Монандии қиссаи "Мӯсо (а) ва асои ӯ" дар фарҳанги динии ҳиндуҳо

Абурайҳони Берунӣ яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳониест, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1050 солагии эшонро ҷашн мегиранд. Ӯ дар бештари илмҳо аз ҷумла, ҷуғрофия, таърих ва фалсафа осори зиёди арзишманде навиштааст. Яке аз бузургтарин осори ӯ “Фи таҳқиқ мо ли-л-Ҳинд”, ки бештари донишмандон онро ҳамчун “Ҳинд” ном мегиранд, мебошад. Берунӣ дар ин асараш доир ба тамоми урфу одат, дин, низоми ҳуқуқӣ ва ҳатто илмҳои забоншиносиву математика ва ғайраҳо маълумот додааст. 

Дар боби XI-уми ин асар, ки андар баёни ибодати бутон ва чигунагии онҳо ном дорад, Берунӣ ҳолатеро нақл мекунад, ки ба қиссаи ҳазрати Мӯсо ва асои ӯ хело шабоҳат дорад. Абурайҳони Берунӣ дар ин боб чунин мегӯяд: “Инчунин овардаанд, ки “Браҳма” писаре бо номи Нарада доштааст ва ӯро ҳиммате набуда, ҷуз рӯъяти парвардигор ва ба тараддуди хеш асое бо худ медоштааст, ки чун онро меандохтааст, сурати море мегирифтааст ва ба он асо корҳои аҷоиб мекардааст ва аз он дур намешудааст. Магар рӯзе ҳангоми фикр дар орзӯи нуре аз дур бидид...”.

Ба ҳамин монанд, аммо бо тобишҳои каме дигар дар фарҳанги яҳудия, қиссаи ҳазрати Мӯсо (а) аст, ки баъдан ба фарҳанги исломӣ низ ҳамчун як қиссаи таърихӣ ворид гаштааст.Бисёриҳо медонанд, ки асои ҳазрати Мӯсо (а) тамоми ҷодуҳои ҷодогарони дарбори Фиръанвро нобуд кард ва яке аз бузургтарин муъҷизаҳои ӯ ба ҳисоб меравад. 

Дар ин ҷо аз нигоҳи замонӣ маълум мегардад, ки ин ва дигар қиссаҳои таърихии динҳо дар бисёр ҳолатҳо ба ҳам монанд ҳастанд. Ин монандиро баъзе донишмандон дар ба мерос гирифтани як анъанаи динӣ аз дигар дин меноманд. Баъзеи дигар ботаассубтар нигоҳ намуда, ин ҳолатҳоро дуздии фарҳанги дигар меноманд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ин қисса назар афканем, ба хулосае мерасем, ки ҳиндуҳо монандии ин қиссаро аз фарҳанги динии яҳудия гирифтаанд.

Аз дигар нуқтаи назар агар бубинем, шабоҳатҳо дар тамоми кураи замин дида мешавад, ҳатто инсонҳо метавонанд ба ҳам монанд бошанд. Урфу одат, амалҳо ва дигар чизҳое низ вуҷуд дорад, ки дар инсонҳо якхела аст. Ин монандиҳо маънои онро доранд, ки инсоният то чи қадаре ба таърих нигоҳ кунад, ҳамбастагии тамоми дину ойинҳоро мушоҳида мекунад ва бовар ҳосил мекунад, ки ҳамаи онҳо аз як мабдаъ сарчашма мегиранд.

 

Рамазониён А.Б. - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика