ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ КИШВАР – ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. 
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 - сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Дар ибтидои истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Вай тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
Қадамҳои аввалини истиқлол бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор овард.
Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд.
Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.
Пас аз нисбатан ором шудани вазъият Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он дар тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор нерӯгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид. 29-уми  октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд.
Баъди заҳматҳои зиёд, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад. Ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд. 
Қабл аз ин, дар фасли зимистон баъзе минтақаҳои кишвар аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Айни ҳол, ин мушкилӣ бартараф шуда, баъди пурра ба кор даромадани НБО-и Роғун, Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шуда, ба Ӯзбекистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва ба дигар давлатҳои минтақа барқ содир мекунад. 
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.
Шумо боре ба гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон назар кунед, ки чи гуна ободу зебо гаштаанд. Бунёди ҳайкали аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна, соли ҷорӣ ифтитоҳ гардидани биноҳои боҳашамати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд. Тибқи омор фақат дар нуҳ моҳи соли 2024 беш аз шашсад ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз кишвари ободи мо дидан карданд. 
Обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сарҳанги кишварҳои бонуфуз қарор додааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар гусаста гарданд. Сафарҳои президентҳои ин ду кишвар боис гаштанд, ки сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан кунанд, хешу таборони аз ҳам ҷудо, бори дигар ба ҳам пайвастанд. Бешак, барқарор гаштани муносибатҳо бо кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медиҳад, зеро Сарвари давлат тавонистанд кори амалинашавандаро амалӣ созанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500- солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500 - солагии Хуҷанд, 2700- солагии шаҳри Кӯлоб, 700- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом – Имоми Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.
Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи «Наврӯз», «Меҳргон», Рӯзи «Шашмақом», «Рӯзи фалак», «Рӯзи китоб», «Рӯзи Парчами миллӣ», «Рӯзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои Миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Дар даврони истиқлол Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод - аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қурони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 230 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.
Пешвои миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Айни ҳол масҷиди бузурги Душанбе ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуда, аз ҷиҳати санъати меъморӣ дар ҷаҳон назир надорад. 
Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамасола ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода мешаванд.
Аммо бузургтарин хизмати Пешвои миллат ба дини ислом ин пок намудани номи дин ва мусулмонон аз тамғаи терроризм мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрӯз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад. Чунин хизматҳо буданд, ки дарҳои Хонаи Каъба ҳамеша ба рӯйи Пешвои миллати мо кушодаанд!
Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».
Дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 - 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. 
Бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, баҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд. Яъне, онҳо пеш аз ҳама, ба истиқлоли давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.
Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
Дар дунё чандин миллатҳое арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон миллионҳо буда, дар орзуи давлату давлатдорӣ мебошанд, барои расидан ба ин омол азму талош мекунанд, ҳазорон нафарашон фидо шудаанд, аммо ватану давлат надоранд. Аз ин рӯ, мо бояд шукр кунем, ки Худованд ба мо чунин Ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ато намудааст, ки биҳишти рӯйи замин мебошад. Бояд ба қадри Пешвои миллат, Ватану давлати худ бирасем ва ҳама чун як тан дар ободонии он заҳмат кашем. 
 
Абдураҳмон Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ
 
Яндекс.Метрика