Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ (? -1399) — ориф ва сӯфии форс-тоҷик, яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия, муриди Баҳовиддини Нақшбанд -дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарёи Узбекистон мебошад. Муҳаммад ибни Муҳаммад Алоуддини Бухорӣ аслан аз Хоразм мебошад.

Падараш Хоҷа Муҳаммад соҳиби се фарзанд буд: Хоҷа Шиҳобуддин, Хоҷа Муборак ва Хоҷа Алоуддин. Хоҷа Алоуддин баъд аз вафоти падар ҳақи меросияшро ба бародаронаш гузошт. Шайх Муҳаммад барои таҳсили илм ва касби фазоили маънавӣ роҳии Бухоро шуд ва ба хидмат Баҳоуддини Нақшбанд расид ва дар силки муридони ӯ қарор гирифт, то онҷо, ки ёр ва мусоҳиб пири худ гашт ва баъд аз ӯ ҷонишини устод шуд ва симмати иршод ёфт.

Хоҷа Алоуддин Аттор 20 раҷаби соли 802 ҳиҷрӣ (1400 мелодӣ) шаби чоршанбе баъд аз намози хуфтан аз олам даргузашт. Қабри эшон дар шаҳри Данов, вилояти Сурхондарёи кишвари Узбекистон ҷойгир аст.

Афсар Сармад

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика