Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи стратегӣ дар фарҳанги сиёсии миллат (Бардоштҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»).

Тоҷикистони азиз дар тўли 32 соли истиқлолияти давлатии худ рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида истодааст. Сол аз сол ҷумҳурии азизамон дар тамоми соҳаҳо ба дастовапрдҳои нав ба наву пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар кишвар сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор буда, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст, ки саҳми соҳибкорони саховатманди ватанӣ низ дар он назаррас мебошад.
 
 Инро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш аз таърихи 28.12.2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки бешак дурнамои рушди иқтисодии кишварамон мебошад, низ таъкид намуданд: «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».
 
Пешвои муаззами миллат густариши равобиту муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ҳасана бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, ҷойгоҳи хосса доштани ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобиларо таъкид намуда, ба: “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд...Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст”- ишора намуданд.
 
Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, вазъияти имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, ки дар заминаи манфиатҳои геополиткӣ дар кишварҳои мухталиф даргириҳои зиёде ба амал омадааст, Тоҷикистони азизи узви ҷомеаи ҷаҳонии моро низ дар канор намегузорад. Махсусан дар ду даҳсолаи ахир дар ҷаҳони муосир, бо дастгирии молиявии бархе аз давлатҳои абарқудрати манфиатҷӯ як зуҳуроти хатарзои ҷиддию номатлубе бо номи  терроризм («терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» гирифта шуда, маъноаш «тарс”, “ваҳм”, “даҳшатафканӣ” мебошад) ва экстремизм (“экстремизм” аз калимаи лотинӣ буда, маънояш “пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ” (хусусан дар сиёсат), “ифротталабӣ” ва “ифротгароӣ”  мебошад) рӯ ба арсаи ҳастӣ гузошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти хеле номатлуб барои давлату ҷомеаи мо ҳам оқибатҳои вазнин бавуҷудоваранда мебошад.
 
Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 23 декабри соли 2021, таҳти №1808 терроризм ин мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд буда, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин муайян карда мешавад: «Терроризм - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо инчунин таҳдиди содир намудани кирдорҳои зикргашта, бо мақсадҳои номбурда мебошад».
 
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз қабили пайравони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, намояндагони ТЭТ “Ҳизби наҳзати ислом”, ташкилоти байналмилалии террористии “Давлати исломӣ”, равияи экстремистии “Салафия” ва ѓайраҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ туфайли ташвиқоти худ ба эътиқоди динии бархе аз шахсони сустирода ва ноогоҳ, махсусан ҷавонон таъсири манфӣ расонда, шаҳрвандони кишварҳои гуногунро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар ин ҷода, барои расидан ба ҳадафҳои нопоку муѓризонаи хеш, бешармона даст ба таҳрифу тафсири нодурусти  оёти қуръонӣ мезананд. Худованд дар ояти 105-уми сураи “Моида” дар робита ба ин мавзӯъ фармудааст: “Эй муъминон, хештанро муҳофизат кунед; агар шумо роҳ ёфта бошед, касе, ки гумроҳ шуд, ба шумо зарар намерасонад!”. 
 
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ҷисмонию маънавӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.
 
Бо ба инобат гирифтани вазъи кунунӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
 
Аз ин лиҳоз, ҳар нафари бо ору номуси ватандўсту миллатдўстро воҷиб аст, ки дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишорашударо сармашқи кори хеш сохта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар амалӣ гардидани стратегияи давлатӣ саҳмгузор бошем. Ҷидду ҷаҳд намоем, то ин комёбиҳои ба дастомадаро муҳофизат намуда, дар ободиву сарсабзии кишвар, пешрафти илму технологияи муосир, амнияту суботи кишвар ҳиссаи назарраси хешро гузорем.  
 
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
Яндекс.Метрика