Ҳам масҷиду, ҳам Каъбаву, ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед нури Худо дар дили хонаст.
Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?
Ингуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаю мо сер бихобем.
Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нест?
Бархезу каме Каъбаи омоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.
Тасвири Худо пушти ҳамин кӯҳнаниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.
Шояд, ки буте дар васати зеҳни ману туст,
Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.
Гӯи, ки Худо дар бадану дар танамон ҳаст,
Наздиктар аз хуну раги гарданамон ҳаст.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