Мулоқоти судманд дар ҷамоатҳои шараку деҳоти н. Рӯдакӣ

Санаи 14 - уми майи соли ҷорӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвадӣ ва ходимони дини кишвар баён доштанд ва бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” вохӯрии гурӯҳи корӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35, дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, деҳаи Оби шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳия Саидмуродзода Муслима, А. Ваҳобзода муовини директори Маркази исломшиносӣ,  кормандони Марказ Ҳ. Шокиров, Маҳмади Наботов намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфайз Шарифзода, намояндаи Кумитаи дин М. Хоҷамирзода, намояндаи Ҳизби Халқи Демократӣ, вакилони маҷлисҳои халқ, раисони ҷамоатҳо, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шӯрои кор бо занону ҷавонон, собиқадорон, ходимони дин дар маҷмуъ зиёда аз 640- нафар доир гардид.
 
Дар вохӯриҳо муовини Раиси ноҳия Саидмуродзода Муслима, муовини директори Маркази исломшиносӣ А. Ваҳобзода ва кормандони Марказ Ҳ. Шокиров М. Наботов, Хоҷамирзода Муслиҳиддин корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ, намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Абдулфайз Шарифзода ва мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Нематулло Давлатов дар мавзуҳои зерин:  моҳияти қонунҳои миллӣ, нишон додани роҳи дурусти диёнату маърифат, робита надоштани хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом, як раванди сунъӣ будани сиёсикунонии дин, ҳифзи арзишҳои созандаи дини ислом, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, қарори Суди Олӣ дар бораи манъи фаъолияти 28 - ташкилоти экстремистиву террористӣ, гирифтани пеши роҳи шуҳратталабиву намоишкорӣ, ҳаҷ набудани умра, хурофот, ҷаҳолат буда хатарест ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, хайру садақоти ҷория, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, , тафриқаи мазҳабӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ифротшавии ҷавонон, тарҳҳои зебову гуногунии либоси миллӣ, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. 
 
Ҳ.Шокиров - мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
 
Маҳмади Наботов - сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи исломӣ 
Яндекс.Метрика