Конститутсия – заминаҳои ҳуқуқӣ- сиёсӣ ва иҷтимоии ташаккули давлатдории миллӣ

Дар мақолаи мазкур масъалаи мақом ва нақши Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ, нақши низоми дунявият дар давлатсозӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрванд  ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. 
 
Калидвожаҳо: Конститутсия, қонун, дунявият, озодиҳои инсон, озодии виҷдон, озодии эътиқоди динӣ, ҳуқуқҳои инсон.
 
Дар раванди мураккаби геополитикии ҷаҳон ва махсусан минтақа таъмини тағйирнопазирии сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, таъмини озодии виҷдон бо мушкилоти нав рў ба рў шуда истодааст. Бархӯрди манфиати қудратҳо метавонад низоми сиёсии давлатҳоеро, ки мавриди ҳадаф қарор медиҳанд, фалаҷ кунанд. 
 
Агар масъаларо аз диди сиёсӣ  мавриди баррасӣ қарор диҳем, тавъам будани истиқлолият ва конститутсияро дар бунёди як давлат хеле хуб эҳсос мекунем, ки устувории давлатҳои миллиро  таъмин мекунад. Зеро агар миллат соҳиби давлати миллӣ ва истиқлол набошад, кадом шакли  конститутсия набошад, ҳеҷ гоҳ моли он миллат буда наметавонад ва дар тақдири миллат  нақши калидӣ дошта наметавонад.
 
Аз ин рў, мафҳуми истиқлолият заминаҳои татбиқи ҳамагуна меърҳои ҳуқуқиро таъмин менамояд. Санадҳое, ки зери номи Конститутсия то замони соҳибистиқлолӣ вуҷуд доштанд, арзиши ҳуқуқии онро пурра инъикос намекарданд. Барои ҳамин ҳамаи давлатҳои пасошуравӣ баъд аз истиқлолияти давлатӣ матни онро бо назардошти манфиатҳои миллӣ таҷдиди назар карданд, ки дар давлати миллии мо низ ин таҷриба амалӣ гардид. Аввалан ин иқдом  диди куллан миллиро ташаккул дод, ки то битавонем таърих ва фарҳанги сиёсии хешро таҷдиди назар ва  стратегияи амиқро роҳандозӣ намоем. Миллат бояд дарк намояд, ки дар таърихи гузаштаи он чӣ саҳифаҳои хотирмон, ки дар бақои он нақш доштанд ва ҳамзамон омилҳое, ки сабаби шикасти давлатдории миллӣ гардидаанд, мавриди омўзиши ҳамаҷониба қарор диҳад. Дар сурати бардоштҳо аз ин саҳифаҳои таърихӣ  миллат метавонад истиқлол ва конститутсияро  дар радифи дигар мафҳумҳо аз зумраи арзиш ва муқаддасоти давлати миллӣ қаламдод намояд.
 
Оё Конститутсия, ки нишонаи соҳибистиқлолист, тавъам донистани эъломияи соҳибистиқлолӣ ва конститутсияи давлати соҳибистиқлолро  бо ҳам  дар таҷрибаи амалӣ таъмин карда тавонист. [1;320].  Қобили тазаккур аст, ки дар таърихи  ҳазорсола зиёиёони миллат ҳеҷ фикри дигаре ҷуз расидан ба рўзҳои хуш бо ифтихор аз давлатдорӣ надоштанд. Дар ниҳоят ба он расид ва ин фурсати муносиберо, ки  интизор дошт, тавонист миллат ва кишварро ба ҳам пайвандад, давлат ва Конститутсия бо ҳам пайвасти таърихӣ ёфтанд. Сабақ гирифтан аз ҳақиқати таърихӣ ва сохтани  ояндаи миллат нишонаи мавҷуд будани фарзандони миллатдӯсту рушанфикр аст. Ин ҷасорати таърихии миллатро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамон дар бунёди давлати навини тоҷикон такрор кард. Истиқлолияти миллиро бо қабули Конститутсия пайваст кард, ки шароити таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳро фароҳам овард ва тасмимгириҳои мустақилонаи давлатро мувофиқи ормон ва ниёзҳои миллат фароҳам овард. Агар Конститутсияи соли 1994 низоми давлатдориро муайян карда буд, тағйиру иловаҳои  соли 1999 онро нерў ва мантиқи баланд бахшида, воқеъан, раванди таҳаввулоти конститутсионӣ баъди интихоботи соли 2000-умро нуқтаи болорафти эътимод ва эҳтиром дар ҷомеъа арзёбӣ кардан мумкин аст. Аммо мавриди таъкид аст, ки феълан,  дар як давраи хело ҳассоси воқеъият ва ҳаводиси минтақа ва ҷаҳон қарор дорем ва ин  масъулияти бештарро дар ҳифз ва таъмини низоми конститутсионӣ тақозо дорад. [2;221-239]. Нигоҳ доштани давлати миллӣ бо ангеза ва зербинои мустаҳками фарҳангӣ, ба хусус ба хотири саҳмгирӣ дар рушди давлатдории миллӣ ва масъулиятшиносии миллати соҳибфарҳанг вобаста аст. Миллати тоҷик чунин сифатҳоро дорост, зеро шикастҳои таърихӣ натавонистанд миллатро аз арсаи таърихӣ ба нестӣ баранд ва таъсиси давлати миллӣ онро бори дигар собит намуд.
 
Истиқлолияти давлатӣ  дар кишварҳои пасошўравии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар баробари мусоидат ба  болоравии худшиносии миллӣ ва динӣ, барои ин кишварҳо мушкилоти навро эҷод намуд. Азбаски эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ  маҳсуб меёбанд, ҷомеа ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ таваҷҷўи бештар зоҳир намуд. Вале муносибат ба таърих, ба  фарҳанги миллӣ ва динӣ дар ин давра ба мавзўи баҳси  тўлонии миёни доираҳои зеҳнӣ, динӣ, ва сиёсӣ табдил ёфт. Махсусан мақом ва нақши ислом дар ҳаёти сиёсӣ- иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва сатҳи таъсиру нуфузи он ба қишрҳои мухталифи ҷомеа зиёд гардида, баъзе ҷанбаҳои он то ҳол ба таври пурра мавриди омўзиши ҳаматарафа қарор нагирифтаанд. Зеро имрўз дини ислом илова ба  арзиши фарҳангӣ- маънавӣ ба сифати яке аз омилҳои  низоъ ва таҳдид ба амнияти минтақа аҳамияти хоси сиёсӣ  касб кардааст. [3;147-154].   
 
Азбаски ислом бо фарҳанги миллӣ дар тўли таърих печида ташаккул ёфтааст ва ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ дар қатори арзишҳои миллӣ дар давлати миллӣ метавонад низ нақши  мутаҳидкунанда  бозад, агар дар сатҳи идеологӣ таносуби дину миллатро таъмин намоем ва дар таъмини манфитаҳои миллӣ онҳоро  рушд диҳем. Дар айни замон аз як тараф аз дин гурўҳҳои  мухталифи  сиёсӣ ҳамчун омили сиёсӣ барои расидан ба қудрат истифода  баранд, аз тарафи дигар давлатҳои абарқудрати дар кишварҳои мусулмонӣ манфиатдор низ барои ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеа ва пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии худ  исломро истифода мебаранд. Аз ин рў, масъалаи   дастгирии ташкилотҳои динӣ аз ҷониби баъзе давлатҳо ё бо дасти давлатҳои дигар дастгирии ин ҷараёнҳо дар Осиёи Марказӣ як амали муқаррарӣ шудааст. [4;203-211]. 
  
Маълум аст, ки низоми  сиёсии  ҳамаи кишварҳои пасошўравии  ин минтақа дунявӣ аст, ва дар ин давлатҳо ҳеҷ кадом дин ё мазҳаб ба сифати  идеологияи давлатӣ пазируфта нашудааст. Таҷриба собит намуд, ки ягона омили асосии нигаҳ¬дории мувозинат дар миёни арзишҳои миллӣ ва динӣ дар раванди сиёсӣ ва давлатсозӣ дар кишвар маҳз низоми дунявият буда метавонад.Пазируфта нашудани дин ба сифати идеологияи давлатӣ баробарҳуқу¬қии пайравони ҳамаи дину мазоҳибро дар назди қонун таъмин мекунад ва барои мавҷудияти бисёрақидатӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон ифодагари озодии дин ҳам мебошад. Зеро дар асоси ин принсип баробарии ҳамаи динҳо дар назди қонун эътироф мегардад.«Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуқтаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму ойинҳоро озодона риоя карда, талаботи эътиқодии худро қонеъ созанд» [5;28].  Дар асл дунявият алайҳи дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил шуданд ва замонате барои имон дар шакли амиқ ва саҳеҳ аст, зеро имони саҳеҳ аз интихоби озодӣ ҳосил мешавад. “Дахолати давлат ба дин ва диндорӣ ин ихтиёрро салб мекунад ва дине, ки дар шакли иҷборӣ ҳосил мешавад, ҳаргиз дин ва имони ҳақиқӣ нест” [6;76-81].   
 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳам дар назария ва ҳам дар татбиқи низоми дунявият тафовутҳо миёни Ғарб ва Шарқ вуҷуд доранд. Аз ин рў, давлатдории дунявии кишварро нусхаи дунявияти кишварҳои Ғарб ҳисобидан хато аст. Азбаски таърихи давлатдории миллатҳо ва фар¬ҳанги сиёсии мусулмонон аз ҳамдигар тафовут доранд, ҷорӣ намудани як шакли давлатдорӣ дар ҳамаи киш¬варҳо низ ғайриимкон аст. Бинобар ин, ҳангоми таҳ¬лили муносибати давлат ба дин миёни давлатҳои мусулмонии арабу форс фарқиятҳои ҷиддӣ пайдо мешаванд. Зеро то ислом ҳам таърихи арабу форс аз ҳамди¬гар дар усули давлатдорӣ фарқ доштанд. То зуҳури ислом дар кишварҳои форсизабон аллакай давлатҳои мутамаркази дорои сохтори муайян вуҷуд доштанд. [7; 281].  Дар ҳоле ки тамоми масъалаҳои сиёсӣ ва муносибатҳои иқтисодии арабҳо дар сатҳи роҳбарони қавму қабилаҳои алоҳида ҳаллу фасл мешуд. Ин фар¬қиятро бояд ба назар гирифт, зеро ислом ба ин мин-тақаҳо, пеш аз ҳама, ҳамчун дин ворид шуд, на падидаи сиёсӣ. Баръакс арабҳо баъди аз ин минтақаҳо дидан кардан зарурияти ташкил намудани низоми давлатдориро дарк карданд. Мутаассифона, баъзе аз мубаллиғони исломи сиёсӣ ҳамин факти таърихиро нодида гирифта, таърихи миллати тоҷикро аз нигоҳи  меъёрҳои нодуруст баррасӣ менамоянд. [8; 768].    
 
Давлатдории миллии тоҷикон қабл аз ислом нисбат ба давраи исломӣ дида, хеле фарохтар буда, дар он баъзе унсурҳои дунявият зуҳур карда буд. Бе сабаб нест, ки сулолаи асотирии Пешдодиёнро нахустин танзимкунандаи қонунҳо медонанд. Ҳанўз дар Вандидоди Авасто вазифа ва салоҳияти шоҳ ин сарварӣ кардани ҷаҳон, обод намудани кишвар ва хизмат кардан ба раият буда, вазифаи рўҳонӣ бошад, тарбияи ахлоқӣ ва ба ин тариқ ў сомонбахшии растагории он дунёии мардум мебошад” [9; 788]. 
 
Дар шароити кунунӣ принсипҳои асосии дунявият озодии виҷдон, озодии фардӣ ва озодии ҷаҳонбинии ў мебошанд. Озодии эътиқод яке аз унсурҳои муҳими озодии виҷдон мебошад. Бинобар ин, озодии эътиқод ин ҳуқуқи озодона пайравӣ намудан аз ин ё он дин ё тамоман пайравӣ накардан аз ягон дин, озодона ва ихтиёрӣ тағйир намудани дин ва таблиғ намудани андешаҳои динӣ аст. Муқаррар намудани маҳдудиятҳо ва ё таҳқир барои пайравӣ аз дин манъ аст. Дар фар¬ҳанги миллии мардуми тоҷик бошад анъанаҳои дунявият, ба мисли озодандешӣ, таҳаммулпазирӣ, инсондўстӣ ва озодии эътиқод ҳанўз қабл аз ислом ҷой доштанд ва баръакс, дар даврони равнақи ислом баъзе унсурҳои он ҳамчун андешаҳои зиддидинӣ аз байн бурда шуданд. Вале дар таърихи давлатдории форсизабонон таҷрибаи талхи пайвастани шаҳриёриву мўъбадӣ аз тарафи Гуштосб ва шоҳони Сосонӣ амалӣ гардида буд, ки сабаби ҷанг¬ҳои зиёд дар дохили кишвар шуда буд. Ин таҷрибаи талхи таърихии миллат ҳаст ва ҳар бор агар он такрор шавад, оқибаташ ҷангу харобӣ аст. Ҷанги шаҳрвандии соли 1992 бори дигар ин саҳифаи таърихро барои мо кушод ва собит намуд, ки ин таҷрибаи талхӣ таърихро набояд такрор кард.
 
Асли мафҳуми дунявиятро пазируфтан, маънои ҷудо кардани ақоиди динӣ аз сиёсати давлатиро ифода намуда, ҳеҷ гоҳ мақсади аз ҳаёти ҷамъиятӣ берун овардани динро пайгирӣ намекунад. Зиёда аз ин, дар шароити ҳифзи нақши давлат ҳамчун шакли олии созмондеҳи ҳокимияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ тафаккури дунявӣ барои муайян кардани доираи нуфузи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ мусоидат менамояд. Аз ин рў, дар илми ҷомеашиносӣ “ҳангоми баҳо додани меъёрҳои таснифоти давлатҳои дунявӣ ба ду ҷиҳати масъала – ҳамкории давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ва дараҷаи таъсири дин ба низоми ҳуқуқии давлат эътибори ҷиддӣ медиҳанд” [10;34]. Дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ислом ҷойгоҳи сазовори худро дар тафаккуру андешаи миллӣ пайдо кардааст ва дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ рисолати баланди ахлоқию фарҳангӣ дорад. Вазъияти тағйирёбандаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки давлатдории миллии мо дар ин марҳилаи бисёр мураккаби сиёсӣ бояд бо назардошти таъсиргузории омилҳои динӣ ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои минтақавӣ ва миллии худ собитқа¬да¬мона рушд намояд.   Айни замон дар кишвар дин аслан дар се шакл шинохта ва пазируфта шудааст:
-исломи маросимӣ, ки  миёни мардум бештар  нуфуз дорад.
-исломи ҳамчун тарзи зиндагӣ, ки хоси қишрҳои муайяни рўҳоният аст.
-исломи сиёсишуда, ки идеологияи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ- диниро ташкил медиҳад.
 
