Аз давраҳои аввали пайдоиши ҳаёт дар ҳама ҷомеаҳо инсоният вобаста ба мавқеи иҷтимоии худ, ба масъалаи пӯшидани либос таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Агар ба давраи аввали ташаккули инсоният дар робита ба интихобу пӯшидани либос назар кунем, огоҳ мегардем, ки инсон барои пӯшидани тан аз барги дарахтон, пӯсти ҳайвонот ва дигар ашёи дастрас истифода кардааст. Маҳз либос яке аз бартариҳои ақлонӣ ва хусусияти фарҳангии инсонро нисбат ба дигар махлуқот нишон медиҳад. Инсон ҳарчанд дар навбати аввал вобаста ба минтақаи гармию сардӣ либос интихоб мекард, аммо дар натиҷаи рушди тафаккур ва пайдо шудани фарҳангҳо, фарҳанги либоспӯшӣ минбаъд низ ба шаклҳои гуногуни фарҳангӣ ва иҷтимоӣ густариш ёфт.
Либоспӯшӣ яке аз вижагиҳои хоси башар аст ва падидаест, ки тақрибан ба қадри таърихи инсоният тӯлонӣ ва ба таърихи пайдоиши сайёраи замин баробар аст. Ин вижагӣ тамоми қавмҳо, миллатҳо ва фарҳангҳоро дар тӯли таърих дар бар мегирад. Дар таълимоти динҳо ва фарҳангҳои гуногун дар мавриди зарурати нигоҳ доштани либос, сифати интихоби либос, мавод, ранг, ороиш, андоза ва қоидаҳои либоспӯшӣ, инчунин пӯшиши махсус барои мардону занон ва баъзе табақаҳои дигари ҷамъиятӣ муайян шудааст. Масалан, омезиши ранг дар либос, зеро баъзе рангҳо таъсири равонӣ доранд ва вобаста ба ҷою ҳолат истифода шаванд. Дигар, бо шакли махсус, ки унсурҳои фарҳанги миллиро инъикос мекунад, либос бояд омода карда шавад. Интихоби либос чун муайянкунандаи намуди зоҳирии инсон аст, дар навбати худ ҳолати дарунӣ ва ё ботинию равонии инсонро муайян карда метавонад. Дар асоси таълимоти равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҳатто тарзи тафаккур ва ҳолати ботинии инсон аз интихоби либосаш муайян мегардад. Ба ҳамин хотир, тамоми халқу миллатҳо барои худ дар тамоми ҳолатҳо, аз ҷумла шодию сурур ва ё ғаму андӯҳ либоси махсуси худро доранд.
Агар ба интихоби ранги либос ба таълимоти исломӣ, ки ҷомеаи мо аксарият пайрави ин динанд, назар афканем, мебинем, ки Расули Ислом (с) дар яке аз ҳадисҳои худ фармудаанд: Либоси сафед пӯшед, он беҳтарин либос барои шумост. Мурдагони худро низ дар матои сафед кафан кунед.
Аз тамоми пажӯҳишҳои анҷомдодаи коршиносон маълум гаштааст, ки либос ҳадди ақал се ниёзи инсонро қонеъ мекунад: аввал, ӯро аз сармову гармо эмин медорад; дуюм, барои нигоҳ доштани иффат ва нангу номусаш кӯмак мекунад ва сеюм ба ӯ зиннату иззат мебахшад. Бархе аз ҷомеашиносон либосро ба манзили зисташ монанд кардаанд, ки одам барои аз сармову гармо ва аз ҳуҷуми ҳайвонот эмин буданаш хона месозад, зеро хона фазоест, ки инсон худро дар он эмин эҳсос мекунад. Либосро низ метавон "хона"-и ҳар як шахс донист. Ин аст, ки либосро махсустарин хонаи инсон донистаанд ва ҳар як инсон аввал дар либос ва баъд дар хона худро эмин ва озод эҳсос мекунад.
Аз ин љост, ки фарҳанги либоспӯшӣ бо мурури замон рушд намуда, маданияти ҷудогонаеро барои ҳар як миллат муайян ва муқаррар намуд. Ихтилофи забонию фарҳангӣ аз нигоҳи шариати ислом яке аз нишонаҳои қудрати Худованд аст, ки якеро араб, дигарро тоҷик ва сеюмро турку русу инглису ҳинду ва ѓ. меофарад ва ҳар яке аз ин қавму миллатҳо дар асоси фарҳанги минтақавии худ, тарзи либоспӯшии ба худ хос доранд. Дар замони муосир ҳар як халқу миллат мувофиқ ба шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иқлимӣ ва фарҳангии барои ҳамон ҷомеа хос либоси махсусро интихоб намуда, онро ба расмият даровардаанд.
Миллати тоҷик, ки аксарият пайрави дини исломанд, вобаста ба талаботи замон либос ва фарҳанги милли худро дар доираи риояи талаботи мазҳабӣ ва мероси фарҳангӣ ҳифз кардаанд. Ин масъала имрӯзҳо ба баҳсҳои шадид кашида шудаистодааст, ки ба назари баъзе мутаассибини аз шариат ва қонунҳои инсонӣ хабарнадошта ва ё хабардоштаю ғаразнок дар ин баҳс ба истилоҳ ба оташ ҳезум андохтан, ба тнақид кашида мешавад, ки мумкин аст ҷомеаи ба орому осуда халал ворид созанд. Аммо, бояд донист, ки кӯркӯрона тақлид кардан ба урфу одат ва анъанаҳои ба миллати худ бегона, боиси аз байн рафтани урфу одати милливу маҳаллӣ мегардад. Ин масъаларо Ҳукумати мамлакат ба инобат гирифта, танзим ва риояи либосҳои миллиро мувофиқ ба талаботи эътиқодии мардум ба расмият даровардааст. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.
Барои ҳифзи яке аз арзишҳои миллӣ либос Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” баъзе тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки ин ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодию фарҳангии ҷомеаи тоҷик амри зарурӣ буд. Аз нигоҳи иҷтимоӣ бояд ҳар як миллат дар баробари забон бо либоси худ аз дигар миллат фарқ кунад ва дар замони ҷаҳонишавӣ худро аз нестшавӣ нигоҳ дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ вақте либоси омоданамудаи худи ҳунармандони дохилӣ истифода мешавад, сармоя дар дохили ҷумҳурӣ давр мезанад ва дар рушди иқтисоди ватанӣ замина мегардад.
Аз тарафи дигар, миллати тоҷикро дар ҷаҳон миллати тамаддунофар шинохтаанд, тамадунофарӣ на танҳо дар бунёди ҷомеаи мутамаддин ва адолатпарвар инъикос мегардад, балки дар рушди иҷтимоиёт ва таъриху фарҳанги башарист. Аз ин нуқтаи назар, набояд фаромуш кард, ки миллати тоҷик дар замоне, ки аксари ҷомеаҳо аз надоштан фарҳанги либоспӯшӣ, бо барги дарахтон худро мепӯшониданд ва ё урён мегаштанд, фарҳанги зардуштия одоб ва русуми либоспӯширо барои ин миллат муайян карда буд. Чун аксарияти тоҷикон зиёда аз 1000 сол аст, ки пайрави дини ислом мебошанд, то ин муддат либосҳои миллии худро бо талаботи пӯшиши исломӣ мувофиқ карда буданд. Ва либоси миллии онҳо бо талаботи шариати исломӣ ҳеч таноқузе надошт ва надорад.
Баъди ворид намудан ба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” баъзе тоифа огоҳона ва ё ноогоҳона ва асли матлаби қонуни мазкур бехабар баъзе нофаҳмиҳоеро ба вуҷуд овард. Ин тоифа аслан даъвои бесоси подарҳаво намуда, иброз доштанд, ки гӯё либоси миллӣ монеи пӯшиши динии эшон мешавад ва ноогоҳона либосро ба диниву ғайри динӣ ҷудо намуданд, дар ҳоле, ки либос динӣ ва ё ғайри динӣ намешавад. Динҳо, хоссатан зардуштия, насрония ва ислом барои пайравони худ пӯшидани аъзои муайяни баданро амр намудаанд. Ва пайравони динҳо дар асоси дастуроти шариати худ ба ҳар навъе бошад, аъзои бадани худро мепӯшонанд.
Агар дар шариати ислом гирем, ин дин пайравони худро ба пӯшидани аъзои муайяни бадани худ дастур додааст. Дар ин сурат, ҳар миллат тибқи либоси миллии худ, пӯшиши исломиашро анҷом медиҳад. Ба таври мисол, араб, покистонӣ, ҳинду, индонезӣ, турк, қафқозӣ ва дигар ақвоми мусалмон бо либосҳои миллӣ ва мутобиқ ба минтақаи худ пӯшиши исломиашонро анҷом медиҳанд. Либоси миллии онҳо барои пӯшиши диниашон ҳеч нофаҳмиеро ба вуҷуд наовардааст. То солҳои наздик низ либоси миллии тоҷикӣ бо пӯшиши исломӣ ҳеч таноқуз надошт, аммо дар сурати бегонапараст шудани иддае қонунгузорӣ зарур шуморид, чораандешӣ кунад. Онҳое, ки ин тағйиру иловаҳоро ба қонун боиси монеагии пӯшиши диниашон медонанд, бояд хуб дарк кунанд, ки либоси миллии тоҷикӣ бо пӯшиши исломӣ мувофиқ буда, ҳеч зиддияте надорад.
Одинаева Ш. Н. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ;
Рамазониён А. Б –мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ.