НАЗАРЕ БА МАФҲУМҲОИ ИФРОТ ВА ТЕРРОР: ТАҲЛИЛИ ЗАБОНӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Вақтҳои охир дар адабиёти тарғиботӣ ва ҳуқуқӣ истилоҳоти ифрот, тундгароӣ,  террор ва терроризм зиёд истифода мешаванд. Муҳақиқони соҳаҳои мухталиф аз кунгураи илмҳои соҳавиашон ба ҳад ва паҳнои истилоҳоти мазкур рўшноӣ меафкананд. Табиист, ки дар чунин ҳолат дидгоҳҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, мафҳумҳо низ ба пахлуҳои ҷудогонаи ҳодисоти мазкур рўшноӣ меафкананд. Ин ҳолат таззодро на танҳо дар шинохти ин ҳодисот зиёда мегардонад, инчунин  пешгирии онҳоро дар ҳаёти муқаррарӣ мушкил мегардонад. Бо мақсади рўшноӣ афкандан ба баъзе аз печидагиҳои ин масъала зарур шуморидем аз назари забонӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ба мафҳуми истилоҳоти мазкур ибрози назар намоем.  
Аз назари забонӣ истилоҳи «ифрот» аз решаи калимаи арабии «фарт», яъне «авҷ» ва ё «ҳадди ниҳоят»  гирифта шудааст, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣ ба маъноҳои аз ҳадди муайяншуда гузаштан, аз андоза берун шудан, аз  меъёри эътирофгашта баромадан, зиёдаравӣ кардан дар амал, бештар аз тавоноӣ рафтор кардан, масъулият гирифтан ва амсоли инҳоро мефаҳмонад.
 
Ҳаким Абуалӣ Сино ба ҳамин маънӣ гуфта аст: 
 
Бо ин ду се нодон, ки чунон медонанд, 
Аз ҷаҳл, ки доноӣ ҷаҳон ононанд,  
Хар бош, ки ин ҷома аз фарти харӣ,
Ҳар к-ў на хар аст, кофараш мехонанд.
 
Дар фарҳанги Деҳхудо се намуд ифрот шарҳ ёфтааст:
 
1. Ифрот- фармудан, амр намудани касеро коре, ки берун аз тавоноияш аст.
2. Бо ифрот додан, беҳад додани дороие, исроф кардан дар истеъмоли неъмат; аз андоза гузаштан дар додани чизе; ба газоф додан. Мисол. Носири Хусрав мефармояд: 
Ба ифрот ар кунӣ шаҳват зиён аст, 
Заифии тан асту қатъи ҷон аст.  
3.Ифрот кардан – аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан дар коре дар амале аст (Деҳхудо Ҷилди 2. – С. 3042-3043). 
 
Оид ба табиати ифрот дар амалкардҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ
 
Ҳамин тавр ифрот ҳамчун ҳодисаи иҷтимоии манфур аз як ҷониби амалкард ва фаҳми як нафар шахси ифротӣ имкон дорад дар шаклҳои супоришӣ-амрӣ, ки дигаронро ба иҷрои амали берун аз тавоноияшон маҷбур менамояд; дар шакли амалкардҳо аз меъёр берун тақсим кардани дороӣ ва имконият, мисол бори аз қудраташ вазнинтарро мебардорад, ҳарфи болотар аз тавоноияшро ироа медорад, ваъдаи зиёдтар аз қудраташро медиҳад, хароҷоти монанд ба исрофро мекунад; ва ниҳоят бо маънои аслаш зиёдаравӣ дар кору муносибат бо дигарон  зуҳур менамояд. Ифрот дар шакли дигар дар фаҳми ҳодисаҳо, тарғиби онҳо, муносибат бо дигарон дар умум зиёдаравӣ кардан аст.
 
Ба андешаи симетрии муҳаққиқони сиёсатшинос муқобил ва ё антоними калимаи «ифрот» калимаи «тафрит» аст, ки он низ аз решаи «фарт» буда, ба маънои камравӣ, бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад нисбат ба чизе ифода меёбад (Раҳнамо А. Хатари гурўҳҳои ифротгарои динӣ чист.    – Душанбе. «ЭР-граф», 2021. – С. 16). Яъне тафрит тарафи ниҳоии муқобили рафтори ифротӣ аст, ки миёни ин ҳарду рафтори муътадил муаллақ мемонад. 
 
Ҳадди эътидол 
 
Ҳадди эътидол, ки ҷавҳари низому тартиботи ҳуқуқиро ташкил менамояд аз назари ҳуқуқӣ дар васати ҳаводиси ифроту тафрит зуҳур менамояд. Яъне ду сарҳади меъёрҳои иҷтимоӣ, ки рафтори муътадилу шоистаро дар шакли ҳадди эътидол муайян кардааст, паҳнои вуҷуди рафтори хуқуқиро муайян менамояд. Маҳз ҳадди эътидол муносибати хуқуқии арзанда ва ҳифзшавандаро тавлид мекунад. Вайроншавии ҳадди эътидол гузариш аз сарҳади меъёрҳои иҷтимоӣ дар шакли вайронкунии муқаррароти ахлоқӣ, эътиқодӣ, сиёсӣ   ва ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад.   
 
Пас озодию ҳуқуқҳою рафторҳои шоистае, ки мо аз назари ҳуқуқ васф менамоем дар тангнои дидгоҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар як сарҳади бениҳоят маҳдудшудаи қолабгирифтаи муносибатҳои иҷтимоӣ миёни ду девори устувор ва хатти бениҳоят қавӣ кашидашуда ва то охир даркношудаи мафҳумҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва дигари иҷтимоӣ ба зиндон гирифтор аст. Паҳно ва сарҳади онро сатҳи рушди ҷомеа ва мафкураи инсонӣ муайян менамояд. Бале, ин майдони пур аз таззоду муноқишаҳо ҳанўз масоили зиёди фаҳмношударо мисли мафҳумҳои илмии ҳамин падидаҳо доро аст. Ин гунаи тафовутҳо, албатта, миёни илмҳои мухталиф бештар эҳсос мегардад. 
 
Назари иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба ифрот ва тундгароӣ
 
Ифрот – дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ин аз ҳадди муайншуда, эътирофшуда, сарҳади эътидол ва муназзамии ҳолати умумии муносибатҳои мавҷуда гузаштан аст, ки дар ин гузаштнамоӣ адлу инсоф, назму тартиби вуҷуддошта вайрон гардида, манфиати қонунии шаҳрвандон зарар дида, ҳолати муътадили вуҷуд ва рушди ҷомеа дар умум вайрон мегардад. Як аломати ифроти ҳуқуқӣ он аст, ки аломат ва таркиби он дар сатҳи субъекту объект ва тарафи субъективӣ ва объективӣ дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.  Пасманзари ифрот бо  ченаки ҳуқуқӣ комилан манфӣ аст, чи дар шакли ҳодисоти ҷудогона ва чи дар муносибат бо қонуниятҳои умумии рушд.
 
Ифрот дар сурати истифода шуданаш бо истифодаи зўроварӣ дар ҳама шаклҳояш оқибати ҳуқуқӣ ҳам дар шакли ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷиноятӣ дошта метавонад. 
 
Тундгароӣ – ин равиши дар амал номуътадили зоҳиршудаи шахс нисбат ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ аст, ки аз меъёри муайяни эътирофшуда берун мебарояд ва бо ин берунравиаш асли низому тартиб ва ҳуқуқу озодиҳоро поймол намуда, оқибати он ба ҳодисаҳои ҷудогонаи иҷтимоӣ гуногун аст. Тундгароӣ низ дар сурати истифода гардиданаш бо зўроварии хушунатомез оқибати ҳуқуқӣ ҳам дар шакли ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷиноятӣ дошта метавонад. 
 
Терроризм – аз назари иҷтимоӣ рафтори зишт ва бениҳоят хатарбори зараровари ғайриҳуқуқӣ  аст, ки дар заминаи мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ бо мақсадҳои муайян нисбат ба арзишҳои иҷтимоӣ ва хуқуқии бевосита ба мақсад алоқаманд набуда,  расонида мешавад. Аз назари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ «Терроризм қабл аз ҳама як шакли ҷинояти зўроварист, ки ба мақсадҳои муайян нигаронида шудааст. Террор бошад, - амали даҳшатафканандаи ба муқобили давлат, ташкилот ва шахсони ҷудогона равона шудааст, ки ҷиҳати ҳалли кадом як масъалаҳои дигар содир мегардад» (Мирзоахмедов Ф. А. Уголовная ответственность за терроризм по законодательству    Республики Таджикистан и Российской Федерации (сравнительно-правовое исследование). – М.: 2016. – С. 68).
 
Аз назари ҳуқуқӣ, қонунгузории миллӣ чунин мафҳуми мухтасари терроризмро пешниҳод кардааст:  «терроризм – мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021, №12, қ. 2, мод. 682. М.: 1.).
 
Тарзе маълум мегардад дар террооризм мақсад бо объекти ҷинояти содиршуда умумият надоранд, объекти бевосита дигар асту мақсади террорист дар дигар паҳно содир мешавад. Мисол мақсад гузашт кардани мақомоти ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ягон қарори дахлдор буданаш мумкин, вале объекти бевоситаи ҷиноятӣ тарконидани кадом як бино ва ё қатли кадом як шаҳрванди мансабдор ва ғайри он буданаш имкон дорад. Ҳамин тавр дар терроризм бо даҳшатафканӣ террористон мехоханд ҳадафҳояшонро амалӣ созанд.
 
Қонунгузории соҳаи ҷиноятӣ аломатҳои гуногуни терроризмро хамчун вижагиҳои банду басти навъҳои ҷиноят дар моддаҳои 179-179 бо ишораҳои 1-3 муайян намудааст. 
 
Ифрот, тундравӣ ва терроризм дар сурате, ки аз дин истифода менамоянд ва ё ҳадафҳои эъиқодиро дар назди худ мегузоранд ва ё ба муқобили арзишҳо ва муқаддасоти динӣ бо мақсадҳои муайян содир мегарданд, тобиши динӣ мегиранд.   
 
Холиқзода А.Ғ. – директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор. 
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Яндекс.Метрика