Паёми табрикии роҳбарияти Маркази исломшиносӣ ба муносибати Иди Қурбон

Фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи кормандони Маркази исломшиносӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатӣ, рўзгори орому осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳоро орзу менамоям.

Боиси ифтихор ва сарафрозист, ки Иди Қурбон мусодиф ба Рўзи Ваҳдати миллӣ омада, шаҳодат аз он медиҳад, ки мо мардуми сарбаланди ин кишвар аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободу зебо ва гул-гулшукуфоии он саъю талош намоем. Сулҳу ваҳдат ва тенҷию оромии диёрамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба қадру манзалати он расем.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, таъкид намудаанд: «Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст».

Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷанбаи маънавии он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.

Ҳабдаҳ сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои он пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ ҳангоми баргузории ҳама гуна расму ойин ва ҷашну маросим, аз ҷумла идҳои Рамазон ва Қурбон мебошад.

Воқеан ҳам, Иди саиди Қурбон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро дар худ таҷассум намуда, аҳли ҷомеаро ба амалҳои нек ҳидоят менамояд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат изҳор доштанд, ки дар арафаи идҳои миллӣ ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, ёрмандӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ҳамчун беҳтарин суннатҳои мусалмонӣ буда, дар мустаҳкам гардидани дўстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим аст.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли кормандони Маркази исломшиносӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, сиҳатию саломатӣ, ризқу рўзии фаровон, рўзгори орому осуда ва​ саодати ҷовидониро орзу менамоям.​

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамкорони азиз!

Роҳбарияти
Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика