Маросими табодули санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Узбекистон 18.04.2024

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар маҷмуъ аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ 28 санад ба имзо расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмӣ табодули санадҳои нави имзошуда сурат гирифт.

Аз ҷумла, ҷиҳати рушди муносибатҳои байни минтақавии ду кишвар 6 созишнома оид ба ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Созишномаҳо, протокол, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорие, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳиму афзалиятноки сарҳад, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саноат, алоқаи ҳавоӣ, алоқаи байналмилалии автомобилӣ, сохтмони пул, комплекси агросаноатӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, сайёҳӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро танзим менамояд.

Бо итминон метавон гуфт, ки санадҳои нави имзошуда заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ неку назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба имзо расидани шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, ба хусус, Аҳдномаи ҳампаймонӣ миёни ду кишвари ҳамсоя барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.

Сомонаи http://www.president.tj/node/33161

Яндекс.Метрика