«Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Баъди соҳибистиқлол гардидани ватани маҳбубамон Тоҷикистон, ҳамасола аз соли 1994 инҷониб дар кишвар 6 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Қабули Конститутсия ба давраи басо ҳассоси давлатдории тоҷикон рост омад, ки он замон масъалаи эҳё ва ё фанои давлату миллат буд. Хушбахтона, ба бахти баланди тоҷикон, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии давлат пазируфта шуд ва масъулияти басо муҳим, идораи давлатро ба зимма гирифтанд ва ватану миллатро аз вартаи фано ба шоҳроҳи бақо раҳнамоӣ кард. Аввалин иқдомҳое, ки роҳбари давлат баҳри эҳёи давлату миллат роҳандозӣ намуданд ин таъмини волоияти қонун, барқарор намудани пояҳои давлатдорӣ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар он шабу рӯзҳои наҳси баъди пошхӯрии Давлати Шуравӣ ва паёмадҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дар чаҳорчубаи қонунҳо ва қабули Конститутсияи нав бо назардошти манфиатҳои миллӣ хеле муҳим ва саривақтӣ буд. Бо гузашти 30 - соли амали Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии тоҷикон, боз ҳам мақому манзалати ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз бараъло намудор мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин як ҳуҷҷати муҳими меъёрӣ барои инсоният зарур аз замонҳои қадим дар кишварҳои дунё арзи вуҷуд намуда, барои ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, тақсимоти ҳокимият дар байни субьектҳои давлатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чун обу ҳаво зарур будааст. Ин сатрҳоро нигошта, зарур шумурдам доир ба таърихи пайдоиши конститутсия, роҳи тайнамудаи он дар масири таърихи ҷаҳонӣ, баъзе маълумотҳои ҷолибро, ки аз сарчашмаҳои гуногун дастрас гардидааст, арза намоям.
Бо пайдоиши тамаддунҳои аввалини инсонӣ бо тақозо ва зарурати зиндагӣ маҷмуи аввалини қонунҳо низ пайдо шуданд. Дар соли 1877 бостоншиносон дар харобаҳои шаҳри қадимаи Гирсу дар кишвари вақти Месопотамия матнҳои қонунҳои қадимаро, ки аз ҷониби подшоҳи Лагаш Уруинимгина ба ҳазорсолаи III пеш аз милод таалуқ мегирад, пайдо намуданд. Илова бар ин намунаи конститутсия –кодекси бобулии шоҳи Хаммураппӣ, қонунҳои Солон ва Клисфен дар Афина, "Хартияи бузурги озодиҳо" англисҳо ҳисобида мешаванд. Аммо аввалин конститутсия бо маънии ҳуқуқии муосир ин калима Конститутсияи Амрико мебошад, ки 4 марти соли 1789 қабул гардидааст. Дар он бори аввал ғояҳои нави зарурати тақсимоти ҳокимият, ҳуқуқи инсон ва моликият, инчунин ҳуқуқи исён алайҳи золимони давр ба таври хаттӣ инъикос карда шуданд. Пас аз Конститутсияи ИМА, дар соли 1791 Конститутсия аз ҷониби кишварҳои Лаҳистон (Полша), (Сухани Посполита) ва Фаронса қабул карда шуд, аммо амали онҳо дер давом накард, чунки Лаҳистон истиқлолияти худро аз даст дод, дар Фаронса бошад инқилоб ба амал омад.
Айни замон дар 7 кишвари ҷаҳон расман конститутсия вуҷуд надорад, аммо дар ҳар кадоми онҳо қонунҳое мавҷуданд, ки ҳуқуқи давлатӣ ба онҳо асос ёфтааст. Чунин қонунҳоро "конститутсияҳои кодификатсиянашуда" меноманд. Ин дигар ҳуҷҷати ягона нест, ки асоси сохти давлатӣ бошад, балки маҷмуи санадҳои қонунгузорие ҳастанд, ки як навъ маҷмуи таълимот, расму оинҳои ҳуқуқӣ ва ҳуқуқҳои ҳифзшудаи судиро дар кишвар амалӣ мекунанд. Қонунҳои Британия бошад бо унвони "Хартияи бузурги озодиҳо" машҳур аст, ки соли 1215 қабул шуда буд ва ҳуҷҷати дигар бо номи "Билл дар бораи ҳуқуқҳо", ки соли 1689 қабул шудааст, асос ёфтаанд. Бо ҳамин сабаб Британияи Кабир қадимтарин кишвари дорои меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад, ки то ба имрӯз дар шакли аввалия расидааст. Вазъияти ба ин монанд дар кишвари Зеландияи Нав ва Канада – собиқ мустамликаҳои Британияи Кабир мебошанд, ки ба ҳайси ҳуҷҷати ҳуқуқӣ онро қабул карданд. Дар давлати Исроил конститутсияи расмӣ вуҷуд надорад, гарчанде ки кӯшишҳои қабули он аз замони эълони истиқлолият то ҳол идома дорад. Нақши конститутсияро дар Исроил қонунҳои асосии он дар бораи кнессет, ҳукумат, президент, озодии инсон ва озодии амал ва фаъолият иҷро мекунанд. Қонуни асосии кишвари Сан-Марино соли 1600 қабул шудааст ва он конститутсия маҳсуб намешавад, аммо аз бисёр ҷиҳатҳо ба конститутсия монанд аст, бинобар ин баъзе таърихнигорон онро аввалин санади ҳуқуқии конститутсионӣ мешуморанд. Ба маънои анъанавии ин калима дар давлати Либиё ва Шветсия низ конститутсия вуҷуд надорад. Дар кишвари Арабистони Саудӣ бошад, Қуръони каримро конститутсияи кишвар эълон намудаанд ва аз руи он амал мекунанд.
Аз руи таҳқиқи мутахассисон конститутсияи рекордӣ дар кишвари Ҳиндустон амал мекунад, ки аз 395 модда, 12 замима ва 103 ислоҳот иборат мебошад. Дар шакли англисии ин ҳуҷҷат 117,369 калима мавҷуд аст. Конститутсияи кӯтоҳтарин дар ҷаҳон айни замон конститутсияи Амрико мебошад. Аз соли 1787 ин ҷониб ба ин санад ҳамагӣ 27 ислоҳот ворид карда шудааст.
Бар хилофи ақидаи муқаррарӣ, ислоҳотҳои конститутсионӣ дар кишварҳои гуногун ба ҳисоби миёна дар 15-16 сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар асри XX дар кишварҳои ҷаҳон якбора якчанд мавҷи ислоҳоти бузурги конститутсионӣ ба амал омад. Ду мавҷи аввал ба давраҳои пас аз ду ҷанги ҷаҳонӣ рост омадааст, мавҷи сеюм ба солҳои 1960-уми қарни гузашта, вақте ки бисёр кишварҳои Осиё ва Африқо аз вобастагии мустамликавӣ озод гардиданд, ба амал омад.
Ислоҳотҳои конститутсионии муосир ба аввали солҳои 1990-ум, дар робита ба пошхӯрии ИҶШС ва лагери сотсиалистӣ рост омад ва зиёда аз 70 конститутсияи нав қабул гардид. Мавҷи охирини чунин падида ба солҳои 2005-2015 рост омад, ки ба асари он дар аксари конститутсияҳои кишварҳои аврупоӣ, тағйиротҳои куллӣ ворид гардиданд. Барои мисол дар кишвари Норвегия соли 1990 – се маротиба, дар давлати Нидерландия соли 1995 – чаҳор маротиба, дар кишвари Австрия соли 1991 – 7 маротиба, дар давлатҳои Белгия соли 1994 ва Швейтсария соли 1999 чунин иловаҳо ба конститутсияи онҳо ворид карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми 30 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти меъёрҳои Конститутсия, назорат ва адолати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи кишварҳои пешрафта мақом дошта, тақозои онро доранд, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва њифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Бо ҳамин ниятҳои нек ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу ором, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он раҳнамун намоем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву собитқадам мубаддал созем ва ватани ободу пешрафтаро ба ояндагон мерос гузорем.
Мирзозода Азизуло Файз - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон