Мушкилии шинохти рисолати таърихии инсони муосир (Дар партави «Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» 09.03.2024)

          Дар шароите, ки олами Ғарб бо пешравии илму технология ба инсон ҳамчун объекти илмӣ аз назари техногенӣ назар намуда, онро ҳамчун Homo Sapiens организми зиндаи иборат аз маҷмуи алгоритмҳо [Харари Ю.Н. Homo Deus. Краткая история будущего / Пер. с англ. А. Андереева. – М.: Синдбад, 2022. – С. 373] мавриди таҳқиқ қарор дода, ҷиҳати такмили ҳолати биологию ақлонӣ ва технегеннии он тавассути илмҳои дақиқ чораҷӯйӣ менамоянд, олами мафкуравии Шарқ нисбат ба инсон ҳамчун махлуқи офаридашуда назар намуда, на танҳо ҷиҳати ислоҳ ва рушди он андеша ва кӯшиши арзанда дар заминаи дастовардҳои илмӣ надорад, ҳатто ҳанӯз роҳи дурусти ахлоқию эътиқодии худро дар партави навиштаҳои осмонии худ пайдо нанамуда, гирифтори баҳсҳои мафкуравии хилъат ва рисолати инсон боқӣ мондааст.
         
           Ғарб дарвозаи фулодини хурофотро шикаст, наҷоти мафкураро ёфт
       Замоне, ки Калисои аврупоӣ «раҳмати илоҳиро тавассути падидаи индулгенсия ҳамчун чипта барои биҳишт» бо пулҳои тиллоӣ мефурўхтанд, бо эътирози 95 тезиси рўҳонии ислоҳотгаро Мартин Лютер дар девораи Калисои муқаддасони Виттенберг 31 октябри соли 1517 ба хотираи таърихӣ партофта шуд. Рўҳониёни аврупоӣ динро аз асорати хурофотӣ ва ҷаҳолати молӣ 500 сол муқаддам бебозгашт наҷот доданд ва роҳро барои рушди илму озодии мафкура боз намуданд. Равшан аст, ки ба ин кор рўҳониёни мо ҳеҷ гоҳ даст намезананд, зеро қонунияти бозори манфиати шахсӣ аз эътиқоду боварҳо устувортар гардидааст. Ин аст, ки дар фазои мафкураи динии мо ҳанўз на танҳо фурўши роҳхати илоҳӣ бар ивази қурбонии навҷавонон ва молу пули аҷнабиён идома дорад, инчунин суиистифодаи боварҳо ҷиҳати қонеи нафси шаҳвонӣ тобиши ҷадид пайдо карда, хурофоту, таасубу ифротро ба воситаи муассири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум қарор додааст. Мушкилӣ он аст, ки соҳибони аслии дин домуллоҳою рўҳониёну имомхатибон ҷиҳати халосии миллат аз ин хатари азим дасткутоҳанд. Мутаассифона, зиёиёни ба доми хурофот афтида низ қудрати ин корро надоранд. Ин ҳолати мафкуравии мардуми мусулмонро дида, муҳандисони иҷтимоии ғарбӣ дуруст дарк кардаанд, ки «оини нави зиндагии наҷотбахши башар ба гумон аст, ки аз ғорҳои Афғонистону мадрасаҳои Шарқи наздик рӯ занад. Ба гумони ғолиб фаввораи онҳо аз таҳқиқоти лабараторияҳои илмӣ имконпазир аст» Харари Ю.Н. Homo Deus. Краткая история будущего / Пер. с англ. А. Андереева. – М.: Синдбад, 2022. – С. 373].
        Ба назар чунин мерасад, ки мо ҳанўз дар шинохти Худои худ мушкилӣ дорем. Ғарб Худоро аз мо дида бо қудратҳои офаридгорию озодипарастиаш хубтару беҳтар дарку ҳазм кардааст. Ин аст, ки сарҳади дахолати Худовандро онҳо то сарҳади озодиҳои инсон дуруст ҳазм карда, ҳама бурду бохти зиндагии иҷтимоиро инсони ғарбӣ таҳти таъсири ақлу хирад бар дӯши худ гирифтааст. Мо бошем на рисолати созандагиро бар дўш гирифтаем ва на сарҳади шинохти инсони муосир ва рисолати таърихии онро дуруст дарк кардаем. Ин аст, ки мо то ба ҳанӯз ҳама корро, ҳама вазниниро ба Худо мепартоем. Аз хотир мебарорем, ки Ў ба мо се неъмати бузург ақл, озодии ирода ва таҷрибаю интихобро додааст. Ин ҳолати мушкилии худошиносӣ дар сарҳади муайяни ҳаракати мафкура дар роҳи шинохти худ, моро ба мушкилии инсоншиносӣ ва рисолати инсони муосир ҳаво додааст.
