КОНСТИТУТСИЯ ВА АКСИОЛОГИЯИ ҲУҚУҚӢ: МАСОИЛИ ТАТБИҚИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР ШАРОИТҲОИ ТАЪРИХӢ

Ҳанӯз дар замонаш озодихоҳи машҳури ҷаҳонӣ Джон Стюарт Мил гуфта буд: Дар асри мо, ки мардум аз боварӣ маҳрум шудаанду ба тарсӯии скептикӣ гирифтор шудаанд, онҳо ба ҳақиқат будани боварҳояшон не, балки эътимод бар он доранд, ки бидуни ин боварҳо онҳо зиндагӣ карда наметавонанд. Онҳо ғоя ва назарҳои худашонро аз танқид на барои он ҳимоя мекунанд, ки онҳо ҳақиқатанд, балки ба хотири муҳим будани онҳо барои ҷомеа ҳимояи онҳоро зарур мешуморанд. Ин арзишҳоро ба хотири оромии рӯҳ зарур шуморида, ҳимояи онҳоро аз ҷониби Ҳукумат ва давлат ҳамчун асоси давлатдорӣ ногузир медонанд [1, с. 288-392]. Тавре худи Ҷ. С. Мил таъкид менамояд, чунин навъи баҳсҳо атрофи арзишҳо дар нуктаи манфиатнокӣ сурат мегирад, на дар нуктаи ҳақиқат будани фикр. Ҳол он ки ҳақиқат будани ғоя – ин қисмати муҳимми манфиатнокии вай аст. Агар медонем, ки ин ғоя барои мо ногузир аст, пас муҳим нест, ки донем, ки вай ҳақиқат аст ва ё не. Танҳо беҳтарин инсонҳо дарк менамоянд, ки ғояи дурӯғ наметавонад манфиатнок бошад [1, с. 288-392].
Ҳалли чунин мушкилии интихоби нуктаи ниҳоии татбиқи ҳуқуқ дар низоми ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, ки такя ба қонунгузории давлатӣ мекунад, мушкилтар аст. Аммо дар низоми ҳуқуқии амрикоӣ ва англисӣ ва ҳатто мусулмонӣ бо усулҳои ақлӣ ҳалли онҳо ҷойизтар аст. Махсусан, дар низоми ҳуқуқии англисӣ татбиқи озоди равишҳои статутӣ ва мазмунии фаҳми ҳуқуқ бо усули маънидодкунии айнӣ ва маъноӣ барои судяҳо имкони фарохтари танзим намудани муносибатҳои нави ҷамъиятиро дар шароитҳои нави замону макон пайдо мекунанд. Зеро нақши мустақилияти ҳуқуқэҷодкунӣ тавассути ҳуқуқшиносон дар ин низомҳои ҳуқуқӣ мавҷуд буда, вобаста ба шароит татбиқи амсоли судӣ, иродаи судя ва ё иҷтиҳоди муҷтаҳид имкон медиҳад, ки ҳодиса боз ҳам мукаммалтар омӯхта шавад. Яъне, мо ба падидаи рушд ва диалектикаи тағйири ҷамъият вобаста ба талаботи замону макон думболи адлу инсоф ва манфиат қарор дорем.
Аммо дар ҳуқуқи романию олмонӣ дар баъзе холатҳои таъин ва табиқи ҷазо ва ё озод намудан аз ҷавобгарӣ чунин ҳолатҳои васеи интихоби амалкард пешбинӣ шудааст, аммо дар дигар ҳолатҳо ин масъала ба ҳадде маҳдуд шудааст. Пас кадом аст ин ҳолатҳо. Ин ҳолатҳое аст, ки қонун ҳамчун манбаи низом, дар баробари рушди талаботи иҷтимоъ ва тағйирпазирии арзишҳо адл ва амният ба воқеият на ҳамеша дуруст мувофиқат мекунанд. Ин ҳолатест, ки қонунгузор барои субъекти татбиқи ҳуқуқ, бинобар сабаби тағйирпазирии ҳолатҳо вариантҳои гуногун пешниҳод мекунад, ба субъектҳои татбиқи ҳуқуқ имконияти фарох медиҳад ва ё ин масъулиятро маҳдуд дар дасти низоми конунгузор нигоҳ медорад. Дар таърихи ҳуқуқ мешавад ҳолатҳое, ки бинобар сабаби наёфтани қарори муносиб, қонунҳо ногузир чашмро пушиданашро авлотар аз амали худ меҳисобанд, зеро талаботи навпайдошуда ҳалли мувофиқи худро дар паҳнои меъёрҳо пайдо намекунад. Ин ҳолатест, ки шахси бохирад сухани бемавқееро, ки шахсе тасодуф ва ё ошкор гуфт, шуниду вале худро ношунида гирифт, чунки дар он маврид аз шуниданро дида ношунидан афзалтар буд. Мутаассифона, дар ҷомеаи зудтағйирёбанда ва зинда дар даврони бӯҳронии маънавӣ ва ё гузариш аз як низом ба низоми дигараш чунин ҳолатҳо эҳсос мегардад. Ин ҳолате аст, ки хирад ва рӯҳи одамӣ, инсонро дар муқобили воқеият бояд хирадмандона идора намояд. Оё қонун ва ҳуқуқ чунин рӯҳ ва хирадро дорад? Алабатта, агар қонун инъикоси хирад бошад, вай бояд паҳнои ҳалли ин қазияро ҳамон тавре, ки барои худ нигоҳ медорад барои падидаи таҷассумкунандаи худ низ бояд вогузор намояд. Ба андешаи мо қонуни зинда бояд ин сифатҳоро дошта бошад…
Яъне, сухан дар бораи рӯ ба рӯ шудани низоми ҳуқуқӣ бо падидае чун рушди ҷомеа ва мувофиқати қонунҳо дар даврони гузариш ба тағйирёбии босуръати он меравад. Дар чунин сурат масъалаи пурра намудани халогии қонунгузорӣ, ислоҳоти ҳуқуқ ва тағйирпазирии пайвастаи қонунҳо ва ё ҳуқуқи васеи маънидодкуниҳо ба мақомоти татбиқкунанда дода мешавад. Дар акси ин ҳама ҳолатҳо рӯ ба ҳақиқати чашмпӯшии хирадмандонаи қонунҳо меоем. Оё қонун низ дар чунин ҳолатҳо чашм пушида метавонад? Не мо чашми онро кушуда моҷароро боз ташаккул дода, аз як нохушии ночиз нохушии бузургро тавлид намуда, боз қонунро кӯр меҳисобем. Дар сурате, ки дар рӯ ба рӯи мо донандагони асрори қонунҳо, хеле моҳирона халлогии қонунро истифода бурда, зинда ва ҳаётӣ будани меъёрҳои онро иддае муназзам бамаврид ба ҳаракат дароварда дар муҳосираю холигии он қасрҳои моддӣ ва маънавӣ барои худ бунёд месозанд.
Дигарон, онҳое, ки гирифтори манфиати шахсианд, дидаю дониста дар ҳолатҳои қулай омадани гирифтани манфиат чашми қонунро пӯшида, татбиқкунандагони онро мадҳуш намуда, дар зиндагӣ мақом ва манзалати худро боло мебаранд. Мо асирони қонун, ҷонибдорони татбиқи он мақсад ва ҳадафи онро дарк нанамуда, ӯро бо чашми кӯшода ба низоми харобкунанда табдил медиҳем. Мушкилӣ сари он аст, ки мо халогиҳои қонунро бо ченаки адлу инсоф ба манфиати инсон ҳамчун озодиҳои позитив истифода набурда, балки бо ғаразу манфиатҳои шахсӣ онҳоро пойгаҳи манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ истифода менамоем. Бехабар аз он, ки дар доираи муносибатҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ, ки шояд ҳамагӣ 0,2% муносибатҳои иҷтимоӣ шомили он бошад, мо худро таҳти талаботи қонун вонамуд мекунем, вале дар дигар паҳнои муносибатҳо, ки аксари кулли муносибатҳои иҷтимоӣ маҳсуб мегарданд, мо аз сарҳади рӯҳи он қонунҳо ба маротиб дур ҳастем. Ин аст, ки фазои виртуалии интернетӣ моро берун аз назорати қонун чунин осон ба харобии маънавӣ мекашад. Халогиҳои қонун бошад моро хеле осон ба табиати худамон ошно месозад. Зеро принсипи озодии «ҳар амале, ки бо қонун манъ нашудааст имконпазир аст», даричаро барои шахсони оқил, хирадманд, тарбиятдида ва таҳти назорати ақлу хираду дониш ва саводу ахлоқу бо таҳаммул боз мондааст, на барои шахсони дур аз ин неъматҳои моддӣ ва маънавӣ. Аз ин кунгура сатҳи муносибати инсони муосир ба фазои берун аз қонун дар рӯҳияи талаботи қонунхо ислоҳталаб аст. Зеро муносибати мо нисбат ба қонунҳои хирадмандонаи мо дуруст ва одилона сурат намегиранд. Чунки натиҷа ва ҳадафҳо ба ҳам мувофиқ нашуда истодаанд.
Қонуне, ки барои амният ва тартибот татбиқи адл ва инсоф эҷод шудааст, бо маҳбаскунии ҷинояткори аз беэҳтиётӣ гирифтори мусибатшуда гардида ба рафтори шахси муайян аз назари манфиатҳои умум баҳо мегузорад. Чаро? Чунки аз тарси он ки хотираи ақли инсонӣ тамоюл ба содиршавии кирдори дигар аз чунин бепарвоӣ ва хунукназарӣ накунад. Албатта ӯ имкон дорад даъво кунад, ки агар ман озод ҳастам пас ҳолати муносибати худро бо дигарон бояд худ муайян намоям. Вале мо боз ӯро ба тобеият ба манфиати дигарону умум кашида, ҳушдор менамоем, ки вай дар сурати ба манфиати дигарон сару кор доштанаш, ин озодиаш маҳдуд мегардад. Ҳамин тавр, принсипи волоияти қонун моро дар давлати ҳуқуқӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти таъсири коммуникатсияи иҷтимоӣ (Ю. Хабермас) вориди ҳаёти дастаҷамъонае месозад, ки худро чун роботҳои оҳанин вориди лабиринти сохтаи қонун гардонем. Дар ҳуқуқ математикаи озодиро (Аристотел) бинем. Дар чунин сурат ҳаёт ва озодии мо дар қолаби сохтае сурат мегирад, ки онро ҳуқуқу ӯҳдадориҳо тарҳрезӣ намудааст. Бо маҳбаси тасодуф ҷинояткарда, бо шахси аз беэҳтиётӣ ва ё нофаҳмӣ тугмачаи сомонаро зер карда, бо маҳкумкунии шахси гирифтори ҳолати ногуворгардида адли аслро тавлид кардан мушкилиҳои табиӣ дорад. Зеро дар формулаи озодӣ аз ин ҳолатҳои бадтаре ҳастанд, ки ба рӯҳи қонун мухолифанд, дурӯя ва серӯя бо қонунҳо муносибат мекунанд, вале қонун дар тангнои муносибатҳои иҷтимоӣ дар кашфи онҳо ба мушкилӣ мувоҷеҳ буда, ба ҷазои шахсони то охир гунаҳгор набуда, кӯшиши ҳифзи низом менамояд. Дар чунин ҳолатҳо, албатта, иродаи сиёсии хирадмандона метавонад аз қонунҳо дида, бештар ба мардум маҳбубият ба низому давлат орад. Маҳз ба ҳамин хотир падидаи бахшиши гуноҳ аз ҷониби сарвари давлат дар давлатҳои демократӣ ва монархиявӣ аст. Ҳодисае, ки Ҷаноби Олӣ чанд нафареро ҳангоми сафари кориашон дар водии Рашт ва Бадахшон гузашт намуданд, дар соли 2008 барои ин водиҳо амну салоҳ ва тинҷию оромиро овард. Бисёриҳо, назари мухолиф доштанд, вале воқеият дар интихоби арзишҳои умда қонунияту вижагиҳои худро дорад, ки онҳо як навъ пурракунии халогиҳои берун аз иродаи қонун, вале таҳти рӯҳияи қонун аст.
Пас қонун бояд рӯҳияи созандаю одилонае дошта бошад, ки вай на танҳо берун аз навиштаҳою муқаррароташ дар ташаккулу мафкураи одамон асаргузор бошад, инчунин мутобиқи рӯҳи инсони намунаи давлатсозу ватандӯст қудрати дарки воқеият ва оқибатҳоро таҷассум кунад. Мо одатан ин ҳолатҳоро ба тарзи умум ба саводнокӣ ва донишандӯзӣ дар умум вобаста менамоем. Вале ин саводнокию ин донишандӯзӣ дар таркиби худ қонуниятҳои нонавиштаеро доранд, ки матали «шайтон донишманд буду», «доштани дониш ин нишонаи инсон будан нест»-ро тавлид кардааст. Чаро? Чунки ҳаёт ва воқеияте, ки инсон ташкил мекунад натиҷаи ана ҳамин рӯҳияи зиндаи ободкор ва табиати тағйирёбандаи инсон аст. Пас барои инъикоси дуруст ва самараноки орзу ва омоли он низоми догматикӣ ва шахшудамонда не, балки низоми дар ҳаракат, тағйирёбанда ва дарккунандае лозим аст, ки мисли инсон рӯҳ ва хиради шартӣ дошта бошад. Ва ин рӯҳу хирад ба ақлу дониш, озодии эҷодкунандаи қонуни ҳуқуқию нисбияти озодии хирадмандона вобастагӣ дорад. Албатта, ин низом эҳтиёткориро талаб мекунад, зеро лаҳзае дуршавӣ аз он оқибатҳои нохуби истибдодиро дорад. Аммо дар заминаи ҷамъияти озод, демократӣ ва баландии сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ин амал ҷойиз аст. Илми назарияи ҳуқуқ барои табобати он истилоҳи «қонуни ҳуқуқи»-ро вориди илм намудааст, вале он низ роҳи ҳалли мушкилӣ нест. Ба назари мо дар ин масъала бояд илми фалсафаи ҳуқуқ рушд намуда, консепсияи фаҳм ва дарки пешманзар, пасманзар ва пурра намудани халогиҳои қонун такмил дода шаванд.
Рӯйхати адабиёт:
1. Джон Стюарт Миль О Свободе: Антология мировой либеральной мысли (I половины ХХ века) / Пер. с англ. А.Н. Неведомского. – М.: Прогресс-Традиция, 2000. – С. 288-392.
2. Фукуяма Ф. Угасение госдуарственного порядка: научно-популярное издание / Пер. с англ. К.М. Королева. – М.: АСТ, 2017. – С. 19-20.
Холиқзода Аабдураҳим Ғафор,
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид.

Яндекс.Метрика