Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро доро мебошад. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 15- солаги қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки бо ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар ҳастиву поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихиро гузоштаанд. Албатта ин забонест, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек таблиғ гардида, садҳо асари панду ахлоқӣ сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудааст, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз намуд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд.
Иштирокчии ҳамоиш, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳммадҷонова иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи забон аз муҳимтарин чорабиниҳое мебошад, ки мардуми тоҷик онро бо шавқу муҳаббати зиёд пазироӣ мекунанд. «Имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо миёни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 давлати ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунёст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама аз тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ шаҳодат медиҳад», - таъкид намуд Муҳиба Маҳмадҷонзода.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар атрофи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. «Забони тоҷикӣ заабони баландҳиммате аст, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем», -гуфт ӯ.
Шоир ва забоншиноси маъруф Рустами Ваҳҳоб иброз намуд, ки забони тоҷикӣ на танҳо, унсур ва рукни муҳимтарин ва ҳуввияти миллии мо, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар радифи сармояҳоии маънавии башар, як падидаи камназир ва мумтоз аст. «Бинобар ин масъулияти мо дар ҳифзу густариши забон, на танҳо масъулияти миллӣ, балкӣ масъулияти умумибашарӣ аст», -таъкид дошт Рустами Ваҳҳоб.
Дар идома олимону забоншиносони мамлакат дар маърӯзаҳои хеш доир ба рушд ва ҷанбаҳои забони тоҷикӣ сухан гуфтанд.
Ҳамзамон ба як қатор забоншиносон ва онҳое, ки дар рушду густариши забони давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаи Кумитаи забон ва систилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