МУҚОВИМАТ БО ТАБЛИҒОТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИФРОТӢ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ

Дар тамоми давру замон танҳо давлату миллате,ки ба илму маориф рӯоварда, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум назари хоса зоҳир менамояд, дар амри болоравии сатҳи зиндагӣ ва дониш, пешрафти иқтисодиёт ва раҳоӣ аз зуҳуроти номатлуби ифрот ва террор муваффақ мешвад. 
 
Маҳз, нуфузи илму фарҳанги асил аст, ки ин давлати миллии моро ба як мулки ободу зебо табдил дода, тавассути фурӯғи маърифат мақбули хосу ом гардонид.
 
Аз ин лиҳоз, тибқи фармудаи дини ислом омӯзши илму дониш ба кулли мардум, бахусус ҷавонон фарз аст.
 
Ҷавонон меросбарандагони аҷдодони бузург – Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва садҳои нобиғаҳои давру замон мебошанд. Ҷавонони имрӯза гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудан ба равияҳои гуногуни ифротӣ аст. Равияҳое, ки онҳоро ташкилотҳои экстремистӣ ривоҷ медиҳанд, дар асл чун заҳри қотиле мебошанд, ки ҷавонони мо, бе ин ки аз ҳақиқати он огоҳӣ дошта бошанд, ба онҳо мепайванданд. Агар мо пеши роҳи ин гуна равияҳоро нагирем, бегумон ҷавонони мо ба доми онҳо меафтанд. 
 
Дар замони муосир фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ вобаста ба ҷалби сарбозону пайравони нав, бо усули алоқаи бевосита, инчунин ба таври фосилавӣ, ба воситаи шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст. Саркардагони ташкилотҳои экстремистӣ тавассути чунин пойгоҳҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ маводи иғвогарона ва ифротии худро паҳн намуда, фазои маҷозиро ҳамчун дастгоҳи пурқувват барои ҷалби ҷавонони ноогоҳ истифода мебаранд.
 
Имрӯз дар дасти ҳар як ҷавон телефони мобилӣ мавҷуд аст, ки ба воситаи он ба шабакаи интернет ворид мешавад. Дар шабакаи интернет сомонаҳои Одноклассники, Фейсбук, Твиттер, Вконтакте, мессенҷерҳои Вайбер, Вотсапп, Телеграм, Инстаграм ва ғайра мавҷуданд, ки дар онҳо гурӯҳҳои ба ном исломӣ тарғибот мебаранд. Чунин гурӯҳҳо ҷавонони зудбоварро бо интишори ояту ҳадисҳои тарҷумааш ғалат ва фатвоҳои гуногуни ғаразнок ба сафҳои худ ҷалб менамоянд. Ин бениҳоят хатарнок аст!
 
Ҳолате буд, ки ҳатто як нафар имомхатиби масҷиди ҷомеъ тавассути интернет ба доми тазвири ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат афтода, пайваста ба наҳзатиён маълумот ирсол менамуд. Пас, агар мо фарзандони худро таҳти назорати қатъӣ қарор надиҳем, аз тарбияи дурусти онҳо бепарвоӣ намоем, онҳо метавонанд оқибат туъмаи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ гарданд.  
 
Бояд донист, ки тариқаи ҷалб кардан ва дар оянда ифротгаро намудани ҷавонон чунин аст:
- алоқаи бевоситаи ҷавони ноогоҳ бо таблиғгарони ташкилотҳои террористӣ;
- надонистани мақсади аслии чунин мубаллиғон;
- муддатҳои тӯлонӣ гӯш кардан ва ё тамошои наворҳои таблиғотии равияву ҷараёнҳои ифротии динӣ аз тариқи шабакаи интернет;
- истифодаи ғайримақсадноки мессенҷерҳои Вайбер, Вотсапп, Телеграм, Инстаграм ва ғайра;
- пайдо намудани дӯстону шиносҳои нав дар шабакаи интернет бе огоҳӣ аз шахсият ва мансубияти онҳо ба гурӯҳу ташкилотҳои ифротгаро, ворид шудан ба баҳсҳои динӣ дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ;
- мутолиаи адабиёти ифротӣ ва ғайра.
Чунин амалҳоро дар дини ислом фитна гӯянд ва дар Қуръон фитна шадидтар аз қатл унвон шудааст.
 
Дар ҳадиси Паёмбар (с) фитна чунин шарҳ дода шудааст: “Илм аз байн меравад ва ҷаҳл ва фитнаангезӣ ҷойгузини он мешавад ва ҳараҷу мараҷ зиёд мегардад. Касе пурсид: Ё Расулаллоҳ, ҳараҷу мараҷ чист? Паёмбари Худо (с) дар ҷавоби он шахс дасти мубораки худро тавре ҳаракат доданд, ки далолат ба қатл ва куштор мекард. 
 
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ҷавононро огоҳ созем, ки аз фитна дар канор бошанд, дар интернет ба ягон гурӯҳҳои динӣ аъзо нашаванд, дар фазои маҷозӣ ба сухани онҳое, ки худро мулло, диндор, худотарс вонамуд мекунанд, бовар накунанд! Онҳо ба рӯи худ ниқоби исломро кашида, дар асл дасисабоз ва мардумфиребанд, мехоҳанд ҷавонони моро фирефта намуда, онҳоро ба вартаи ҳалокат афкананд. 
 
Ифротгароён асли исломро пинҳон намуда, ба ҷавонон фақат куштор, хунрезӣ, ҳиҷрат, шаҳодат ва ҷиҳодро талқин мекунанд. Оё ҷавонон медонанд, ки дар асл ҷиҳод чист? Ҷиҳод ҳимояи марзу буми Ватан аст, ҷиҳод омӯзиши илм аст, ҷиҳод хидмати падару модар аст, ҷиҳод тарбияи фарзанд аст.
 
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Беҳтарин муъминҳо аз ҷиҳати ислом касе аст, ки дигарон аз дасту забони ӯ саломат бошанд. Беҳтарини муъминон аз ҷиҳати имон касе аст, ки хулқаш некӯ бошад. Беҳтарин муҳоҷир касе аст, ки он чи Худои таоло аз корҳои носазо манъ намудааст, аз он дурӣ ҷӯяд. Беҳтарин ҷиҳод он аст, ки инсон бо нафси хеш ҷиҳод намояд.     
   
Хушбахтона, аксар ҷавонони мо аз асли воқеа, аз фиребу найранги эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ огоҳ гаштаанд ва бовар дорем, дигар ба доми онҳо гирифтор намешаванд. Ҳамагон оқибати кори шахсони фиребхӯрдаро дида, ба хулоса омаданд, ки зиндагии осоишта, тарбияи фарзандон, таматтуъ аз хушиҳои ҳаёт беҳтарин роҳи зиндагист. Ҳар кас хоҳад, ки дар роҳи Худо хизмат кунад, бояд ба Ватану миллат хизмат кунад. Зеро ҳифзи Ватану хизмати шоиста, некиву накӯкорӣ, ҳилму бурдборӣ, эҳтироми волидайн ва тарбияи фарзандон, дастгирии бечорагону обод кардани диёри азиз чунон савоби беандоза ва подоши бепоён дорад . 
 
Ҳар яки мо вазифадорем, ки истифодаи интернетро аз ҷониби фарзандони худ назорат кунем. Аз овони мактабхонӣ ба онҳо тарзи истифодаи мақсадноки интернетро омӯзонем. Тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ диҳем, ки фарзандон фирефтаи таблиғоти ташкилотҳои террористӣ нагарданд, бо шахсони ношинос дар интернет ошноӣ пайдо накунанд.
 
Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.
 
Падару модарон бояд ба таълим ва тарбияи фарзандони худ диқкати ҷиддӣ зоҳир намоянд, онҳоро аз корҳои бад боздошта, ба сӯи илму маърифат роҳнамоӣ кунанд, зеро таълиму тарбияи фарзандон, боздоштан аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддаси падару модарон аст.
 
Наврасону ҷавонон бояд дар вақтҳои холӣ, ба ҷои истифодаи ғайримақсадноки интернет, ба китобхонаҳо раванд, дар назди устодон дарсҳои иловагӣ гиранд ва ба ин восита дониши худро мукуаммал созанд. 
 
Ояндаи миллати мо ба ҷавонон вогузор шудааст аст. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат фармудаанд, ки :“Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”.
 
Баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, бо мақсади тарғиби илму маърифат, ҷалби таваҷчуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ менамояд. Дар ин раванд дар ҷумҳурӣ пайваста озмунҳои гуногун аз қабили «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Чароғи маърифат» ва ғайра гузаронида мешаванд. Чунин иқдомҳои маърифатпарваронаи давлати мо таваҷчуҳи ҷомеа, бахусус наврасону ҷавононро ба китобхонӣ ва омӯзиши илмҳои муосир бештар намуданд. Инро ба назар гирифта, барои ҳавасмандкунонии бештар, ҷоизаҳои чунин озмунҳо чанд маротиба зиёд карда шуданд.
 
Мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳем, онҳоро ба омӯзишу тадвини илму дониш ҳидоят намоем, ба мактабҳои беҳтарин монем, аз хониши онҳо бохабар шавем, аз «дӯстону насиҳатгарон»-и шубҳанок дур намоем, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «исломӣ» нигоҳ дорем, то ин ки дар оянда насли солим ба воя расида, ба халқу ватани худ хизматҳои шоиста кунанд. Ҳар кас барои ватани худ, давлати худ, ояндаи худ, фарзандони худ масъул аст! Агар фарзанд солеҳ бошад, мояи ифтихор аст ва агар дар таълиму тарбия беаҳамиятӣ кунем, пушаймон хоҳем шуд.
 
Ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз назорати падару модарон дур монда, эҳтимолияти шомилшавии онҳо ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ зиёд мебошад. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, набояд бепарво бошанд, ҳамарӯза ба воситаи телефонҳои мобилӣ, сомонаҳои интернетӣ бо фарзандон дар тамос шуда, онҳоро назорат кунанд!
 
Мо дар Ватани тинҷу ором, зери осмони софу беғубор осудаҳолона зиндагӣ мекунем. Ҳифзи амонии ватан корест, ки ба ҳар сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем. Мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода барем ва барои амну суботи Тоҷикистон талош варзем. Танҳо ваҳдат, иттиҳод ва якдилӣ метавонад ватани моро аз тафриқаи ҳизбу ҳарактҳои ботил нигоҳ дорад.  
 
Абдураҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
Яндекс.Метрика