Омилҳои ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қиёс бо давлатҳои Осиёи Марказӣ

Раванди ифротгароӣ танҳо мушкилоти пас аз истиқлолияти кишвар набуда, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Вобаста ба имкониятҳо ва таҷрибаҳо ҳар як кишвар роҳҳои муқовимат бо ин падидаи номатлубро доранд ва амалӣ намуда истодаанд. 
Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки сатҳи ифротгароӣ дар кишварҳои ҳамсоя аз Тоҷикистон кам нестанд. Фаъолияти густурдаи ташкилоти террористии “Туркистони озод” дар Ӯзбекистон, зуҳури бесобиқаи ТТ “Ҳизби таҳрир” ва “Салафия” дар Қазоқистон ва Қирғизистон гувоҳи онанд. Аммо бо дарназардошти фаъолияти озодонаи аксар ташкилотҳои дар Тоҷикистон экстремистӣ эътирофшуда дар Ҷумҳурии Қирғизистон, илова бар ин фаъолияти озодонаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии гуногун, ки пардапӯшона дар мафкураи мардум андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро бедор месозанд, инчунин таъсири кишварҳои Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва дигарон дар шакли сохтани масҷидҳои зиёд, таъин намудани имомхатибҳои “худӣ” ва ба ин васила таблиғ намудани ғояҳои худ, сатҳи ифротгароиро дар Қирғизистон начандон боло бурдаанд.
Кишвари Қазоқистон, ки қаблан бо мақсади коҳиш додани таъсири русигароӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ озодии мутлақ дода, имомхатибон аз ҳисоби шахсони тасодуфӣ ва бештар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ интихоб мешуданд, ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ мувоҷеҳ шуд, ки диндорон теъдоди зиёди эътирозгаронро ташкил медоданд.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, баъд аз маҳдудиятҳои шадид дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, айни ҳол ба иттиҳодияҳои динӣ озодии нисбӣ дода, онҳоро таҳти назорат қарор додааст. Агар дар марҳилаи аввал теъдоди зиёди масҷидҳо, мадрасаҳо ва дигар иншооти динӣ ба қайд гирифта шуда бошад, айни ҳол давлат ба масъалаи арзишҳои миллӣ эътибор дода, пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона ва гузоштани ришро ба танзим дароварда истодааст. 
Дар айни ҳол Ӯзбекистон бо мақсади пешгирии паҳншавии ақидаҳои бегонаи ифротӣ дар ҷомеа таҷрибаи таълими диниро дар чанд сатҳ ба роҳ мондааст - таъсиси коллеҷҳо, институтҳо ва Академияи исломӣ, ки мутахассисони касбии динӣ - мазҳабиро тайёр мекунанд.
Бояд ба инобат гирифт, ки дар ояндаи наздик фазои динии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобастагӣ пайдо намуда, ин кишвар зимоми динро ба даст гирифта, нақши калидиро соҳиб хоҳад шуд.
Ҳарчанд ифротгароӣ хоси як давлат ё миллат нест, аммо дар ҷомеаи Тоҷикистон раванди афзоиш ва тамоюли шаҳрвандон ба ақидаҳои ифротӣ ба назар мерасад. 
Ҳисси баланди дингароӣ ва пайравии бештар ба даъватҳои мубаллиғони ифротгаро дар Тоҷикистон дар он аст, ки ҳанӯз қабл аз зуҳури дини ислом тоҷикон таҷрибаи пайравӣ аз дин доштанд, мардуми соҳибтамаддун ва шаҳрнишин буданд ва баъд аз қабули дини ислом дар рушди фарҳанги исломӣ нақши калидӣ бозиданд ва роҳи ягонаи ҳифзи ҳувиятро маҳз дар рушди дин диданд. Тоҷикон мардуми ростқавл ва зудбовар буда, вақте сухан бо истифодаи аҳкоми динӣ тақвият дода мешавад, аз рӯи эҳсосот ва боварӣ муносибат мекунанд ва таҷрибаи таҳқиқ ва таҳлили хеле заиф доранд. Ҳатто масъалаҳое, ки уламои ҳанафимазҳаби кишварҳои дигар барои мутобиқ кардани арзишҳои динӣ ба низоми давлатдорӣ мавриди таҳдиди назар қарор медиҳанд, мардуми тоҷик ин амалро ба тарс ва эҳсоси заиф гардидани мақоми дин қабул мекунанд.
Бинобар ин, сатҳи дингароӣ ва таассуб дар байни тоҷикон нисбат ба миллатҳои ҳамсоя, ки қаблан кӯчманчӣ буда, шакли зиндагии қабилавӣ доштанд, бештар зоҳир мегардад.
