МУШКИЛОТИ МУАРРИФИИ ИСЛОМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Агарчи ислом дар сарзамини араб ба вуҷуд омада бошад ҳам, то имрӯз мардуми кишвару минтақаҳои зиёд аз Шарқ то Ғарб онро пайравӣ доранд ва аҳкоми меҳварии он: тавҳид, нубувват ва маъодро, новобаста аз мансубияти миллӣ, қабул доранд. Шояд то ҳол араб иддаои мулукият дар ислом дошта бошад, вале ин даъвоҳо ҳатто асоси динӣ надоранд. Чаро! Далели ин таъкиди Қуръон (сураи 49, ояти 13) бар ин аст, ки «Гиромитарини шумо назди Парвардигор парҳезгортарини шумост». Дар ин оят дини ислом меъёри бартариятро муайян кардааст. Сониян, ҳамаи онҳое, ки мусулмон шудаанд, аз рӯи принсипҳои меҳварии ислом, аз рӯи имону эътиқод худро камтар ва заифтар аз араб намедонанд, новобаста аз он, ки шаклу низоми давлатдорие, ки мусулмонон дар онҳо зиндагӣ доранд, аз нигоҳи меъёрҳо ва арзишҳо хеле мутафовитанд. Масалан, кишвари Туркия, ки аксарияти мардумаш мусулмон мебошанд, дар асоси раъйпурсии умумӣ, барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва ё ақалан дар сатҳи ин кишварҳо комёб шудан дар иқтисодро ҳадафи аслӣ ва стратегии худ қарор додааст.
Кишвари Индонезия ҳамзистии фарҳангу динҳоро намунаи таҷрибаи ҷаҳонӣ кардааст ва барои ҳар як дин новобаста аз хусусияти эътиқодӣ мақоми хосро қоил аст.
Кишварҳои исломии Покистон ва Эронро танҳо аз дидгоҳи дин фаҳмидан ғайриимкон аст, зеро дар ин кишварҳо дар баъзе соҳаҳои фарҳанг ва ҳаёти ҷомеа (масалан, ҳаёти оилавӣ, маишӣ, фарҳанги либос) таъсири омили исломӣ, дар баъзе соҳаҳои дигар (мисли низоми маориф, иқтисод) таъсири омили дунявият дар мисоли нусхабардорӣ аз низоми маориф ва иқтисоди аврупоӣ бештар ба назар мерасад.
Кишварҳои арабӣ аксар низоми монархияи шоҳӣ дошта, принсипҳо ва арзишҳои ҳам динӣ ва ҳам қабилавиро асос қарор додаанд.
Намунаи нави сохтори давлатдории динӣ дар шакли аморат дар Афғонистон аст, ки айни замон аз ҷониби Толибон таъсис дода шудааст. Аз рӯи вазъи кунунӣ ва муносибати онҳо бо арзишҳои динӣ ояндаи онро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст. Дар ҳоле, ки аксарияти мардум худро мусулмон мегӯянд. Айни ҳол дар бораи гуногунӣ ва арзишмеҳварии динӣ дар Афғонистон ҳарф задан хеле душвор аст. Ҳар чанд дини исломро ҳамаи мусулмонон ҳамчун чаҳорчӯбаи сиёсӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ пазируфтаанд ва таълимоти макотиби ҳуқуқӣ бо урфу одатҳои маҳаллӣ садсолаҳо пайвастааст ва ҷудо кардани онҳо аз ҳам ғайриимкон аст, новобаста аз ин усули созандаи муносибати дин ба арзишҳои миллӣ ва дунявӣ сохта нашудааст. Толибон он дастовардҳоеро, ки Афғонистон солҳои 60-70-уми асри гузашта дошт, аз байн бурданд. Чаро! Чунки дар ин кишвар ислом, аввал ҳамчун идеологияи низоми сиёсӣ ва танҳо баъд аз ин ҳамчун дин қабул ва пазируфта шудааст. Чунин низом пеш аз ҳама барои пайравони дин мушкилот эҷод мекунад. Дин аз фаҳмиши мансабдорон ва вазъияти сиёсӣ вобаста мешавад. Дар низоми бюрократии динӣ ба ҷои пешвоёни ҳақиқии маънавӣ идеологҳои сиёсатбоз ва ба ҷои муъминон қассобоне сари кор меоянд, ки ба ҷузъ аз ба даст овардани моликият фикри дигаре надоранд. Дар ин маврид зикри андешаи Волтер хеле ба маврид аст: «Агар дар Англия танҳо як дин вуҷуд медошт, аксар аз истибдоди он метарсиданд; агар ду дин мебуданд, намояндагони ҳар кадоми онҳо гулӯи якдигарро мебуриданд; вале, агар дар он ҷо намояндагони 30 дин мебуданд, дар дунёи ором ва пешрафта зиндагӣ мекарданд». Волтер таъкид кард, ки ҳамчун табақаи алоҳидаи сиёсӣ шакл гирифтани рӯҳоният барои ҷамъият зараровар аст, зеро онҳо бидуни кор кардан худашон нафрат ба меҳнатро таблиғ мекунанд ва ин нуқтаи асосии тафовути динҳои монотеистӣ аз динҳои чинӣ ва буддоӣ мебошад (Ниг.: Вольтер М. (Ф. Кандид). Философские письма. – Пантеон, 1908 (ихтисораш «Огонёк», 1926-2012). Тамоми некуаҳволӣ ва хушбахтии инсоният, гуфта буд Буддо, танҳо ба меҳнат асос ёфта метавонад, дар ҳоле, ки дар мактабҳои дигари эътиқодӣ бартарияти ибодатро талаб мекунанд.
