Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ мерасонад, ки воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, дар муроҷиати маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад.

Мувофиқи моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатӣ», ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ қатъиян манъ буда, барои иҷозати дигар шахсон ба хати сарҳад танҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва барои сафар барасмиятдаровардашуда ризоият дода мешавад.

Постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд.

Вобаста ба ин аз тамоми шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони дар қаламрави Тоҷикистон қарордошта ё воридшаванда даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад».

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/

Яндекс.Метрика