Бунёди ҷомеаи шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд, ки Конститутсияи мо онро кафолат додааст, аз шаҳрвандон доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ин хотир бояд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамаи имкониятҳои амалӣ шуданашон мавриди истифода қарор гирад.
Чунки ҷаҳони глобалӣ эҳтиёҷ ба муносибатҳои нави ҳуқуқӣ дорад ва давлатҳои миллӣ меъёрҳои ҳуқуқии худро ногузир бояд ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ намоянд ва дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ворид намудани дастовардҳои навтарини ҳуқуқи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон ҳифз намудани ҳувияти ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ хеле муҳим аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намуданд: «Зарурати ҷиддии ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳои миллӣ бо усулу меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳсос мегардад. Воқеан, мо афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ эътироф кардаем, аз ин рӯ, бояд оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем».
Маълум аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷодаи бунёди давлати иҷтимоӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва шаҳрвандӣ фаъолияти зиёдеро амалӣ намудааст. Дар баробари ин иқдомҳои шоистаи зиёде, аз қабили эъмори ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоию шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иқтисоди бозоргонӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон, сиёсати дарҳои боз ва азнавсозии соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ низ ҳамчун маҳаки бунёдии давлатдории миллӣ аз мадди назар дур намонда, балки самти афзалиятнок дониста шудаанд.
Дар ҷомеаи муосир заминаи асосии бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро институти иҷтимоии ҳуқуқ ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар танзимгарони иҷтимоӣ, аз қабили меъёрҳои ахлоқӣ ва динӣ бартарият дорад. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, институти ҳуқуқ ҳамчун воситаи асосии танзими муносибатҳои рӯзафзуни шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоӣ ва таъмини шароити ҷойивазкунии иҷтимоӣ амал мекунад.
Вале маълум аст, ки дар роҳи амали воқеъи ва маҳсулноки институти ҳуқуқ ва иҷрои вазифаҳои иҷтимоии он монеаҳое ҷой доранд, ки заминаи иҷтимоӣ доранд. Аз ҷумла, ҳанӯз ҳам паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон (аз ҷумла, шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ), дуруст ба роҳ монда нашудани раванди мӯътадили иҷтимоишавии ҳуқуқӣ, паҳн шудани нигилизми ҳуқуқӣ, афзоиши кирдорҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла гаравиши шаҳрвандон ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, амалҳои коррупсионӣ ва дигар омилҳо мисол шуда метавонанд. Чунин масоили ҳуқуқӣ барои бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандӣ, инчунин расидан ба дигар ҳадафҳои стратегии кишварамон таъсири манфӣ расонида, онро халалдор менамоянд.
Барои бартараф намудани масъалаҳои номбаршудаи ҳуқуқӣ ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳаминро ба назар гирифта, ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли 2023 қарор гирифт.
Президенти кишвар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва адолатпарварро ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими қонуният, фаъолияти шаффофи судҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд донистанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки маҳз амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсия моро ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бурда расонид, иқтисодиёти кишвар рушд намуд ва барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омад.
Ҳамин тавр, нақши калидӣ доштани ҳуқуқро дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа, зери омилҳои глобалии ҷаҳони муосирро ба назар гирифта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Дар шароити бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки асоси онро институти ҳуқуқ ташкил медиҳад ва ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ муҳимтарин вазифаҳои муайяну мушаххаси иҷтимоиро ба анҷом мерасонад, эълони гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» зарур ва бамаврид мебошад.
Илми ҷомеашиносӣ таъкид бар он дорад, ки муваффақиятҳо дар азнавсозии ҳуқуқ, дар навбати аввал ба шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, баъдан ба мувофиқ омадани мазмуни санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии қабулшуда ба талаботҳои одамон ва шуури ҷамъиятӣ алоқамандии зич дорад. Дар ин раванд бояд ба назар гирифт, ки азнавсозии бомуваффақияти низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳувияти миллӣ вобастагӣ дорад, зеро дар ҳуввияти ҳар як миллат қолибҳои рафтор, таҷриба ва хотираи таърихие ҳифз шудааст, ки ба рушди он миллат мусоидат мекунанд. Маҳз, ҳувияти миллӣ асоси шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии ҳар як миллатро ташкил медиҳад.
Пас, ҷомеа эҳтиёҷ ба ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчун заминаи рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвару миллат дорад.
Айни ҳол дар ҷомеа оид ба маърифати ҳуқуқӣ ақидаҳо, бардоштҳо ва нуқтаи назарҳои гуногун ҷой доранд ва мавриди таҳлилу баррасиянд. Ин хеле муҳим аст. Чунки маърифати ҳуқуқӣ аз дарк намудани ҳуқуқҳои худи инсон ва вазифаҳои ӯ дар назди ҷомеа оғоз меёбад. Муҳим аст, ки ҳар яки мо бояд донем, ки ҳамчун шахс чӣ гуна ҳуқуқу уҳдадориҳо дорем (ҳуқуқҳои фитрӣ) ва ҳамчун шаҳрванд чӣ гуна ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дорем (ҳуқуқҳои позитивӣ). Маърифати ҳуқуқӣ замоне ҷой дошта метавонад, ки шаҳрванд ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшро дарк намояд (дониши ҳуқуқӣ) ва тибқи қонун онҳоро амалӣ гардонад (рафтори ҳуқуқӣ).
Сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир Баҳромбеков В.А.