    Равшан аст, ки дигаргунию рушди ҳаёти иҷтимоӣ тибқи қавонини ҳастии башарӣ тобеи худшиносии фардист. Субъекти фаъоли ҳаёти иҷтимоиро қабл аз дигаргун сохтани муҳити зитсту қонуну қавоиди зиндагиаш зарур аст, ки худро шиносад, олами атрофро дуруст баҳогузорӣ намояд, мақсаду ҳадафҳои худро муқаррар карда, хатти рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавиашро зери таъсири арзишу қавонони ногузир таҳия созад. Дар сурате, ки вай мисли атеистҳо пурра худро аз таъсири офаринишу тобеият озод карда наметавонад (албатта, ин ҳолат хатарҳои худро низ дорад), вай муаззаф аст, ки мисли озодандешони боваркунанда, озодиҳо ва хиради инъомнамудаи илоҳиро дуруст ва мақсаднок дар паҳнои саодату манфиаташ бо иродаи озод аз таъсири беруна, роҳандозӣ намояд. Танҳо пас аз ин воқеиятро бо чунин усул дарк кардану заруратҳоро муайян намуданаш, инсони муосири шарқӣ имкону неруи худро дар кори дигаргунсозии худ ва олами атроф равона намуда, ба раванди ҳодисоти табиӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун субъекти таъсиррасон ва таърихсоз асаргузорӣ менамояд.
       
        Вижагиҳои мафкураи динии шарқиён ва мушкилии шикасти девори хурофоту таассуб
    Ҳолате, ки мафкураи миллии инфиродии имрўзи шарқ дорад аз зинаи худшиносӣ, оламшиносӣ то муайян кардани мақсаду ҳадафҳо ва таҳияи аҳдофу қонуниятҳои рушд, мушкилиҳоро доро аст. Мушкилии ҷиддӣ дар муносибат бо ҷаҳонбинии динӣ буда, тавозуни ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммули ақлу хирад бо эътиқоду боварӣ дар паҳнои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати дунявӣ номуназзам гардидааст. Ин ҳолат ба ин ду навъи ҷаҳонбинӣ имкон намедиҳад, ки ҳар як оромона ва таҳаммулгароёна ба самти рисолати таърихии худ шинохти ҳақиқати объективӣ ва субъективӣ ҳаракат кунанд. Дар ин майдони муқовимат таҳдид ба ақлу хирад, илму дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ танҳо аз кунгураи дини асил не, ҳарчанд, ки охирӣ низ дар нуктаҳои муайяни кашфи ҳақиқат бо қонуниятҳои илмӣ муаммоҳои худро доро аст, балки аз унсурҳои илатманди бемории динӣ, ба мисли таассуб, хурофот, ифрот, фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дигар зиёдаравиҳои эътиқодӣ рў задааст. Иддае аз шаҳрвандони мо дар ин майдони худшиносии динӣ на танҳо ба нодуруст муносибат кардан бо эътиқод ва асли дин гирифтор шудаанд, онҳо ҳатто дар шинохти дурусти рисолати Худованд ва инсон ба мушкилӣ мувоҷеҳ шудаанд.
     Ин ҳолат моро пешорўи ду мушкилӣ қарор додааст: якум муносибати тундгароёна бо боварҳои динӣ ва назари тундравонаи ифротиёни диндор ба дастоврдҳои илмӣ. Ин ҳолат дар самти академӣ дар майдони оштинопазир будани таълимоти динию кашфиётҳои коперникӣ муноқишаи илму динро ҳамчун ҷаҳонбинии шинохти ҳақиқат бо роҳу равишҳои тазодманд, аз як ҷониб гирифтор кардааст. Аз ҷониби дигар ба устувории ин ҳолат тадриси кўхнашудаи низоми динӣ дар мактабу мадрасаҳои ғайриқонунӣ, ки ғояи ифроту террори динӣ, хурофоту тассубро тавлид мекунанд, низ асаргузор шудаанд. Иллат он аст, ки ин равиши тазодманд ба дигаргуншавии вазъи ҷаҳонӣ, табдили вазъи таносуби илму дин дар сатҳи башарӣ, қонунияти табдили манфиатҳои давлатҳои миллӣ, истифодаи арзишҳои навъи ҷаҳонбиниҳо барои манфиати инсони муосир, тағйирёбии рисолати иҷтимоию маънавии дину давлат дар шароитҳои нави ҷаҳонӣ диққат надода, ҳанўз равиши ҷанги оштинопазири мафкуравиро думболагиранд; дуюм монеъшавӣ ба дарки рисолати аслии илм ва дин дар замони муосир, шикастани пулҳои мафкуравии ҳамоиши мавзуни ҷаҳонбиниҳо дар сарҳади манфиати инсон ва шаклҳои ҳамзистии он. Ин корро дар паҳнои динҳои устувор бо тағйирпазирии қиммати арзишӣ ва афзалияти неъматҳои маънавии эътирофшуда мумкин аст роҳандозӣ намуд. Танҳо зарур аст, ки рўҳониёни нав ва ақлгарои тоза бо равишу усулҳои Имоми Аъзаму Мотуридии Самарқандӣ дар доираи талаботи замони нав омода гарданд. Зеро Абуҳанифа ҳамон кореро, ки М. Лютер барои дини насрония дар асри XIV кард, ҳанўз дар асри VIII барои олами ислом аз дигар ҷониб анҷом дод, вале баъдан абуҳанифаҳои нав дар олами ислом набаромаданд.