Дар ин маврид омилҳои пайдоиш ва паҳншавии ифротгароиро дар кишвар ва роҳҳои пешгирии онро баррасӣ хоҳем кард:
А). Эҳёи арзишҳои динӣ баъди суқути занҷири давлати Шӯравӣ ва ворид гардидани таҷрибаи таъсис ва истифодаи ислом дар муноқишаҳои сиёсӣ ва табадуллотҳои давлатӣ; 
Б). Ҷавобгӯ набудани таълимоти исломи анъанавӣ ва ҳавзаи илмии минтақа ба муқовимат бо исломи сиёсӣ ва ҷараёнҳои хусусияти ифротидошта;
В). Манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ ва исломӣ дар сиёсисозии дин дар кишварҳои мусулмоннишини Осиёи Марказӣ ҳамчун як ҳолати кам кардани таъсири кишварҳои абарқудрат дар минтақа ва аз роҳи дин таъсир гузоштан дар раванди сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа;
Г). Дастрасӣ ба адабиёти ифротӣ дар шабакањои иҷтимоӣ ва набудани таҷрибаи тарғиботи ғояҳои мазҳабӣ ва барномаҳои комили ватанӣ ҷиҳати ҳифз намудани исломи анъанавӣ дар кишвар ҳамчун омили суботи ҷомеа. Имрӯзҳо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии худ шаҳрвандон ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд, ки дар натиҷа таҳти таблиғоти андешаҳои мубаллиғони ифротӣ қарор мегиранд. Ҳарчанд на ҳамаи шаҳрвандон бо ин ҳадаф вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мегарданд.
Д). Таъсири таблиғоти густурдаи мубаллиғони ифротгаро, хусусан даъватгарони афғонтабор, мубаллиғони тоҷики салафӣ дар шабакаи интернет;
Е). Таблиғоти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ;
Ё). Таълимоти ғайриқонунии динӣ, таълими шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, бозпас гаштани онҳо ба ватан ва таъсири онҳо ба фазои динӣ-мазҳабии кишвар - пайдоиши заминаи муноқишаҳои мазҳабӣ, ҳисси бадбинӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ;
Ж). Муқобилгузории сунъии арзишҳои миллӣ ва динӣ. Таҳияи нодурусти барномаҳои идеологӣ дар айни замон бознигарӣ мехоҳад. Зеро ба таври сунъӣ муқобил гузоштани арзишҳои миллӣ бо динӣ дар кишвар бо аксарияти аҳолиаш мусулмон дар замони муосир ба манфиати пояндагиии давлати миллӣ нахоҳад буд.
З). Давраи нави баъдисекулорӣ таҷрибаи нави ҳамгироӣ ва ҳамкории давлат ва динро рӯи кор овардааст. Зеро мақом ва нақши динро нодида гирифтан ба манфиати кор нест. Баръакс, дар айни замон давлатҳо имкониятҳои минбарҳои диниро мақсаднок барои таҳкими низоми давлатдорӣ истифода мебаранд.
И). Ба таври зиёд нишон додани ҳолатҳои гароиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ агар аз як тараф натиҷаи кори баъзе ниҳодҳои давлатӣ бошад, вале дар умум дар мақоми кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Аз ин рӯ, масъалаи мазкурро бояд таҳдиди назар кард;
К). Дар сатҳи зарурӣ татбиқ нагардидани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар. Дар таҷрибаи кунунӣ бояд талаботи конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асл қарор дода шуда, дар муқобили ҳамагуна ҷинояткорӣ бояд қонун татбиқ карда шавад ва ҷиноятро аз доираи муборизаи идеологӣ ҳамчун дин берун карда, таҳти назорат ва ҷазои қатъии қонун бояд гузошт ;
Инчунин, ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шомил мешаванд. Ҳарчанд намояндагони вазорату идораҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоту вохӯриҳо баргузор намоянд ҳам, чунин вохӯриҳо самараи дилхоҳ намедиҳанд. Бинобар ин, дар чунин чорабиниҳо ҷалб намудани мутахассисони касбӣ - исломшиносон, ходимони маъруфи мазҳабӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.
Дар аксар масҷидҳои Федератсияи Россия, ки бештари намозхононашон тоҷикон мебошанд, имомхатиб ва ноиби ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад. Пешниҳод карда мешавад, ки идораҳои дахлдор бо имомхатибони масҷидҳои минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия робита барқарор намуда, мавъизаҳои намунавиро дастраси онҳо намоянд, то ин ки мазмуну муҳтавои мавъизаҳои фарогири масъалаҳои тарғибкунандаи ҳувияти миллӣ, таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ ба давлатдории миллӣ ва ғайра пайваста ба самъи намозгузорон расонида шавад.
Дар мулоқоту вохӯриҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, бештар фаъолони ҷомеа иштирок намуда, гурӯҳҳои осебпазир фаро гирифта намешаванд. Вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ба роҳ мондани мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ аз рӯи усули деҳа ба деҳа, маҳалла ба маҳалла самараи бештар хоҳад дод.
 
 
Абдураҳмон  Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
Яндекс.Метрика