Мафкураи солими миллӣ бояд ғизои комили маънавӣ ҷиҳати ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, миллӣ, давлатӣ ва тозагии боварӣ омода намояд, то дар муқобили таҳдиду хатарҳое, ки ба вуҷуди миллати сиёсӣ имкони латма заданро дорад, тавонад истодагарӣ кунад. Мафкураи миллӣ мисли организми зиндаи иттиҳоди сиёсӣ, инъикосгари озу ниёзи мардум буда, неруи маънавии истодагарӣ ба ин гуна зуҳуроти номатлубро ҳамчун ҳуҷайраҳои иҷтимои зинда муқобили бемории сироятӣ дар ниҳоди халқ ташаккул медиҳад. Организми зиндаи давлат, ки дар мафкураи солими миллӣ инъикоси худро пайдо менамояд, бояд дар таркиби худ ғизои маънавии солимро ҳамчун сипар-«антителла» дошта бошад.
Замони нав дар баробари омезиши дин ба манфиатҳои молӣ, сиёсисозии дин, ифротгароии динӣ ва дигар омилҳои нобоби ғайриахлоқӣ нисбат ба эътиқод задааст, ки ҳама ба нуктаи олудасозии дин ва эътиқод ба манфиатҳо ва нафси инсонӣ печидааст. Механизмҳои ҳимоя аз ин хатарҳо дар ниҳоди динҳо таърихан вуҷуд доранд. Бинобар он, имрӯз як қисмати бузурги масъулияти ҳимоя аз ин хатарҳо бар души ҳар як диндор аст. Онҳо бояд андешаҳои солими диниро ба муқобили олудагиҳои ифротӣ дуруст роҳандозӣ намуда тавонанд. Ин ҳолат албатта, давлати дунявию демократӣ ва ниҳоди назоратгару танзимгари онро ҷиҳати ҳифзи арзишҳои эътиқодӣ бетараф гузошта наметавонад. Зеро давлати демокративу дунявӣ на танҳо ҳуқуқу озодиҳои эътиқодиро эълон менамояд, балки барои зуҳури арзандаи онҳо шароит фароҳам меорад, инчунин шакли дурусти ифодаю татбиқи ин ҳуқуқу озодиҳоро дар доираи талаботи конститутсия ва қонунҳо дар паҳнои манфиатҳои умумиллӣ назорат менамояд. Дар ин масир ҳам нақши таъсиррасонии ҳуқуқӣ ва ҳам мафкуравӣ аз ҷониби аъзо ва субъектони иҷтимоию сиёсӣ бениҳоят бузург аст.
Муҳаққиқи шинохтаи илми ҳуқуқи исломӣ Л. Р. Сюкияйнен дуруст таъкид мекунад, ки: “Таҳдиди фарогири имрӯз чун терроризми байналмилалӣ низ танҳо тавассути васоити ҳарбию техникӣ, молӣ ва технологӣ пешгирӣ нахоҳад шуд. На камтар аз ин воситаҳо бояд асосҳои мафкуравӣ ва ғоявӣ ногузир истифода гарданд. Дар мавриди радикализми динӣ бояд ба таълимотҳои дурусти ахлоқӣ, инсонгароӣ ва маънавӣ рӯ оварда, чунин идеологияҳои фасодоварро хунсо сохт. Дар ин ҷода адабиёти ниёгон ва осори мутафаккирони гузаштаи мо намунаи барҷастаанд.
Муроҷиат ба афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва фалсафию ҷамъиятии ниёгон, омӯзиши таълимоти мутафаккирону фақеҳони таҳаммулгарои асримиёнагии тоҷик на танҳо барои ҳалли мушкилоти зикршуда, инчунин барои ташаккули шуури солим ва истиқлоли фикрии муҳаққиқони ҷавон низ мусоидат намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ҳифз ва рушди мафкураи солими миллӣ саҳмгузор бошанд.
Тавре ки маълум аст, инкишофу тараққиёти устувори ҷамъиятию иқтисодии ҳар як ҷомеаи миллӣ чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони ҳозираю оянда, аз дараҷа ва сатҳи инкишофи шууру мафкураи миллӣ, вуҷуди неруҳои солими зеҳнию ақлонӣ ва тавонмандӣ бо истифода аз таҷрибаҳои пешинаю муосири фарҳангӣ дар ҳалли мушкилоту масоили гуногуни иҷтимоӣ вобаста мебошад. Ҷомеа шакли таърихан ташаккулёфтаи иттиҳоди инсонҳост, организми зинда ва фикркунанда мебошад ва муносибати он бо олами атроф ва талаботи замону макон дар асоси ғояҳо, принсипҳо, арзишҳо, хостаҳо ва ормонҳое ташаккул меёбад, ки аслан мақулаи «мафкура»-ро дар кунгураи назару дидгоҳҳои барномавию ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳар як давру замон дар назди ҷомеа талабот, таҳдидҳо, хатарҳо, манфиатҳо, мақсадҳо ва вазифаҳое меистанд, ки онро ногузир ба коркарди мафкура маҷбур месозанд. Агар мафкураи ҷомеа ба талаботи замон мувофиқ набошад, ҷомеа аз замона ақиб мемонад. Аз ин лиҳоз, барои ҳамқадами замона шудани ҷомеа мафкураи он бояд ба таври мунтазам таҷдид ва такомул ёбадАз ҷониби дигар, вобаста аз гуногунии таркиби ҷомеа, дар он мавҷуд будани гурӯҳҳо, синфҳо ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ, сиёсӣ, ҳеҷ як мафкура наметавонад ба ҳайси як мафкураи ягонаи ҳукмрон пазируфта шавад. Бо ҳамин далел, дар паҳнои давлати демократӣ вуҷуди танҳо як мафкураи тағйирнопазири ҳумкрон имкон надорад. Аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънии дар сатҳи давлатӣ напазируфтан ё қабул накардани ғояю андешаҳои созандаи ин ё он мафкураро надорад. Баръакс, ба инобат гирифтан ва қабул кардани дидгоҳу андешаҳои созандаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар ин ё он мафкура вуҷуд доранд (хоҳ он мафкураи динмеҳвар бошад, хоҳ мафкураи хирадмеҳвар), дар баробари инкори ҳокимияти тому тоталитарии ҳамон мафкура, имконият медиҳад, ки ҳамаи мафкураҳои дар ҷомеа мавҷуд рисолати беҳтару мувофиқтарро озодона ба осиёби амалкардҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намоянд.
Ин муборизаи озоди мафкуравӣ дар зинаю даврони муайяни инкишофи ҷомеа хоҳ нохоҳ дар атрофи арзишҳои воло ба вуқӯъ меояд ва миллату давлатро дар маҷмӯъ муттаҳид менамояд. Чунин навъи муттаҳидкунӣ дар маҷмӯъ мафкураи созандаи давлатро дар замони муайян муаррифӣ менамояд. Аммо тағйирнопазирии мафкура бо санъати созандагию навоварии миллати сиёсӣ ва талаботи воқеии макону замон вобастагӣ дорад. Ба хотири ҳифзи ҳамин тағйирпазирии дискурсивии ғояи созандаи миллат вобаста ба вазъият, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон монополияи як мафкураро инкор менамояд, аммо хатари шубҳа ва таҳдидҳоро эҳсос карда, тағйирнопазир будани ҷумҳурият, демократият, дунявият ва як силсила арзишҳои дигари меҳварии сиёсии худро эълон намудааст. Ва ин ҳолат инкори вуҷуди мафкураи созанда дар ҷомеаи рушдкунанда комилан набуда, балки инкори ҳокимияти ноодилонаи як мафкура берун аз талаботи ҷомеа аст.
Дар баробари ин, Конститутсия рақобати озоди мафкураҳоро дар паҳнои ҷомеаи зиндаи рушдкунанда эълон намуда, роҳи эътироф ва таъмини мафкураи солими оммаро дар шароити муайян эълон доштааст. Яъне, мафкураи солими гурӯҳ ва ё ҳизбе то он замоне, ки ба ҳадафу манфиатҳои стратегии миллат ва давлат ҷавобгӯ аст, вай пуштибонӣ ва ҳифз мегардад. Зеро он имкони ҷавҳари мафкураи солими ҷамъият буданро дар шароити муайян касб менамояд ва то зинаи мафкураи давлати миллӣ баромад намуданро пайдо менамояд, вале онро то ба «мафкураи давлатӣ»-и тағйирнопазир расидан роҳ намедиҳад. Пас, мафкура дар сатҳи муайян ҷойиз мегардад, вале аз сатҳ, ки баромад, даъво ба мутлақият ва ягонагию ҳукмронӣ намуд, ӯ худ садди роҳи рушди ақл, ҷомеа ва миллат мешавад. Маҳз ҳамин ҳолати охиринро Конститутсия манъ менамояд. Аз ин хотир, он мафкурае, ки сифатҳои оммавиятро касб карданӣ мешавад, чӣ қадаре, ки вобаста ба шароит ва ба манфиатҳои аслии миллату давлат мувофиқ бошад, ба ҳамон андоза давлату миллат қудратмандтар мегардад. Агар ин мафкура ҳар қадаре, ки ба арзишҳои бегонаю ифротӣ бештар такя намояд, ба ҳамон андоза ҳолати миллати соҳибдавлат осебпазир мегардад. Яъне, сухан дар бораи ҳамон мафкураҳое меравад, ки дар рақобати озод мавқеи ҳалкунандаро дар шароити муайян касб карданӣ мешаванд. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ бархӯрди тамадунҳоро ба вуҷуд овардаааст, дунявӣ будани давлатҳо хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо намудааст, ин тамоюл тамоми ҷомеаи Тоҷикистони соҳибихтиёрро низ фаро гирифтааст ва ғояву арзишҳои он аз ҷониби давлат ҳамеша ҳифз карда мешавад. Шаҳодати ин таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад: «Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид... Роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Мо ин роҳро бебозгашт интихоб кардем»...
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