Озодии баён ва истиқлол

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Дар ҳақиқат аз мафҳуми ин ду истилоҳ,  яъне озодии баён ва истиқлол бардоштҳое карда мешавад, ки дар асоси он бардоштҳо комилҳукуқии инсон ба мушоҳида мерасад ва инсон комилан воқеияти хешро эҳсос мекунад.
 
Ҳикояти аҷиберо рўйи варақ хоҳам овард, ки дар он истиқлол, озодии баён, баробарӣ ва  довари дар асоси бурҳону ҳуҷҷат ба мушоҳида мерасад.
 
Рўзе ҳазрати Алӣ хангоми халифа буданаш яке аз ашёҳояшро, ки гумшуда ё дуздӣ шуда буд, назди шахси яҳудие пайдо кард ва аз он шахс пурсид: ин чизро аз куҷо пайдо кардӣ? Ин чиз аз ман аст!  Шахси яҳудӣ гуфт, воқеан агар ин чиз аз ту ҳаст, бирав ва гувоҳон биёр. Баъдан ҳардуи онҳо ба қозии  он замон Шурайҳ, ки аз аҳди Умар (р) бар мансаби қозигӣ нишаста буд меоянд ва онҷо Алӣ (р) бар хилофи шахси яҳудӣ дар маҳкама пеши қози Шурайҳ даъворо пешкаш мекунад. Қози Шрайҳ даъвои ҳар дуи онҳоро мешунавад ва баъд аз ҳар дуи онҳо мувофиқи қонуни шариат суол мекунад ва бо бисёр итминон аз шахси яҳудӣ мепурсад оё ин чиз ҳакиқатан аз Алӣ (р) ҳаст ё на? Шахси яҳудӣ инкор мекунад ва мегўяд, не ин аз ман аст, Алӣ даъвои ғалат кардааст. Баъдан қозӣ Шурайҳ ба Алӣ (р) мегўяд: Бародар агар воқеан ин чиз аз ту аст, пас бирав ва шавоҳид биёр.
 
Ҳамин буд, ки Алӣ ду шоҳид овард, яке Ҳасан, ки писари ў буд ва дигаре ғуломи озод кардаи ў Қанбар, ном дошт. Қозӣ Шурайҳ дар ҳаққи падар шоҳидии писарро қабул надошт ва мувофиқи иҷтиҳоди худ амал мекард ва ҳамин буд, ки шаҳодати Ҳасанро қабул накард ва ба Алӣ гуфт, шаҳодатии ғуломат қабул аст, зеро ў озод аст, лекин ба ҷои Ҳасан шахси дигар биёвар ў инро собит кунад, ки ин чиз, ки ҳоло дар дасти шахси яҳудӣ аст вокеан аз ту аст. Алӣ (р) гуфт шоҳиди дигаре надорам. Қозӣ Шурайҳ чун ин сухани Алиро шунид, даъвои ўро рад кард. Ҳазрати Алӣ низ ҳеҷ нагуфт, аз маҳкама баромад ва роҳи хеш пеш гирифт. Қозӣ Шурайҳ медонист, ки Алӣ (р) рост мегўяд ва даъвои ғалат намекунад, лекин қонуни шариат ин иҷозаро намедод. Бинобар ин, қозӣ Шурайҳ бар ақидаи худ амал намекард, балки талаботи қонунро иҷро мекард.
 
Бубинед, дар ин ҳикоят чигуна озодии баён ва ҳимояти ҳаққи шахси яҳудӣ риоят шудаааст ва истиқлолияти як қозӣ дар маҳкама чи гуна сурат гирифтааст. 
 
Наботов М.А. - сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ
Яндекс.Метрика