Вазъи кунунии Афғонистон барои мусулмонон ҳодисаи нав нест. Таърихи гузашта собит месозад, ки дар тӯли асрҳои зиёд дидаем, ки дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ гурӯҳҳои манфиатдори динӣ-сиёсӣ арзишҳои диниро нодида гирифта, бо силоҳ дар даст ҳокимияти сиёсиро ғасб карда, онро машрӯъияти динӣ мебахшанд ва итоат аз онро ҳукми шаръӣ медиҳанд. Намунаи он ба сари қудрати сиёсӣ омадани «Ҳаракати Толибон» аст. Давлатро бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ гирифтанд, акнун таблиғот бурда истодаанд, ки итоат аз онҳо маънои итоат аз шариат ва итоат накардан маънои муртад шуданро дорад. Чандин уламои мазҳабии Афғонистон боз таъсиси ин низомро бо далелҳои шаръӣ асосонок мекунанд. Чунин муносибат низоми эътиқодиро вайрон мекунад. Сарчашмаҳои фиқҳӣ ва китобҳои таърихӣ аз Шуро, аз тариқи машварат интихоб шудани роҳбари давлатро меъёри шаръӣ муаррифӣ мекунанд, вале дар тӯли ҳазор соли охир ягон роҳбари низоми кишварҳои мусулмоннишин, хилофат, аморат, салтанат, хонигарӣ ва ғайра ба таври интихобот ба сари қудрат наомадааст (Ниг.: Грюнебаум Г.Э. Классический ислам. Очерк истории (600-1258) / Пер. с англ. И.М. Джура; предисл. В.В. Наумкина. – М., 1988. – С. 27-43). Аввал монанди Толибон давлатро ба зӯрӣ мегиранд ва баъд аз он асоси динӣ барои он месозанд. Яъне, мардум аз интихоби низоми давлатдорӣ ҳамчун шаҳрванд ва дар таъсиси низоми исломӣ ҳамчун мусулмон ягон нақш надоранд. Зеро чунин дин ба ҷузъ як ниҳоди полис чизе нест.
Бояд ёдовар шуд, ки дини ислом дар раванди ҳаёти мусулмонон ҳам аз нигоҳи ақидавӣ ва ҳам иҷтимоӣ хеле дигаргун шуд. Ягон таҳаввулот дар олами ислом бе тағйироти худи ислом номумкин аст ва баръакс, ягон тағйирот дар ислом бе таҳаввулоти ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар рушди ҷомеаи мусулмонӣ сурат намегирад. Зеро пешрафти ҷомеа ба тағйирот дар мафкураи шаҳрвандон ва диди онҳо ба оянда вобастагӣ дорад. Барои ҷомеаи суннатӣ аз байн бурдани догмаҳо ва ақидаҳои карахтшудаи хурофотӣ ва қабули арзишҳои нави ҳаётӣ хеле душвор аст. Масалан, дар тамоми кишвари Миср мардум мунтазири он буд, ки муфтии Миср роҷеъ ба муносибат бо коғазҳои қимматнок, сертификатҳои сармоягузорие, ки аз ҷониби як қатор фондҳои сармоягузорӣ бароварда шудаанд, аз лиҳози шаръӣ мумкин будан ё набудани харидани онҳо чӣ фатво медиҳад? Ҳама мунтазири сухани ниҳоии муфтӣ буданд. Аммо лаҷоми суханро дигарон ба даст гирифтанд. Дар ҳалли шаръии ин масъала баҳсҳои ақидавӣ миёни фақеҳони мазҳаби моликӣ ва мубаллиғони салафигароӣ дар Шурои Академияи исломӣ дар Донишгоҳи Ал-Азҳар оғоз шуд. Ба нақл аз Gulf News, Алӣ Шехту, узви ҳизби Салафияи Ан-Нур, ин масъаларо чунин шарҳ дод: «Муомилот дар ислом бар фоида ва зиён асос ёфтааст. Аз ин рӯ, муомилот, ки ошкоро танҳо фоида меорад, рибо ҳисобида мешавад ва хилофи ислом аст. Ин ба шаҳодатномаҳои канали Суэтс низ дахл дорад». Абӯ Исҳоқ Ал-Ҳувайнӣ, воизи салафияи мисрӣ гуфт: «Аз нигоҳи шариат ин шаҳодатномаҳои сармоягузорӣ рибо мебошанд, ки дар ислом қобили қабул нест». Дар ҳамин ҳол, Маркази фатвои Миср ин ақидаҳоро рад кард ва изҳор дошт, ки «шариат ба чунин шаклҳои тиҷоратҳои навоварона иҷозат медиҳад». Муфтӣ эълон кард, ки «харидани коғази қиматнок дуруст аст» (Ниг.: Islam News: https://islamnews.ru/v-adres-al-azhara-letjat-kamni-za-fetvu). Дар тамоми шаҳрҳо барои харидории ин шаҳодатномаҳои сармоягузорӣ навбатҳои зиёд пайдо шуданд. Албатта, ин маънои онро дорад, ки агар тамоми равиши ҳаёти ҷомеа аз хулосаҳои динӣ вобаста шавад, чунин раванд дар рушди давлат метавонад таъсир дошта бошанд. Хулосаи дигари маъруфро метавон ёдовар шуд, ки дар оғози садаи XX гуфта шуд: «фоизи бонкӣ дуруст мешавад, агар шахс пулашро дар бонки ғайриисломӣ гузорад ва фоиз гирад». Ин инқилоб ва як қадами хеле ҷиддӣ дар тағйир додани тафаккур ва фаҳмиши иқтисодии бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ гардид. Шайх Муҳаммад Саид Тантовӣ, муфтии Миср 12 июли соли 1989 дар рӯзномаи «Ал-Аҳром» фатвое нашр кард, ки тибқи мазмуни он фоизҳо аз сертификатҳои сармоягузорие, ки аз ҷониби бонки Ал-Аҳлӣ дода мешаванд, ҳаром нест (Ниг.: Рыскулов А. Исламские финансы – вопрос ростовщичества // www. Muslim women.com.kz.; Взгляды исламских правовых школ на риба // Э. Дюркгейма. Понятие социальной функции и социального факта. – М., 2001. – С. 176-183).
Дар ниҳоят сарватмандони мусулмон намояндагии бонкҳои аврупоиро дар кишварҳояшон кушоданд, ки дигар ягон кас эътироз кардан натавонист, ки манфиати ба даст овардагӣ аз бонк ҳаром аст ва то ҳол ин усул татбиқ шуда истодааст. Ва шакли муосири он харидани клубҳои футбол дар кишварҳои аврупоӣ аз ҷониби сарватмандону шайхони араб аст. Ин амал ҳам як навъи ба даст овардани пул, ки аз ҳукми рибо берун мемонад. Ин намунаи зикршуда бори дигар собит намуд, ки мақом ва нақши дин, ҷаҳонбинии динии мардум дар ҳар як кишвар хусусиятҳои хоси худро дорад. Масъалае, ки дар кишвари Миср соли 2010 мавриди баҳс буд, дар Туркия ин масъала 100 пеш ҳаллу фасл шуда буд, ё масъалаи таҳсили занон, агар дар Афғонистон дар асри 21 то ҳол як муаммои шаръӣ бошад, дар Малайзия онро 80 сол пеш бо назардошти талаботи ислом ҳаллу фасл карданд. Дар масъалаи таҳаммулпазирӣ бошад пайравони дини буддоӣ дар Ҳиндустон пайравони динҳои дигарро низ маҷбур карданд, ки муносибати некбинона бо ҳамдигар дошта бошанд.
Дар хулоса метавон гуфт, ки татбиқи аҳкоми динӣ барои ҳар як низоми динӣ вобаста ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст. Хусусан, муносибат ба арзишҳои эътиқодӣ дар низоми теократӣ куллан дигар аст. Зеро дар низоми сиёсии динӣ арзиши олӣ манфиати низоми сиёсӣ буда, масъалаи эътиқод ва имони мардум принсипи мустақил пазируфта намешаванд ва танҳо дар тобеъ бо усули низом ташаккул меёбанд. Бинобар ин, гуногун будани низоми сиёсӣ дар кишварҳои мусулмоннишин зарурати ташаккули андешаҳои гуногунро пеш овардааст ва ҳеҷ имконияти татбиқи амалии шакли тафаккури ягонаи диниро надорад. Оё ягон кишвари мусулмонӣ омодааст намунаи низоми динии мисли Афғонистон бо як дин, як мазҳаб, як қавмро пазирад. Не! Тафаккури бар меҳвари як андеша сохташуда автократӣ буда, пояи рушди устувори давлатдориро нахоҳад дошт.

Маҳрамбеков Маҳрамбек Анварбекович – котиби илмии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика