ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҲИМИ МАВҶУДИЯТИ МИЛЛАТ

Тайи чанд моҳи охир дар шабакаҳои интернетӣ баҳсҳо дар мавзуи либоси миллии тоҷикон бошиддат идома ёфт, ки сабаби он дар мавъизаи се-чор нафар мулломаобҳои кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии исломии Афғонистон садо додани он, ки гуё дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сатри аврати занон нақз шуда бошад. Таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳатто як андешаи беасос ва бедалел қодир аст авзои ҷомеаро ноустувор ва андешаи мардумро ба маҷрои носолим раҳнамоӣ намояд.
Биёед масъаларо бо таҳаммул ва одилона баррасӣ ва равшан намоем, ки то чӣ андоза ин ҳама валвалаҳо ва дурӯғбофиҳои душманони дохилию хориҷии кишварамон нодуруст ва беасос мебошад.
Бармегардем ба мулоқот ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9.03.2024 дар толори Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе, сурат гирифта буд. Ҷаноби Олӣ дар баробари баррасии зиёда аз бист масъалаи ниҳоят муҳими доғи рӯзи ҷомеа, ба масъалаи тақлиди ҳамватанонамон ба фарҳанги бегона ва пӯшидани либоси бегона изҳори нигаронӣ намуда, минҷумла падарвор, дилсӯзона чунин иброз доштанд:
«Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст. Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед…».
Яъне дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд. Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд.
Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад. Онҳое, ки либосҳои бегонаро мепӯшанд, намоишкорӣ мекунанд.
Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар замони Абӯҳанифа низ олимон ва донишмандони зиёде шоҳиди суиистифода аз дин ба хотири манофеи сиёсӣ буданд, аммо касе ба андозаи Абӯҳанифа ҷуръат надошт, ки ба таври ошкоро мухолифати худро бо худсариву қаҷравӣ баён кунад. Дар ҳоле, ки ислом ба мо либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос.
Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад.
Масалан, арабҳо чӣ дар дохили кишварҳояшон ва чӣ дар хориҷа либоси миллии худро мепӯшанд ва бо либоси миллии худ ифтихор мекунанд. Либоси миллии худашон аст, либоси исломӣ нест.
Пештар гуфтам, ки либосҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла чакану адрас ҷаҳонӣ шуданд. Аз ҷониби созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътироф гардиданд. Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.
Бозёфтҳои таърихӣ, ки дар осорхонаҳои мо ва дар олам ҳастанд, аз Қалъаи Куруши Кабир, Тахти сангин, аз Саразм, либосҳои қадима, чӣ гуна сару либосҳои мардонаву занона доштанд. Охир чаро мо бегонапарастӣ кунем? Чаро аз фарҳанг, аз забон, аз таърих, аз либос ва урфу одатҳои худ ношукрӣ кунем? Душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд. Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангатро мегиранд, баъд давлат ва ҳамин тариқ миллат аз байн меравад, инро фаромӯш накунед! Дар як баромадам гуфта будам, имрӯз низ мегӯям:
Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон.
Дар ин радиф Кумитаи кор бо занон ва оила вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.
Ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати як моҳ назари худро оид ба масъалаи мазкур дар доираи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ муайян намояд».
Акнун биёед хонандаи гиромӣ аз руи инсофу имон дар якҷоягӣ қазоват намоем, ки дар куҷои ин гуфтаҳои Сарвари давлат сухане хилофи фармудаҳои шариати ислом, Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гуфта шудааст. Ягон матлаб ё андешае ба ин маънӣ набуд ва нест, бинобар ин касе онро аз худ набофад, ёфта ҳам наметавонад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик гузаштаи бою рангини шаш ҳазорсола дошта, дар паҳнои худ даҳҳо қавму қабила ва миллатҳои биёбониро ҷой дода, ба онҳо фарҳангу маданият, илму маърифат, одаму одамгарӣ, расму оин омӯхт ва соҳиби сару либос намудааст.
Дар баробари забон ва дигар рукнҳо, агар либос ҳам як нишонаи ба кадом миллат ва ё қавм таалуқ доштани шахс бошад, пас дар замони ҷаҳонишавии босуръат, хатари нестшавии либоси миллӣ моро низ домангир буда, нишонаҳои он баръало ба мушоҳида мерасад. Имрӯзҳо як қисм духтарону модарони мо фирефтаи муди рӯз шуда, либоси ғайрро ба бар мекунанд ва худ хабар надоранд, ки бо ин амали худ аз баҳри либоси миллии худ баромада, либоси бегонаро тарғиб менамоянд ва либоси миллии аҷдодии худро ба вартаи нестӣ расонида истодаанд. Бо ҳамин андешаҳо Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳои худ доимо такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки душманонат аввал забонат, фарҳангу маданиятат ва дар охир давлататро аз худ мекунанд.
Ба андешаи банда, Сарвари давлат хоҳони он аст, ки масъулони соҳа, махсусан тарроҳон, тарҳҳои нави либоси миллиро пешниҳоди ҷомеа намоянд, ки ҳам ҷавобгӯи ниёзҳои модарону хоҳарон ва ҳам мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом бошад.
Барои мисол метавон либоси миллии туркманҳоро овард, ки ҳатто бо як нигоҳ онро метавон мушаххас намуд, ки шахс намояндаи миллати туркман аст. Чаро мо наметавонем чунин корро анҷом диҳем.
Дар чорабиниҳои фарҳангии бузург, ки ҳамасола дар иртиботи ин ё он санаи муҳим аз ҷониби ҳунармандон дар майдонҳои шаҳр бо иштироки чор-панҷ ҳазор нафар доир мегирад, мо шоҳиди ҳол мешавем, ки либоси ҳунармандон, махсусан духтарону бонувон бисёр зебо, замонавӣ ва аз ҳама муҳим ҷавобгӯи анъанаи миллӣ мебошанд. Либосҳои бонувон бо остинҳои дарози дар охир парпардошта, яханҳои то баногӯш болобаланд ороёфта, ки ҳатто ба гумони банда, бо ин либосҳо тоат намудан ҷоиз аст, тамошобинро ба ваҷҳ меорад, ҳар нафар ҳам бошад ифтихор аз он мекунад, ки мо миллати дорои таърихи бою рангин ҳастем ва ҳамин либосҳо аз ниёгони мо ба мерос мондааст.
Агар тарроҳони ватанӣ чунин либосҳои зеборо барои ҳунармандон тавонистаанд пешниҳод намоянд, пас чӣ мушкилӣ дорад чунин корро барои мардуми оддӣ анҷом надиҳанд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки иқтидори тарроҳони ватанӣ хеле бою ғанӣ буда, аз уҳдаи ин масъала ҳам ба хубӣ мебароянд.
Ба андешаи банда, барои ҳифзу беолоиш нигаҳдорӣ ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мондани либосӣ миллӣ, анҷом додани як қатор корҳои муқадамотӣ тақозои рӯз аст. Пеш аз ҳама саволе пеш меояд, ки чаро занон, бонувон, духтарони мо руҷӯъ ба либоси бегона мекунанд. Шояд ҳамон ниёзҳое, ки бонувон дар либоси бегона меҷӯянд дар либоси миллии хеш пайдо накардаанд. Пас, чӣ бояд кард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Агар чунин бошад, зарур аст, ки дар ин самт бисёр корҳои ҷиддӣ ва бунёдӣ бояд ба анҷом расонида шавад. Дар ин раванд бояд донишгоҳи махсус бо барнома ва стратегияи ҳадафманд даст ба кор шавад, анвои либосҳои гуногун, бо дар назардошти ҳифзи унсурҳои этникиву таърихии либоси миллиро ба инобат гирифта, либосҳои замонавии тоҷикиро бо дарназардошти омилҳои зайл пешниҳоди мардум намоянд:
1. Либосҳо бо дар назар доштани фасли сол, зимистона, тобистона, тирамоҳиву баҳорӣ барои занону мардон, вобаста ба синну сол;
2. Либосҳои расмӣ барои кори мардону занон, фароғатӣ, варзишӣ, хонапӯшӣ, инчунин барои маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ;
3. Либосҳои тавсиявӣ барои мактаббачаҳои макотиби миёна, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту идораҳои хизматрасон;
4. Либосҳои тавсиявӣ барои қишри калонсоли ҷомеа;
5. Дар коркарди либосҳо бояд унсурҳои миллии намояндагони ҳамаи маҳалҳои ватани маҳбубамон ба инобат гирифта шавад.
Мусаллам аст, ки либоси миллӣ низ чун ҷузъи фарҳанги волои миллат аз ҷаҳонишавии босуръат, ба ҳимояту нигаҳдорӣ ниёз дорад. Вобаста ба ҳифзи либоси миллӣ дар боби 5 моддаи 18, банди 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ҳамагӣ бо як сархат омадааст: «Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошад», ки ба гумонам кифоя нест.
Аз соли 1989 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» амал мекунад, ки дар ҳифзу беолоиш нигаҳдории ин рукни муҳими миллӣ саҳми пурарзиш дорад. Бояд тазаккур дод, ки баъд аз 20 соли қабули қонуни мазкур соли 2009, он дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳристи ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Агар либоси миллӣ баъд аз забон, ҳамчун рукни дуюм ва муҳими ҳастии миллат бошад, пас либоси миллӣ низ ба ҳифзу ҳимоят дар шакли қонуни алоҳида, ниёз дорад. Мо аз хурдагириву нотавонбинии душманони дохиливу хориҷии ватанамон ҳаргиз набояд ҳарос дошта бошем, худ андеша намоем, ки кадом кори ободкориҳои даврони соҳибистиклолии кишвар ба хоинони ватан маъқул буд, ки инаш маъқул шавад, ба тадбири Пешвои миллат, ин ватанро ба ғайр аз мову шумо каси дигар аз берун омада обод намекунад.

Мирзозода Азизуло Файз – мушовири директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика