Илм агар дар Сурайё бошад форсҳо онро дармеёбанд

 

Илм агар дар Сурайё бошад форсҳо онро дармеёбанд


Ал-Косонӣ Имом Алоуддин Абубакр ибни Масъуд ибни Аҳмад мебошад (ваф. 587 ҳиҷрӣ / 1191 милодӣ).  Ва ба Косон нисбат додани ӯ бинобар он аст, ки хонаводааш дар он ҷо зиндагӣ мекард ва хонаводааш ба аморати онҷо тааллуқ дошт. Ҳамчуноне, ки Ас- Самъони Косонро дар «Ансоб» бо фатҳи ҳарфи коф ва ҳарфи син ва дар миёни онҳо алиф ва ҳарфи нун дар охири он гуфтааст. Ва он шаҳре аст, ки мутахассисони илми география онро яке аз шаҳрҳои манотиқи Мовароуннаҳр хондаанд. 
Алоуддин Ал-Касонӣ фақиҳи маъруфи ҳанафия аз фақиҳони замони худ буд ва сарвари ҳадисшиносон номида шуда, муаллими мазҳаби ҳанафӣ дар Ҳалаб ва Раққа буд. Муаллафоти зиёде дошт, ва яке аз бузургтарин муаллафоти ў китоби Бадоиъу-с-Саноиъ фи-т-Тартиби-ш-Шароиъ дар фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Мустафо Ал- Зарқо онро бисёр ситоиш кардааст ва онро яке аз бузургтарин китобҳои фиқҳи ҳанафӣ хондааст.
Имом Косонӣ аз овони ҷавонӣ дар талаби илм заҳмат кашида, Қуръони каримро аз худ карда, сипас ба Бухоро сафар кард ва ба талаби дониш аз уламои он машғул шуд ва дар он ҷо бо шайх ва устодаш Имом Алоуддини Самарқандӣ ҷой гирифт. Ва аксари осори ўро, аз қабили «Туҳфату-фи-фиқҳи-л-ҳанафӣ», «Шарҳу-т-таъвилот фи –т-тафсир қурони-л-Азим», ва ѓайри инҳо аз китобҳои усулро омухт. Инчунин аз ӯ ва дигар уламо илми ҳадисро низ омӯхт ва дар илми усулу фуруъ муътабар гардид. Самарқандӣ ӯро ба духтараш Фотима, ки олима ва фақиҳа буд, издивоҷ дод. Дар ин издивоҷ ривоят аст, ки Фотима аз зеботаринҳо занон ва фақеҳа буд, ки аз падараш фиқҳ омўхт ва китоби «Туҳфату-фи-фиқҳи-л-ҳанафи», ро, ки падараш навиштааст, аз ёд дошт. Мегуянд ҳангоме, ки Косони китоби «Ал-Бадоиъ» -ро дар тавзеҳи китоби устодаш «Туҳфату-фи-фиқҳи-л-ҳанафи» тартиб дод ва китобро ба устодаш ҳадя кард, устод аз шогирди худ хушҳол шуд ва духтарашро  ба ў издивоҷ кард ва он китобро, маҳри ӯ хонд. Косонӣ уро икром ва эҳтиром мекард ва дар хаққи у мегуфт: «Устоди ман шайх Алоуддин, пешвои аҳли суннат ва ҷамоат аст. 
Косонӣ муҳаддис, факеҳ ва мафассир буд. Ибни Қутлубиғо, муаллифи китоби «Тоҷ ат-тароҷим фи табақатул-ҳанафия» мегӯяд: «Ал -Косонӣ ба Димишқ омад ва фақеҳон назди ӯ омаданд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки сухан бигӯяд, масъалаҳои зиёдеро муайян карданд ва ӯ ба сухан оғоз кард, ки баъзе аз ёрони мо ба назди ў рафтаанд.» Фалон ва фалон. ҳамин тавр боқӣ монданд, то ба ҳадде, ки масъалаеро наёфтанд, ки яке аз ёрони Абуҳанифа (р) ба он муроҷиат накарда бошад ва шӯро пароканда шуд...». 
Имом Ал-Косонӣ китобҳоро дар илми фиқҳ ва усул таълиф кардааст, аз ҷумла: китоби ӯ дар бораи фиқҳи ҳанафӣ, ки сабаби издивоҷи ӯ буд, ки онро «Бадоеъу Саноеъ фи тартиби -ш-шароиъ» меноманд. китоби «Султону-л-мубин фи усул-и-ддин», китоби «Ал-муътамид мин-ал-муътақад» ва китобхои дигар. Имом Косонӣ ба илму дониш таваҷҷуҳ дошт ва ҳеҷ чиз ӯро аз ин кор бознамедошт, далели ин аст, ки ҳангоме ки ба бемории  النقرسподагра гирифтор шуд, дардманд буд ва ба атрофиён фармуд, ки ӯро бардошта бибаранд назди фақеҳон  ва дарси худро баён мекард ва беморӣ садди иҷрои вазифаи муаллимиаш намешуд ва касе нагуфт, ки то мурданаш як бор ин корро кардааст.
Имом Косонӣ баъд аз зуҳри якшанбе, даҳуми раҷаби соли 587 ҳиҷрии қамарӣ даргузашт ва дар қабристоне, ки барои мазҳаби ҳанафӣ дар дохили мақоми Иброҳим (с) дар Зоҳир Ҳалаб дар ҷониби ҳамсараш Фотима ба хок супурда шуд. Ибни Ал-Адим дар бораи марги Косонӣ нақл мекунад ва мефармояд: «Ман шунидам, ки Зиёу-д-Дин Муҳаммад ибни Хамиси Ҳанафӣ мефармуд: Ман ҳангоми даргузашти Шайх ал-Косонӣ ҳузур доштам ва ӯ ба хондани сураи Иброҳим шурӯъ кард, то ба охир расид бо каломи Худованди мутаъол: «Худо касонеро, ки имон овардаанд, дар дунё ва охират бо сухани устувор устувор месозад.» Пас, чун гуфт: «Ва дар охират» нафси ӯ берун омад ва дар мақом Иброҳим ба хок супурда шуд. 
Имом Косонӣ дар ҷоддаи ташаккул ва рушди илми фикҳ саҳми арзандаеро ҷо гузотааст, ки ҳеҷ фақеҳе наметавонад онро нидида бигирад, хосатан дар коркарди меъёрҳои ҳуқуқӣ услуби ҳакимонаеро роҳ андози кардааст, барои собит сохтани ҳақиқат он меъёри ҳуқуқиеро,ки Имом Косонӣ ба риштаи таҳрир даровардааст дар зер ёдовар мешавем:
«Ишора мақоми таъбирро дорад». Аз мафҳуми ин меъёр бармеояд, ки таъйин кардани чизе ҳам бо лафз ва ҳам бо ишора баён карда мешавад ва ҳарду аз ҷумлаи асбоби таъриф ҳисоб мешаванд ва маънои ишора мақоми таъбирро дорад он аст, ки ишора кардан ҳангоми ҳолатеро баён кардан ҳукми сухан гуфтанро дорад ва дар ҳуҷҷат будан мисли таъбир аст, зеро ин ки васф гоҳо мухталиф ва гоҳо мавриди эҳтимол қарор мегирад ва аммо ишора бошад дар он ихтилоф ва эҳтимол нест. Масалан, меъёри «ишораи гунг мисли таъбири нотиқ аст» ки онро фақеҳони пешин тарҳрези кардаанд, дар он навъе тахсис дар мавзўъ мушоҳида мешавад ки гуё ишора хос барои гунг бошад, аммо усулеро ки Косонӣ тарҳрези кардааст, ин ваҳм ва гумонро аз байн мебарад ва ишора ба таври васеъ мавриди истифода қарор мегирад. 
 
Наботов М.А. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ 
 
 
 
 
 
 
 

 
 

 

Яндекс.Метрика