Имрӯз 18 апрели соли 2024, дар идомаи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрам, Саҷҷоди Маҳмадшарифзода, Сафарзода Диловар ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдуфайёз бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Заргари ноҳия мулоқоти корӣ баргузор намуда, вобаста ба мавзӯъи вохӯрӣ, меҳмонон суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷумла терроризму экстромизми динӣ риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон", " Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ гардиданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён