ПАЁМАДҲОИ ҲАРАКАТИ БОСМАЧИГАРӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ТАШКИЛОТҲОИ ИФРОТӢ

Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад. 
 
Чун Худованди тавоно Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мабъус сохт ва аҳли оламро бо нури ислом мунаввар гардонид, иддае изҳори норозигӣ карданд ва роҳи тафриқа, бадбинӣ ва душманиро пеша намуданд.
 
Чун Расули акрам (с) аз кӯҳи Абӯқубайс нидои «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро танинандоз намуд, Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб ва амсоли онҳо ошкоро ба душманӣ бархостанд ва мардумро зидди Паёмбар (с) мешӯрониданд.
 
Суханҳои таҳқиромез, ташкили гурӯҳи бадхоҳон, дар роҳи Паёмбар (с) хорафканиву азиятрасонӣ, азобу шиканҷа нисбати мусулмонони камбағал ва бенуфуз, рехтани хуни мусулмонони аввалин – камтарин паёмадҳоест, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ ба вуқуъ пайвастанд.
 
Гурӯҳи бадхоҳон қасд карданд, ки баъд аз вафоти Абӯтолиб ба куштори Паёмбар (с) иқдом кунанд, аммо Худованди нигаҳбон Ҳабиби худро танҳо нагузошт, дар ҳифзу ҳимояи Худ нигаҳ дошт – чун дар ғори Савр ба дӯсти худ Абӯбакри Сиддиқ гуфт: «Ло таҳзан инналлоҳа маъано», яъне маҳзун мабош, Худо ҳамроҳи мост!
 
Дар натиҷаи тафриқаандозӣ мусулмонон маҷбур буданд, ки ватани худро тарк намуда, ба Ҳабаша ва сипас ба Ясриб ҳиҷрат кунанд. Аммо дар Мадинаи мунаввара низ бадбинон вуҷуд доштанд, чунонки мегӯянд: «Ли кулли қавмин ҳод ва ли кулли Мусо Фиръавн» - ҳар қавмеро роҳнамоест ва ҳар Мӯсоро Фиръавне!
 
Қаҳрамони навбатии мо Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул аст, ки бо қудуми аввалини Паёмбар (с) ба Мадинаи мунаввара дар пайи эҷоди тафриқа ва иғво буд, ҳамеша мекӯшид мардумро муқобили Паёмбар (с) барангезад, мекӯшид ҳаммаслак ва ҳамақидаҳои худро пайдо созад, бахусус дар баъзе масоил аз ноогоҳии мардум моҳирона истифода мебурд:
Мегӯянд: «Агар ба Мадина бозрасем, албатта, бузургтар хортарро аз Мадина берун кунад» (Сураи Мунофиқун, ояти 8).
Яъне, мунофиқон дар ғазвае одамонро даъват мекарданд, ки биёед чун ба Мадина баргардем мардуми хортар, яъне муҳоҷиронро аз Мадина берун кунем!
Мисоли дигар - тафриқа, иғво ва паймоншикании қабилаҳои Бани Қурайза ва Қайнуқоъ дар ғазваи Аҳзоб (Хандақ) мебошад, ки метавонист сафи мусулмононро барҳам занад ва номи исломро аз рӯи замин барканад.
 
Баъд аз вафоти Расули Худо (с) аксари мунофиқон аз ислом риддат карданд ва чандин ашхоси дурӯғин худро паёмбар эълон намуданд, ки намоёнтарини онҳо Мусайлимаи каззоб мебошад. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни мусулмонон ва пайравони Мусайлима дар «Ҳадиқату-л-вард» (Боғи гулҳо, гулистон) ҳазорон нафар кушта шуда, боғи гулҳо ба «Ҳадиқату-л- мавт» - боғи марг табдил ёфт.
 
Куштори Усмон ибни Аффон, зоҳир шудани гурӯҳи хавориҷ, муҳорибаҳои Ҷамалу Сиффин, дасисабозиҳо дар аҳди Умавиён ва Аббосиён – метавон чандин мисолҳои дигарро овард, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ, ҷудо шудани мусулмонон ба гурӯҳу равияҳои гуногун ҳазорон хуни ноҳақ рехта шудааст.
 
Ҳамин тариқ, дар ибтидои асри ХХ ҳаракати босмичигарӣ зуҳур намуд. Босмачиён – ҳамон авбошоне буданд, ки таҳти шиорҳои динӣ мардуми осоиштаро талаву тороҷ намуда, хуни мусулмононро ба ноҳақ мерехтанд. Он замон пешвоёни босмачиҳо мардумро барои ҷиҳод даъват намуда, аз баъзе кишварҳо дастгирии молиявӣ дар шакли лавозимоти ҳарбӣ ва пули нақд мегирифтанд, ки номдортарин, яъне хунхортарини онҳо Иброҳимбек буд. Таърих гувоҳ аст, ки Иброҳимбекро кадом давлатҳо дастгирӣ мекарданд. 
 
