину мазҳабҳо ва мафкураҳои гуногун мебошад.
Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои тарғибу татбиқи асли (принсипи) таҳаммулпазирӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, динӣ-фарҳангии ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.
Ҳангоми таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷойгоҳи иҷлосияи таърихӣ дар таърихи Тоҷикистони навин сухан ронда, оғози «роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян карда буданд, дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, марҳилаи тайшудаи ин шоҳроҳи бузургро чунин баҳогузорӣ намуданд: «Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад» [4, С. 15]. Дар воқеъ, пас аз қабул ва дар амал ҷорӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва қонунҳои дигари соҳавӣ-конститутсионӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа таъмин гардид, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳаёти динӣ мунтазам рушд намуда, паҳлӯҳои гуногуни суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва динии мо мутобиқ ба талаботи замони муосир эҳё ва танзим шуда, ҷаҳониёнро мафтуни фарҳанги таҳаммулмеҳвару ҳирадҷавҳари бостонию пурғановати мардуми шарифу мутамаддини тоҷик гардонида истодаанд. Аз ҳама муҳимаш, амалияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба таҷдиди шуури динии аҳли ҷомеа, бартараф шудани таассубу хурофот, муттаҳид шудани пайравони дину мазҳабҳои гуногун баҳри муқовимат бо зуҳуроти экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои хатарноки динӣ боис шуд. Қонуни мазкур густариши фарҳанги таҳаммулпазирию инсондӯстӣ ва ҳамкории зичи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди устувори ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистони азиз кафолат медиҳад.

Адабиёти истифодашуда:
1. Баротзода Ф. Баъзе андешаҳо перомуни фарҳанги таҳаммулпазирӣ // Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (маҷмуаи сеюми мақолаҳои илмӣ). – Душанбе: «Эр-граф», 2018. – 296 с. – С. 6-18.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). – Душанбе: «Ганҷ», 2016. – 135 с.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 3, мод. 82; с. 2011, № 6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., № 1497.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон». – Душанбе: «Шарқи озод», 2017. – 36 с.

Шоев Зиёвиддин Ҷалилович – сардори шуъбаи пажӯҳиши махазҳои исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

Яндекс.Метрика