КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ ГУРӮҲӢ КОРӢ БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

18 -уми апрели соли 2024, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрам, Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода, Сафарзода Диловар ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфайёз бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Сараввал, ташрифи меҳмонони гиромиро муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Сафарбеки Саидбек хайрамақдам гуфта, мақсад аз баргузории вохуриро иброз намуданд.

Сипас, вобаста ба мавзӯъи мулоқот меҳмонон суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки вазъи минтақа зери таъсири таҳаввулоти ҷаҳонишавӣ, таъсири бевоситаи вазъи печидаву вахими имрӯзаи ҷаҳон тезу тунд ва нигаронкунанда шакл гирифтааст. Ин вазъияти печида обистани хатарҳо аст. Ин хатар ба давлату миллат, хатар ба ҳар шаҳрванд ва ба ҳар яки мо аст. Аз ин рӯ, замоне фаро расидааст, ки таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ, арзишию тамаддунӣ дарк ва омӯхта шаванд, тасвиру тафсир гарданд ва дар ин замина тадбирҳои фаврӣ бояд андешид.

Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолу суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди солимфикри Тоҷикистон аст.Хурофот ба торикӣ мебарад, ба бадбахтӣ мебарад, на ба чизи дигар. Ҷавонони азизи мамлакат! Ҳама чиз дар дасти шумост. Ин Ватан, пеш аз ҳама, Ватани наврасону ҷавонони имрӯза аст. Ҳар кори неке, ки мо, калонсолон мекунем, барои шумо – насли ҷавони имрӯза мекунем. Ин Ватанро мо ба шумо мерос мегузорем». Воқеан ҳам хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки дар бораи ин ё он мавзуъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз дар байни гурӯҳҳое густариш пайдо менамояд, ки сатҳи донишу маърифаташон паст мебошад.

Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа мебошад. Бояд таъкид намуд, ки ходимони дин дар самти решакан намудани хурофоту ифрот бояд нақши муассир дошта бошанд. Зеро пӯшида нест, ки аксари боварҳои хурофотии мардум ҳамчун унсурҳои динӣ таблиғ мешаванд ва бархе хурофотзада буданашонро ҳамчун «диндорӣ» нишон додан мехоҳанд. Дар ҳоле ки аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизе аст, ки аз доираи дин берун аст.

Тавре коршиносон иброз медоранд, хурофот терроризму экстремизм нест, аммо зинаҳои нахусти майл ба зиёдаравию гумроҳӣ аст. Имрӯзҳо ин гуна афрод рӯ ба сомонаҳои иҷтимоӣ овардаву дар баробари гумроҳии худ боз талош доранд зеҳни дигаронро низ олудаи ақидаҳои хурофотӣ намоянд. Ҳамзамон масъалаи танзими фазои иттилоотӣ имрӯз ба яке аз мавзуъҳои ҳассоси ҷомеа мубаддал гашта, ба шаклгирии афкори умум таъсиргузор шудааст.

Бинобар ин, бохабарӣ аз вазъияти иттилоотии мамлакат амали зарурӣ дониста мешавад. Нодида гирифтани ин раванд, зоҳир намудани бетаваҷҷуҳӣ ба роҳу усулҳои шаклгирии он метавонад дар оянда ба суботу амнияти ҷомеа ва устувории вазъияти сиёсии мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷумла терроризму экстромизми динӣ риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон", " Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ гардиданд. Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Яндекс.Метрика