    Ин ҳолати омехтагии рисолати Аллоҳ ва бандагонаш дар масири динҳои ҷаҳонӣ ҳамчун бемории ирсӣ таърихан вуҷуд дорад. Боиси ташвиш он аст, ки бисёр халқу миллатҳо ҳанӯз дар Асрҳои миёна аз ин зуҳуроти манфӣ халос шудаанд, паҳнои амалкарди Худо ва бандаро барои худ мутобиқ ба таълимоти диниашон пайдо карданд, вале мо мардуми шарқ то ба ҳанўз ба доми ин беморӣ гирифтор мондаем. Зеро ислоҳотҳои динии асри VIII ба пуррагӣ ба талаботи имрўзи боварҳои эътиқодӣ ва рушди илму технология ҷавоби саҳеҳ дода наметавонад. Ақли нав дар заминаи дастоврадҳои нав бояд роҳи оромии рўҳ ва рушди неруи ақлониро пайдо намояд. Барои ин инсони нав зарур аст. Ин аст, ки миёни мардуми мо бозори фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дамзанӣ ҳамчун неруи пешгўии ҳодисот, ба беморӣ гирифтор кардан ва ё раҳоӣ аз мушкилоти амиқ ва бо даму нафаси шахсони ҷудогона бениҳоят тафсон аст. Ҳол он ки тибқи дини мубини ислом ин амалҳо на ба рисолати инсон, балки тобеи қудрати Офаридгор аст, яъне бандаи Худо дар роҳи худошиносӣ даст ба салоҳияти Худованд мезад ва ҳанўз ҳам задаистодааст. Дин пеши роҳи онро гирифта натавонист, балки дар заминаи саводи нокифоя ва манфиатхоҳии шахсию гурўҳӣ дин рисолати аслашро яксў гузошт. Ин аст, ки мутаассифона, иддае аз ходимони динӣ ҷойи пешгирии ин бемории ирсӣ бо таълимоти нодурусту пасипардагии ғайриқонунӣ, ин каҷравии эътиқодиро тавсеа дода таълими оини диниро дар самти афзоиши рисолати Офаридгор ва офаридашудаҳо боз ҳам печидатар кард. Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат ҷиҳати бастани маркази ин каҷравиҳои фикрӣ, таъкид намуданд: «Таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дар ин замина расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад. Ҳолатҳои ба табобати ғайриқонунии одамон машғул шудани рӯҳониёни алоҳида дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ошкор гардидаанд. Дар давраи солҳои 2016-2024 дар кишвар зиёда аз 50 ҳолати чунин ҷиноятҳо ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда, фармудааст: «Ҳар кас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунад, аз имон хориҷ мешавад…» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндаго-ни ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с].
     Мушкилии ислоҳи ин омехтагии рисолати Инсону Худованд дар он аст, ки ислоҳи вазъияти мазкур танҳо бар уҳдаи мақомоти давлатӣ буда наметавонад. Масъалаи таснифи рисолати Офаридгору офаридашуда дар таҷрибаи ғарбӣ, дар таҷрибаи дигар динҳои ҷаҳонӣ то ҳадди муайян ҳалли худро ёфтааст, аммо дар Шарқ дар паҳнои фарҳанги исломӣ ин ҷудошавии масъулият ва салоҳиятҳо ҳанўз мушкилиҳои назарӣ ва амалии худро доро аст. Ислоҳи вазъи мазкур дар фазои далвати  демократӣ  ва дунявӣ гуногунҷабҳа аст. Дар ин самт 50% корҳои фаҳмондадиҳию ташкилӣ ба уҳдаи ходимони динию иттиҳодияҳои динӣ бошад, 35% -и вазифаи мақомоти мафкуравию илмӣ ва 15% - и бар уҳдаи мақомоти назоратию маъмурии татбиқкунандаи ҷазо бояд вогузор шавад. Махсусан, рисолати ходимони дин дар тамизи ин рисолатҳо бояд дар замони нав аз назари эътиқодӣ таҷдиди назар шавад ва мутобиқ ба манфиати давлату миллат дар паҳнои мазҳаби ҳанафӣ такмил ва тақвият  ёбад, дар акси ҳол дигар кўшишҳо натиҷа нахоҳанд дод. Маҳз ба ҳамин хотир Роҳбари давлат ба ниҳодҳои масъул ба вижа ба Шӯрои уламои Маркази исломшиносӣ тавсияҳо ва барои дигарон вазифагузориҳои мушаххас карданд.........
 
Холиқзода Аабдураҳим Ғафор,
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид.
Яндекс.Метрика