Чун падидаи исломи сиёсӣ дар ибтидои таъсиси давлати миллии мо таъсири калон дошт ва сабаби муноқишаҳои дохилӣ гардид ва то ҳол ин идеология  таблиғ мегардад, зарур аст, ки тавозуни онро дар муносибат бо низоми дунявӣ равшан созем. Бояд яқин қабул кард, ки миллат худ падидаи дунявӣ буда, он низоми давлатдории дунявиро тақозо мекунад ва дар низоми дунявӣ волоияти қонун ва озодӣ арзиш бошад, дар низоми динӣ  уммат  арзиш аст. Аз ин рў, мубаллиғони исломи сиёсӣ ҷомеаи дунявиро бо ҷомеаи ҷоҳилият маҳкум карда, ислом ба мафҳуми  сиёсӣ ва инқилобӣ табдил дода, сарнагун кардани низомҳои ғайридиниро ҳадафи низоми динӣ  ва вазифаи имонӣ қарор медиҳанд. Агар  таъсиси давлати миллӣ мушкилоти исломи сиёсӣ бошад, пас давлати исломӣ чӣ тавр миллатро ҳамчун омили худкифо қабул мекунад. Низоми теократӣ  роҳи ҳалли онро дар  нест кардани миллат ҳамчун арзиши мустақил мебинад. Далелашон ин аст, ки дар  низоми сиёсии ғайришаръӣ  дин аз имкони ширкат дар ҳаёти иҷтимоӣ мусалмонон маҳрум мешавад. Профессор Т. Хусейни дар китоби худ "Ислом ва принсипи хокимиятдорӣ "андешаи кудсияти куръони надоштани ҳамагуна низоми сиёсӣ, хилофатро баён кардааст. [11;22]. Ҳар хокимияте ки худро исломӣ мегўяд, он пеш аз ҳама тамаддуни исломиро дар назар дорад, на исломро хамчун дин, зеро хилофат ин институти иҷтимоӣ  ки мусулмонон онро тархрезӣ кардаанд.Дар фаъолияти худ исломи сиёсӣ барои таъсиси низоми сиёсии динӣ назария ва амалия, илоҳиёт ва сиёсатро пайванд месозад. [12;170]. Аз рўи нақши ин  арзишҳо дар консепсияи мазкур, аҳзоби сиёсӣ дин нест, балки мактаби сиёсӣ аст, ки танҳо дар паси дин пинҳон шуда, аз нуфузи ислом барои пиёда кардани  ҳадафҳои  сиёсии худ истифода мекунад. Ин консепсия вобастагии динро аз сиёсат собит месозад. Ислом ҳамчун дин  худкифо буда, мафҳуми сиёсии худро дорад ва умдаҳои аслии он тавҳид, худотарсӣ буда, ин аслҳо онро аз ифротгароии динӣ ҷудо мекунанд. [13;3-12]. Агарчӣ сиёсисозии ислом  василаи ҳифзи манфиати гурӯҳҳои муайян бошад, вале  барои оммаи мусулмонон ин идея ҳамчун идеяи ҳифзи дин аз куфр ва низоми куфр муаррифӣ карда мешавад. Илоҳиёт дар ин маврид сиёсатро маънии динӣ мебахшад. Исломи сиёсӣ  муносибатро аз рўйи принсипи «касе, ки бо мо нест, зидди мост». [14;199-213] барқарор менамояд. 
 
Бартарияти дунявият дар ин маврид бараъло намоён мегардад ва принсипҳои зеринро асос мебахшад:
 
–  тибқи муқаррароти қонун ҳеҷ кас ўҳдадор нест, ки дар бораи мансубияти диниаш ахбор диҳад ва ҳеҷ кас ё ниҳоде низ ҳуқуқ надорад аз шаҳрванд чунин маълумотро талаб кунад;
 
–  ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки дар адои маросимҳои динӣ касеро маҷбур созад;
 
– барои иштирок дар адои маросимҳои динӣ ягон муҳдудият нест;
 
– қонунгузорӣ имконият медиҳад, ки мардуми дорои ақидаи динии муштарак иттиҳодияи динӣ таъсис диҳанд, маводи мазмуни динидоштаро ба табъ расонида, фурўшанд ва маводи зарурии аудиоӣ ва видеоиро харидорӣ намоянд.
 
-  хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд;
 
- барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
 
- дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамояд, ходимонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ интихоб, таъин ва иваз мекунад;
 
- вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро иҷро накарда, ба фаъолияти онҳо дахолат намекунад.
 
Ҳамин тариқ, низоми дунявии давлатдорӣ имконият медиҳад, ки инсон ҳуқуқу озодиҳои худ, аз ҷумла озодии диниашро ҳифз намояд, дин ҳамчун ҷузъи фар¬ҳанги миллӣ рушду нумўъ карда, дар тарбияи ахлоқии инсон саҳм гирад, нақши маънавии дин дар ҷомеа баланд гардад ва аз ҳамин роҳ дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷомеа мақоми сазовореро дошта бошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ахлоқию маънавӣ ба нақ¬ши фарҳанги миллӣ ва динӣ - мазҳабӣ  бояд ҳамаҷониба арҷгузорӣ карда шавад, ба эътибор гирифтани омили динӣ ҳангоми таҳияи дурнамои сиёсати давлатӣ, омўзиш ва истифодаи оқилонаи таҷрибаи дигарон дар танзими ин масъала метавонад таъсири омилҳои манфиро сахт коҳиш диҳад. [15, 47-53].  
 
Дар шароити кунунӣ роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ барои пуштибонӣ аз дини мубини ислом, эҳёи арзишҳо ва муқаддасоти миллию динӣ, танзими ҷашну маросимҳои миллию динӣ, пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, таъмини ҳуқуқу озодиҳои динию шаҳрвандӣ, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рўҳияи ватандўстӣ тамоми заминаҳоро муҳайё сохтааст ва доир ба масъалаҳои ёдшуда санадҳои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ қабул шудаанд.
 
Рўйхати адабиёт:
 
1.Армстронг К. Ислам: краткая история от начала до наших дней / Пер. с англ. М. Беловой. – М.: «Эксмо», 2011. –с.320.
2.Эдвард Лимон ва Олег Антонов. "Мутобиқсозии ҳуқуқи авторитарӣ дар фазои пасошӯравӣ." Демократизатсия, ред. 27, № 7, 2020, саҳ. 21–39.
3.Маҳрамбеков М. «Мақом ва нақши ислом дар Тоҷикистон», ҷ.2, 2017 саҳ 147-154
4.Султонгалиева А.«Новые независимие государство» Каз и мировые общество, Алматы 2003 №3, стр 203-211. 
5.Белокрениц¬кий В.Я. «Восток в международных отношениях и мировой политике», Ин-т востоковедения РАН. . – М., 2011. – с.28. 
6.Маҳрамбеков М. «Мақом ва нақши ислом дар Тоҷикистон», ҷ.3,  2017 саҳ 76-81
7.Наумкин В.В. Ислам и мусульмане: культура и политика. Понкин И.В. Правовые основы светскости государства и образования. – М., 2003. – 218 с. 
8.Статьи, очерки, доклады разных лет. – М. – Н. Новгород: ИД «Медина», 2008. – 768 с.
9.Наумкин В.В. Ислам и мусульмане: культура и политика. Статьи, очерки, доклады разных лет. – М. – Н. Новгород: ИД «Медина», 2008. – 788 с.
10.Баротзода Ф. “Мақом ванақши ислом дар Тоҷикистон” ҷ. 3 саҳ 34.
11.Ҳусейнӣ Т. "Ислом ва принсипи хокимиятдорӣ» Теҳрон 2021, саҳ 22.
12.М.Кожокина.- М.: РИСИ, 1999. саҳ 170.
13.Дюран Ҳ, Донишгоҳи Филаделфия профессори теолог, Duran 2000, с. 3–12.  
14. Стюарт Хорсман. "Мавзӯъҳо дар гуфтугӯҳои расмӣ дар бораи терроризм дар Осиёи Марказӣ." Семоҳаи ҷаҳонии сеюм, нашр. 26, № 1, 2005, с. 199–213.
15. Баротзода Ф. “Мақом ва нақши ислом дар Тоҷикистон”, маҷмўи мақолаҳо, соли 2017, саҳ. 47-53.
 
Маҳрамбеков М.- котиби илмӣ
Яндекс.Метрика