Маҳз ҳамин холигии мафкуравӣ ва ноустувории ҳокимияти сиёӣ боис гардид, ки дар ҳаёти ҷомеа ҷараёни носолиму манфиатхоҳ шиддат гирифта, динро ҳамчун восита барои ба мақсад расидан истифода бурданд. Сиёсисозии дин чунон авҷ гирифта буд, ки дар бисёр ҳолатҳо мардуми ом моҳият ва таъйиноти ахлоқии умумиинсонии динро дуруст дарк карда наметавонистанд, зеро гурӯҳҳои манфиатхоҳу қудраталаб меъёрҳои шаръиро тағйир дода, онҳоро ба ҳадафҳои худ созгор гардонида буданд.
Дар шароити имрӯза ин масъала тамоман шакли дигар гирифтааст, зеро пойдории асосҳои анъанавии ҷомеа, хоса ҳифзи амнияти мафкуравӣ ва пойдории сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, аз мафкураи созандаии миллат вобастагӣ дорад.
Имрӯз баҳси мавриди назар он аст, ки кадом мафкура метавонад ба муқобили сиёсисозии дин ва нобоварии ҷомеа бошад, то ки пеши роҳи чунин равандҳои носолиму ғаразнок гирифта шавад ва дар баробари ин ҳисси бегонапарастию манфиатхоҳӣ, ки баъзе шахсон тавассути суиистифода аз мафкураи динӣ дар ҷомеа ба вуҷуд оварданд, аз байн бурда шавад. Ба андешаи мо, танҳо рушду нумӯи мафкураи миллӣ метавонад, пеши роҳи ҳар гуна гароишоти бегонапарастӣ ва динситезиро дар ҷомеа гирад.
Маҳз ба ин хотир, Пешвои миллат соли 2015 дар назди аҳли зиёи мамлакат вазифа гузошта буданд: «…бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад» [Раҳмон Эмомалӣ .Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз 19 марти соли 2015]. Зеро, шинохти арзишҳои фарҳангӣ, худшиносӣ ва мафкураи миллӣ барои давлатҳои шаклан демократию мазмунан миллӣ воситаи ҷиддӣ ва меҳварии дифои истиқлоли фикрӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст. Давлати демократию ҳуқуқбунёд маҳз дар заминаи арҷгузорӣ бо арзишҳо ва фарҳанги миллӣ забон ва эътиқоди миллат, унсурҳои зербинои маънавии худро дар ҳамоҳангӣ бо иродаи сиёсӣ ва ҳуқуқии халқи муайян устувор намуда, ҳамчун иттиҳоди сиёсии мустақил дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ миллати муайянро муаррифӣ менамояд [Сюкияйнен Л. Р. Исламское право и диалог культур в совре менном мире [Текст] / Л. Р. Сюкияйнен; Нац. исслед. ун-т «Высшая школа экономики». – М. : Изд. дом Высшей школы экономики, 2021. – С. 24]. Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки нерӯву тавони дилхоҳ сиёсат ба фарогири манофеи миллӣ ва таъминкунадаи зиндагии шоиста вобаста аст. Бинобар ин, барои бунёди давлати миллӣ, зарур аст, ки ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаи ташвиқу таблиғи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ равона гардад, зеро танҳо ба ин восита метавон мафкураҳои бегонаро, ки ояндаи шукуфони Тоҷикитонро дидан намехоҳанд, заиф сохт.
Зеро, худшиносии миллӣ падидаест, ки хусусиятҳои руҳиву равонии афроди ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллиро дар худ инъикос мекунад. Худшиносии миллӣ аз дидгоҳи худшиносии сиёсӣ пеш аз ҳама эҳсосу дарки зарурати ваҳдат ва якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, эҳсоси пайванди байни афроди ҷомеа, дарки зарурати иттифоқ, ҳамбастагӣ, ҳамчун як нафси воҳид, чун як тану як ҷон аст. Ин шинохти ваҳдат дар натиҷаи эҳсоси ягонагии сарнавишти таърихию фарҳангии манфиатҳои иқтисодӣ ва ғайра муяссар хоҳад шуд. Он ҳам ба шарте, ки дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва рафоҳию осоиштагӣ ҳукмрон бошад.
Худшиносии миллӣ иборат аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Рушди худшиносии миллӣ гарави бақои миллат, воситаи муҳими пешгирии хатари азхудбегонашавии миллат мебошад. Қабл аз ҳама, лозим аст, ки афроди миллат ва равшанфикрони он ҳамин ҳолату вазъияти азхудбегонагӣ, фалокатзадагӣ, худбохтагии ҷомеаи худро дарк кунанд ва барои аз байн бурдани ин ҳолат пешниҳоду тавсияҳои зарурии илмию амалиро матраҳ созанд.
Дар шароити имрӯзаи давлатдории миллӣ, роҳу усули эҳёи худшиносӣ дар Тоҷикистон зиёд мебошад, ки яке аз онҳо бунёди кохи мӯҳташами мафкураи миллӣ аз тариқи миллисозӣ ва аз худ кардани арзишҳои инсондӯстонаи динӣ мебошад.
Мафкураи миллӣ ҳамчун як низоми том дорои сохтори хеле мураккаб аст. Ҳарчанд ин низом моҳият ва мазмуни махсуси худро дошта бошад ҳам, вале он аз доираи арзишҳои умумиинсонӣ берун буда наметавонад. Он дар асоси мафҳумҳои илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таҳия шуда, аз онҳо босамар истифода мебарад. Ҳама гуна мафкура, алалхусус мафкураи миллӣ, маҷмӯи ақидаю тасаввуроти фалсафӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва динӣ мебошад, ки манфиати муайяни давлати миллиро ифода намуда, фаъолияти ҷамъиятиро ҷиҳати татбиқи онҳо роҳнамоӣ месозад.
Азбаски мафкура низоми муайяни ақида ва ғояҳо мебошад, дар он дар асоси манфиат муносибати одамон ба воқеияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин, нисбат ба ҳамдигар дарк ва баҳогузорӣ мешавад. Бинобар ин, ба сифати шаклҳои зоҳирии ифодаёбии он як зумра таълимоту консепсияҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ баромад мекунанд. Мафкураи миллӣ, новобаста аз он ки дар шакли як таълимоти бонизом ба қайд гирифта мешавад ё дар намуди ғояҳои парешон ва мухталиф қобили қабул мегардад, бояд ба сифати таълимоти бонизом ва мақсаднок шакл гирад ва рушду нумӯ ёбад [Холиқзода А.Ғ. Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ. – Душанбе: «ЭР-граф», 2021. – 588 с].
Дар давлати демократию дунявии ҳуқуқбунёд, намояндагону пайравони ҳамагуна мафкураҳо, дину мазҳабҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию гурўҳҳо ва қишрҳои иҷтимоӣ ҳамчун узви як ҷомеаи ягонаи миллӣ, ҳуқуқу вазифаҳои баробари шаҳрвандӣ доранд ва ҳеч яке аз онҳо бар дигарон бартарият надорад. Аз ин нуқтаи назар, «мафкураи миллӣ» мафҳуми куллӣ мебошад, ки ҳама гуна мафкураҳои дар ҷомеа мавҷударо дар бар мегирад. Бунёди мафкураи солими миллӣ вазифаи авалиндараҷаи ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллӣ маҳсуб мешавад. Мафкураи солими миллӣ аз тариқи бо ҳам созиш кардану ба манфиатҳо ва арзишҳои миллию давлатӣ мутобиқ шудани мафкураҳои гуногуне, ки дар ҷомеа мавҷуданд, ташаккул меёбад.
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.