Босмачиён бо оятҳои қуръонӣ, ҳадисҳои Пайғамбар (с) одамонро барои ҷиҳод бар зидди куффор даъват менамуданд, аммо дар асл моли мардумро тороҷ мекарданд, одамони бегуноҳро мекуштанд, занону духтаронашонро таҷовуз мекарданд ва ҳамаи ин корҳои ноҷоиз зери шиорҳои динӣ буд. 
 
Ин ҳаракат ва таҷрибаи бадастомада баъдтар аз ҷониби босмачиёни муосир – Ҳизби ба ном наҳзати ислом моҳирона истифода карда шуд. Дар ибтидои солҳои навадум боз ҳамон шиорҳои кӯҳна дар бораи дифоъ аз дини ислом дар либоси нав садо доданд. Воизони дар хориҷа таълимгирифта аз қабили Мулло Абдуллоҳ (баъдан бо тахаллуси Нурӣ), Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Саидашраф, Мулло Абдуғаффори «танка» ва дигарон ҳаракати босмачигариро эҳё намуда, мардуми ноогоҳро ба истилоҳ «аз хоби гарон» хезониданд (он давра Кабириро ҳеҷ кас намешинохт). 
 
Чунин «бедоршавӣ» чӣ натиҷа дод? Аввал, ҳамаи масҷидҳои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ба «штаб» табдил дода шуданд. Дар чунин ҷойҳо дигар садои азону иқомат не, балки садои азобу шиканҷаи одамони бегуноҳ шунида мешуд.
 
Мо хуб дар хотир дорем, ки Мулло Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз навори видеоӣ мардумро тарғиб мекард, ки «шумо тир кушоед, фариштаҳое ҳастанд, ки онро ба синаи куффор мезананд». Пас куффор кӣ буданд? Ба ақидаи ин босмачиёни муосир тамоми аҳолии Тоҷикистон, ки ақидаи онҳоро қабул надоштанд, кофир маҳсуб меёфтанд. 
 
Босмачиёни муосир мисли Иброҳимбек ба талаву тороҷ, куштору таҷовуз оғоз карданд. Генералҳои ба ном мардумӣ ва қумондонҳои маҳаллӣ аз Шаҳритузу Панҷ то Тавилдараву Ғарм ҳамаро тасарруф карданд. Барояшон дигар худиву бегона набуд, чашмҳоро хун тира карда буд. Аз тарси чунин босмачиён одамон ба кӯҳу дашт паноҳ мебурданд, молу маҳсулоти худро пинҳон мекарданд, чунки босмачиён ҳар бегоҳ ба қишлоқҳои гирду атроф омада, барои ҷиҳод гӯён чизу чораи мардумро ба зӯрӣ мегирифтанд, занону духтарони зеборо бо худ мебурданд. 
 
Дар ҳар ду ҳолат – ҳам ибтидои асри ХХ ва ҳам ибтидои солҳои навадум ваҳшонияти босмачигарӣ аз ҳам фарқ надошт – ба гуруҳҳо тақсим намудани мардум, истифода аз арзишҳои динӣ, қатлу куштор, талаву тороҷи моли мардум.
 
Агар ба масъала аз диди глобалӣ назар кунем, ҳамаи талошҳои ТЭТ «ҲНИ» баҳри аз байн бурдани арзишҳои дунявӣ, ба ҷуз сафсатае нест! Мақсад як аст, мегуфт идеологӣ босмачиёни асри ХХ- Муҳаммадшариф Ҳимматзода: ба даст овардани ҳокимият ва ба ин васила соҳиби вазифа шудан.
 
Истифодаи шиорҳои динӣ бошад, ин яке аз василаҳоест. Имрӯз, ки аз наҳсии ТЭТ «ҲНИ» дини ислом дар арсаи ҷаҳонӣ беқадр шудааст, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз «ислом» даст кашида, эътилофи наве созмон доданд. Наҳзатиёне, ки солҳо гӯё ҳомии ислом буданд, роҳбарашон аввалин шуда, мардуми Аврупоро бо Соли нави мелодӣ табрик кард!? Дар ҳоле, ки чанд сол қабл наҳзатиён «Бобои барфӣ»-ро дар Душанбе ба қатл расонида буданд, ки ба назари онҳо таҷлили Соли нав, Иди модарон ва амсоли инҳо бидъат ва ширк маҳсуб мешуд.
 
Чунин куллан иваз кардани назарияҳо, яъне дар ҳол аз роҳи интихобкардаи худ даст кашидани ТЭТ «ҲНИ» падидаи нав нест. Ин ҳамон наҳзат аст, ки баъди аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва ИНОТ ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бори дигар соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуда буд. Бинобар ин, қавлу амалҳои экстремистони наҳзатӣ бовариро нашояд. Ҳамчунон, ки кишварҳои Аврупо ва Амрико баъди ҳуҷуми наҳзатиён ба сайёҳони хориҷӣ ва кушта шудани шаҳрвандони онҳо, огоҳ шуданд, ки хатари чунин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ба онҳо низ таҳдид мекунад.
 
Мисоли дигар: Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» чунин ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.
Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ тӯли солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, азбаски дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.
 
Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин имкониятии наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.
 
Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд…
 
Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд.
 
Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом сӯиистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб, мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст. 
 
Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:
 
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…
 
Абдураҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
Яндекс.Метрика