Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Худованд оламро офарид ва ба одамон забони гуногун ато кард, то бо ҳам сухан гӯянд. Ва яке аз қадимтарин забонҳо – забони тоҷикист. Тоҷикон ҳазорсолаҳо инҷониб бо ин забони шевову дилчасп шеър суруданд ва асарҳо офариданд. Аҷдодони мо забони тоҷикиро ба авҷи аъло расониданд, онҷо, ки Расули акрам (с) дар ҳаққи мардуми мо башорат фармудаанд, ки «Агар илм дар Сурайё мебуд, мардоне аз фарзандони форс (яъне тоҷикон) онро дармеёфтанд».
Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷа ва садҳо нобиѓаҳои халқи тоҷик ҳадисҳои Паёмбари ислом (с)-ро тадвин ва тахриҷ намуданд, ки имрӯз аз китобҳои муқаддастарини мусулмонон ба шумор мераванд.
Бузургтарин хизмате, ки барои бузургдошти забони тоҷикӣ карда шудааст, ин фатвои Имоми Аъзам буд, ки хондани намозро ба забони тоҷикӣ иҷозат доданд. Тибқи фармудани Имом Абӯҳанифа, дар намоз ба ҷуз аз тиловати Қуръон, боқӣ ҳамаи дуоҳо метавонад ба забони тоҷикӣ анҷом дода шавад. Ҳамин тариқ забони тоҷикӣ дар байни мусулмонони ҷаҳон бештар интишор шуд ва 1300 сол инҷониб аксари мусулмонони олам нияти намозро ба забони тоҷикӣ мехонанд.
Асарҳои Абӯрайҳони Берунӣ, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Ибни Сино, Форобӣ, ашъори Рӯдакиву Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Фирдавсиву Ҷалолиддини Балхӣ мақоми забони тоҷикиро дар тамоми олам боло бурданд. Ҳатто гуфта мешавад, ки яке аз забонҳои аҳли биҳишт тоҷикӣ мебошад.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.
Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон истилогарон мехостанд забони моро аз байн баранд. Македониҳову муѓулҳо ва дигар халқиятҳое, ки сарзамини тоҷиконро тасарруф мекарданд, аввал забони худро ҷорӣ менамуданд. Аммо тамоми кӯшишҳо натиҷае намебахшид. Зеро халқи тоҷик ҳар чӣ дошт, он забони модарӣ буд. Ва миллати мо забони худро аз даст надод. Халқи тоҷик тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро ҳифз намояд ва онро то ба имрӯз оварда расонад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.
Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.
Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ саҳми Қаҳрамони халқи тоҷик-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал меистад. Пешвои миллат забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои бонуфузтарин бо забони шевои тоҷикӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои глобалиии ҷаҳониро баррасӣ менамоянд.
Дар ин ҷашни таърихӣ ба кулли ҳамватанон бахту иқболи баланд хушбахтиву некрӯзӣ, барору пешравиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии ҳалол, сериву пурӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва муҳимтар аз ҳама - неъмати бузурги тинҷиву осоиштагиро таманно дорам.
Абдураҳмон Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